Дар Душанбе масъалаҳои ҳамкории муштараки милитсияи Тоҷикистону Россия баррасӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 17.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии мушовираи якҷояи вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия баргузор гардид.
Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дода, зикр намуданд, ки дар он Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода, Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия, генерали политсия Владимир Колоколтсев ва аъзои ҳайатҳои ду ҷониб иштирок намуданд.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа масъалаҳои таҳким бахшидани ҳамкорӣ байни ҳарду вазорат дар самти кофтукови ҷинояткороне, ки аз тафтишот ва суд пинҳон шудаанд, инчунин мукаммал намудани ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Рамазон Раҳимзода ҷаласаро ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки ҳамкории мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия рӯз аз рӯз тақвият ёфта, дар доираи ҷаласаи мушовираи якҷоя боз ҳам рушду такомул меёбанд.
Зимни ҷаласа масъулини ду ҷониб оид ба ҳалли масъалаҳо дар самти кофтукови ҷинояткорони дар ҷустуҷӯ қарордошта таклифу пешниҳоди судманд баён дошта, ҷиҳати ҳалли масъалаҳо дар самти муҳоҷират мубодилаи афкор намуданд.
Рамазон Раҳимзода ва Владимир Колоколсев Нақшаи кории вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россияро дар соли 2019 тасдиқ ва дар доираи мушовираи якҷояи вазоратҳо қарори дахлдор қабул намуданд.
Ёдовар мешавем, ки мақсад аз баргузор намудани мушовираи якҷояи вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Россия васеътар баррасӣ намудани масъалаҳои муҳим, ташкил намудани ҳамкории муштарак дар мубориза бо ҷинояткорӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, муайян намудани самтҳои рушди ҳамкории дуҷониба, инчунин андешидани чораҳои амалӣ дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар ҳудуди ҳарду давлат мебошад.








Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






