Дар Душанбе конфронси ҷумҳуриявии «Ҳунарҳои мардумӣ: эҳё, ҳолат, рушд ва дурнамо» доир мегардад
ДУШАНБЕ, 29.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 31 октябри соли равон дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Ҳунарҳои мардумӣ: эҳё, ҳолат, рушд ва дурнамо» баргузор мегардад.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар конфронс масъалаҳои гуногуни вобаста ба мавзӯъ, аз ҷумла «Ҳунарҳои мардумӣ -тарғибгари фарҳанги миллӣ», «Ҳунарҳои мардумӣ ва рушди сайёҳӣ» ва «Наққошии миллии тоҷикӣ ва раванди инкишофи он» баррасӣ мегарданд.
Дар конфронс роҳбарият ва намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон, Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, Осорхонаи миллӣ, Кумитаи кор бо занон ва оила, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, инчунин донишгоҳҳои олӣ ва осорхонаҳо иштирок мекунанд.








РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад






