Дар Душанбе ҷаласаи VI Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи илми бунёдии кишварҳои узви ИДМ баргузор мегардад

Октябрь 12, 2018 08:14

ДУШАНБЕ, 12.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 12 октябр дар шаҳри Душанбе бори аввал ҷаласаи VI Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи илми бунёдии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад. Имсол раёсати Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи илмҳои бунёдии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳда дорад.

Тавре аз Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷаласа намояндагони Кумитаи иҷроияи ИДМ, ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Федератсияи Россия иштирок менамоянд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба илми бунёдии кишварҳои аъзои ИДМ, лоиҳаи Созишнома дар бораи ҳамоҳангии муносибатҳои байнидавлатӣ дар самти тадқиқоти бунёдии кишварҳои аъзои ИДМ, лоиҳаи Шартнома дар бораи таъсиси фонди байнидавлатии илмию тадқиқотии кишварҳои аъзои ИДМ, лоиҳаҳои  илмии ояндадоре, ки ба самтҳои афзалиятноки тадқиқоти бунёдии кишварҳои узви ИДМ мувофиқанд, мавриди баррасии иштирокдорон қарор мегиранд.

Интизор меравад, ки дар ҷаласа ба яке аз муассисаҳои кишварҳои иштирокчии ИДМ мақоми ташкилоти заминавӣ дар самти илми бунёдӣ дода шавад.

Баъди баррасии 12 масъалаи рӯзномаи ҷаласа ба имзорасии қарорҳои дахлдор низ дар назар дошта шудааст.

Мавриди зикр аст, ки ҷаласаи V Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи илми бунёдии кишварҳои узви ИДМ соли 2017 дар Ҷумҳурии Қазоқистон доир гардида буд. Дар он барои соли 2018 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардидани ҷаласаи VI Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи илми бунёдии кишварҳои узви ИДМ қарор қабул гардид.

Ба иттилои манбаъ, баъди анҷоми кори ҷаласа намояндагони кишварҳои ИДМ аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии кишвар боздид ба амал меоранд.

Октябрь 12, 2018 08:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили ҳуқуқӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо муовини Котиби кулли Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ мулоқот намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон дар шимолу ғарби Русия вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Ленингради Русия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Русия бо ҷавонон ва донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург мулоқот намуд
Дар Женева дурнамо ва рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори Санкт – Петербург мулоқот намуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Сомонаи расмии Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» фаъол гардид
Барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бақайдгирӣ оғоз ёфт
Дар Қоҳира ҳамкорӣ байни ширкатҳои Тоҷикистону Миср баррасӣ гардид
Дар Душанбе Ҷаласаи навбатии Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои узви СҲШ доир мегардад
Сафири Тоҷикистон бо муовини якуми Раиси Бонки марказии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд