Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии СҲШ ҷараён дорад

Октябрь 9, 2018 09:45

ДУШАНБЕ,  09.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. 8 октябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба кори худ шурӯъ намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҷонибҳо масоили вобаста ба ҷанбаҳои гуногуни фаъолияти Созмон, аз ҷумла масъалаҳо ва лоиҳаи ҳуҷҷатҳои бисёрҷонибаро ҷиҳати омодагӣ ба ҷаласаи дарпешистодаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои (сарвазирони) кишварҳои аъзои СҲШ  баррасӣ  менамоянд.

Ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои (сарвазирони) кишварҳои аъзои СҲШ 11-12 октябр дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии кишварҳои аъзои СҲШ то 10 октябри соли 2018 кори худро идома медиҳад.

Октябрь 9, 2018 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд