ДИҚҚАТ, МУЗОЯДА! Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аломати сабти давлатии силсилаи «JJ»-01 ва «DD»-07 ба фурӯш мегузорад
ДУШАНБЕ, 24.10.2018./АМИт «Ховар»/. 3 ноябри соли равон дар толори Раёсати Бозрасии автомобили Вазорати корҳои дохилдии Ҷумҳурии Тоҷикистон (РБДА ВКД ҶТ) бо мақсади ба фурӯш гузоштани рақамҳои давлатии «зебо» музояда баргузор мегардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз ВКД ҶТ хабар доданд.
«Ба таваҷҷуҳи соҳибони воситаҳои нақлиёт расонида мешавад, ки дар торихи 3 ноябри соли 2018 аломати сабти давлатии силсилаи «JJ»-01 ва «DD»-07 ба таври музояда фурӯхта мешаванд», — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.
Музояда аз соати 10:00 дар толори Раёсати БДА оғоз мешавад.
«Нархи як лот 630 сомонӣ аст», — омадааст дар иттилоия.
Манбаъ меафзояд, ки хоҳишмандон бояд нусхаи шиносномаи миллӣ, рақами мушаххаси андозсупоранда ва нусхаи ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунанда ба воситаи нақлиётро бо худ дошта бошанд.
Акси рақамҳои «зебо» дар сомонаи ВКД ҶТ нашр шудааст.
Хотиррасон менамоем, ки қаблан БДА аломатҳои сабти давлатии силсилаи «ВВ» — 07 ва «ЕМ» — 01 —ро ба фурӯш гузошта буд.










«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






