Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе — 2018 дар «Китобхонаи миллӣ» дар шаш панели алоҳида идома ёфт

Октябрь 15, 2018 17:00

ДУШАНБЕ, 15.10.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Тавре қаблан иттилоъ дода будем, имрӯз, 15 октябри соли 2018 дар Муассисаи давлатии «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе ба ифтихори таҷлили чорумин солгарди ҷашни «Рӯзи соҳибкорон» таҳти сарпарастии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе — 2018 таҳти унвони «Рушди соҳибкорию сармоягузорӣ  ва равандҳои муосири иқтисодӣ» баргузор гардид.

Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе — 2018 таҳти унвони «Рушди соҳибкорию сармоягузорӣ  ва равандҳои муосири иқтисодӣ» баъд аз нимаи рӯз кори худро дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар шаш панели алоҳида идома дод.

Дар панелҳо дар мавзӯъҳои «Баланд бардоштани рақобат дар соҳибкорӣ бо истифодаи технологияи муосир: «Старт-ап»-ҳо («Start-up») ҳамчун роҳи нави рушди соҳибкорӣ дар байни ҷавонон», «Дурнамои рушди сайёҳӣ дар шароити муосир ва масъалаҳои ҳунармандӣ», «Молия ва нақши низоми бонкӣ дар рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ: вазъи кунунӣ ва дурнамо», «Рушди соҳибкории инноватсионӣ дар бахши саноат: дурнамо ва имкониятҳои ҳамкорӣ», «Рушди соҳибкории инноватсионӣ дар бахши кишоварзӣ: дурнамо ва имкониятҳои ҳамкорӣ» ва «Сармоягузорӣ ба навовариҳо барои рушди инфрасохтор» байни соҳибкорону сармоягузорон мубодилаи афкор сурат гирифт.

Дар форум намояндагони марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалии молиявӣ, шарикони рушд, соҳибкорони бурунмарзӣ сармоягузорони ватаниву хориҷӣ, намояндагони ширкатҳо ва коршиносон иштирок доштанд. Дар доираи чорабинӣ суҳбату вохӯриҳои соҳибкорону сармоягузорони ватанию хориҷӣ, роҳбарияти вазорату идораҳо ва дигар мақомоти давлатӣ дар шакли «Соҳибкор бо соҳибкор» (B2B) баргузор гардида, масъалаҳои тиҷоратӣ матраҳ карда шуданд.

Дар назар аст, ки пас аз анҷоми Форум созишномаҳо ва шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шаванд.

Мавриди зикр аст, ки Форуми байналмилалии соҳибкорӣ дар Тоҷикистон ҳамасола баргузор гардида, он сармоягузорону соҳибкорони зиёдро аз тамоми гӯшаю канори олам ба ҳам меорад ва дар рушду тавсеаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, муаррифии шоистаи молу маҳсулоти ватанӣ дар бозори ҷаҳонӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар заминаи мустаҳкам мегузорад.

 

Октябрь 15, 2018 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд