Дар шаҳри Доҳаи Давлати Қатар намоиши аксҳои Шуҳрат Ёров ифтитоҳ гардид

Октябрь 8, 2018 16:20

ДУШАНБЕ, 08.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дирӯз, 7  октябри соли 2018 дар пойтахти Давлати Қатар-шаҳри  Доҳа  намоиши аксҳои рассоми тоҷик Шуҳрат Ёров ифтитоҳ гардид. Меҳмонон аз маҳсули эҷодии аксбардор дидан намуда, иқрор гардиданд, ки Тоҷикистон воқеан кишвари сайёҳӣ мебошад.

Ҳадафи намоишро аксбардори тоҷик ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар таҳкими бештари робитаҳои фарҳангии ду давлат ва муаррифии санъату ҳунари халқи тоҷик ба мардуми Қатар маънидод намуд. «Соли 2018 дар қаламрави мамлакат бо ибтикори  Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидааст. Рӯ овардан ба ин масъала талабот ва тақозои замон аст. Тоҷикистони мо дорои имкониятҳои зиёди сайёҳӣ мебошад, ки дар баробари сокинони кишварҳои хориҷӣ шаҳрвандони Давлати Қатар ҳам ба онҳо таваҷҷуҳи зиёд доранд. Ба намоиш гузоштани манзараҳои нотакрори кишвар, аз ҷумла маконҳои таърихиву фарҳангӣ ва ҳунарҳои дастии мардумӣ барои таблиғи имкониятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон шароит фароҳам меоварад»,- гуфт Шуҳрат Ёров.

Дар маросими ифтитоҳи намоиш намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар, намояндагони корпусҳои дипломатӣ, аҳли фарҳанг ва сокинони шаҳри Доҳа иштирок намуданд. Дар зиёда аз 80 акс ҳунарҳои мардумии минтақаҳои Тоҷикистон, имкониятҳои сайёҳӣ, либосҳои миллӣ, симои зебои зани тоҷик, пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе, ҷойҳои таърихиву фарҳангии кишвар ва табиати зебои Тоҷикистон ба маъраз гузошта шуданд.

Аксҳои ба намоиш пешниҳодшуда бори дигар собит сохтанд, ки Тоҷикистон кишвари сайёҳист ва табиати дилфиреб, гулу буттаҳои диққатҷалбкунанда, гиёҳҳои шифобахш ва обҳои мусаффои он дили садҳо нафар сайёҳонро ба худ ҷалб мекунанд.

Октябрь 8, 2018 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад