Дар Душанбе машваратҳои 7-уми сиёсии дуҷониба миёни Тоҷикистону Амрико баргузор гардиданд
ДУШАНБЕ, 24.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. 23 октябри соли 2018 машваратҳои сиёсии дуҷониба миёни Ҷумҳурии Тоҷикистону Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таҳти роҳбарии муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Хусейнзода ва муовини Ёвари Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ хонум Эмилиа Пума баргузор гардиданд. Машваратҳои сиёсӣ дар қолаби васеъ бо иштироки намояндагони мақомоти мухталифи давлатӣ доир гардиданд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни машваратҳо тарафҳо масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, аз ҷумла густариши ҳамкории иқтисодию сиёсӣ, таҳкими амният, мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар масъалаҳои эҳтимоми муштаракро матраҳ намуданд.
Машваратҳо дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум баргузор гардиданд.








Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид






