Дар Душанбе дурнамои ҳамкории судманди Тоҷикистону Ӯзбекистон баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 05.10.2018/АМИТ «Ховар»/. Тавсеаи робитаҳои дӯстона ва дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар зарфи ду соли охир на танҳо ба самти таҳкими ҳамкории ду кишвар, балки дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҳам таъсири мусбат расонидааст. Ин матлаб дар ҳамоише, ки имрӯз дар Душанбе дар мавзӯи «Дурнамои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба ва мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Ӯзбекистон» доир шуд, баён гардид.
Бино ба иттилои хабарнигори АМИТ «Ховар», дар ҳамоиш кормандони масъули Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз созмондиҳандагони ин ҳамоиш аст, инчунин намояндагони Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, намояндагони вазорату идораҳои марбутаи Тоҷикистон ва коршиносону олимон иштирок намуданд.
Дар ҳамоиш кормандони масъули Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Баҳром Сотиболдиев ва Азиз Солеҳов роҷеъ ба ҳамкории афзалиятноки Тоҷикистону Ӯзбекистон ибрози назар карданд.
Зикр шуд, ки маҳз бо талошҳо, иродаи сиёсӣ, дурандешию хирадмандии Сарварони ду кишвари дӯсту бародар — Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду давлат дар тамоми самтҳо густариш меёбанд. Сафарҳои давлатии Сарони ҳар ду кишвар ба давлатҳои ҳамдигар моҳҳои март ва
августи соли равон дар самти тавсеаи ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистон марҳилаи нави таърихӣ боз кард, ки он дар саҳифаҳои таърихи муосири ҳар ду давлат бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад гардид.
Дар доираи сафарҳои давлатии сарварони Тоҷикистону Ӯзбекистон ба кишварҳои ҳамдигар беш аз 50 санади байнидавлатӣ ба имзо расонида шуд, ки дар тақвияти ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, илмию фарҳангии ду мамлакат нақши муассир мегузоранд. Хусусан ба имзо расидани Шартномаи шарикии стратегии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба баланд гардидани сатҳи ҳамкории ду ҳамсоякишвар дар минтақа мусоидат менамояд.
Таъкид шуд, ки ифтитоҳи беш аз 10 гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва ҷорӣ намудани сафари шаҳрвандони ду давлат ба кишварҳои ҳамдигар дар зарфи як моҳ бидуни раводид ба тақвияти ҳамкории коммуникатсионӣ, рушди тиҷорат, омаду рафти шаҳрвандони ҳар ду давлат ба кишварҳои ҳамдигар мусоидат намуд. Дар ин замина байни шаҳрҳои Хуҷанд-Тошканд, Панҷакент-Самарқанд, Душанбе-Деҳнав, Душанбе –Тирмиз хатсайрҳои нақлиётӣ барқарор гардидаанд, ки барои сафари мусофирон тавассути автобусҳои бароҳат ба шаҳрҳои ҳар ду давлат мусоидат менамоянд. Гардиши мол ҳамзамон дар шаш моҳи соли равон байни ду давлат нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 35 фоиз афзудааст ва ҳар ду кишвар тасмим доранд, ки мубодилаи молро бо дарназарошти истифодаи имконоту захираҳои мавҷуда дар оянда то 1 миллиард доллар расонанд.
Ҳамзамон дар нишаст таъкид шуд, ки чанде қабл дар Душанбе бо ҳузури Президентҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ба истифода додани боғи «Низомидин Алишер Навоӣ» ва бардоштани парда аз рӯи муҷассамаи шоирони адабиёти классикии тоҷику ӯзбек Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Низомиддин Алишер Навоӣ шаҳодати тавсеаи дӯстиву рафоқат ва рушди ҳамкории илмию фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон мебошад.
Иштирокдорони ҳамоиш доир ба дигар паҳлуҳои тақвияти ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Ӯзбекистон- иқтисодию тиҷоратӣ, илмию фарҳангӣ, амнияти минтақа бо назардошти хатарҳои ҷаҳони муосир ибрози назар намуда, пешниҳодоти судманд баён карданд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»











Сафири Тоҷикистон бо Вазири сайёҳӣ ва осори бостонии Миср мулоқот намуд
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон ва FAO баррасӣ гардид
«Барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қазоқистон барои солҳои 2026–2028» ба имзо расид
Котиби кулли Конвенсияи Рамсар ба Конфронси 4-уми оби Душанбе даъват шуд
Дар Анқара масъалаи баргузории чорабиниҳои фарҳангию илмӣ барои соли 2026 дар Тоҷикистон ва Туркия баррасӣ гардид
Шараф Шерализода бо Роҳбари Дафтари Федералӣ оид ба кишоварзӣ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли идораи амвол ва биноҳои Вазорати корҳои хориҷии Эрон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар мулоқоти Сергей Лавров бо раисони кумитаҳои парламентҳои давлатҳои аъзои СААД иштирок намуд
Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот намуд
Ширкати австриягии «Andritz Hydro GmbH» барои густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон изҳори омодагӣ кард
Дар Душанбе дурнамои рушди муносибатҳо байни Тоҷикистону Қазоқистон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Австрия мулоқот намуд






