Ҳиндушиноси тоҷик: «Муштаракоти фарҳангии Тоҷикистону Ҳиндустон аз қаъри асрҳо об хӯрдаанд»

Октябрь 8, 2018 13:15

ДУШАНБЕ, 08.10.2018/АМИТ «Ховар»/. Мардумони тоҷику ҳиндро аз қадимулайём муштаракоти илмию фарҳангӣ бо ҳам мепайванданд, зеро фарҳанги тоҷикону ҳиндуҳо ба якдигар қаробати зиёд дорад. Ин матлабро яке аз ҳиндушиносони шинохтаи тоҷик, раиси Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Ҳиндустон, профессор Ҳабибулло Раҷабов зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» дар рӯзҳои сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Шри Рам Натх Ковинд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 7 то 9 октябри соли равон сурат мегирад, баён дошт.

Мавсуф афзуд, ки вақте Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурӣ таъсис ёфт, Сарвари  ҳамонвақтаи Иттиҳоди Шӯравӣ Иосиф Сталин гуфта буд, ки «дар Осиёи Марказӣ як ҷумҳурие ташкил карда шуд, ки ба Ҳиндустон қаробат дорад». Ин ҳамон қаробати фарҳангӣ буд, ки аз қаъри  асрҳо сарчашма мегирад.

Ба андешаи донишманди тоҷик, тӯли чандин асрҳо,  хусусан  дар асрҳои миёна дар Ҳиндустон забони тоҷикӣ-форсӣ ба ҳайси забони расмӣ- давлатӣ  истифода мегардид ва тамоми санадҳои давлатӣ ва коргузорӣ бо ин забон омода ва паҳн мешуданд. Ҳамзамон дар  сарзамини шоирпарвари Ҳинд садҳо нафар нобиғаҳои бузурги илму адаби тоҷик, мутафаккирони барҷаста, шоирон   ва дигар суханварони бузург, ки бархе аз онҳо аз Осиёи Марказӣ ба сарзамини Ҳинд ҳиҷрат намуда буданд, бо забони тоҷикӣ-форсӣ эҷод мекарданд, ба камол расида, дар ташаккули  фарҳанг ва тамаддуни милати тоҷик саҳми бориз гузоштаанд.  Суханварони бузурги адабиёти классикии тоҷик  Мирзоабдулқодири  Бедил,  Амир Хусрави Деҳлавӣ, Зебуннисо аз зумраи нобиғаҳои бузурги адабиёти классикии тоҷику форс маҳсуб меёбанд, ки дар сарзамини Ҳинд зиндагӣ  ва эҷод намуда, аз худ осори арзишманд мерос гузоштаанд. Он дар ганҷинаи тамаддуни тоҷикон ҷойгоҳи шоиста дорад.

Бо соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории гуногунсоҳа, хусусан илмию фарҳангӣ бо ин кишвари бузурги осиёӣ-Ҳиндустон беш аз пеш густариш ёфт.

Мусаллам аст, ки дар  Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  кафедраи филологияи ҳинд фаъолият менамояд, ки дар он забон, таърих, адабиёт,  фолклор  ва ҷуғрофияи Ҳинд ба донишҷӯён омӯзонида мешавад. Дар назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Китобхонаи илмии марказии ба номи Индира Гандӣ  ва боз чандин марказу муассисаҳои илмию фарҳангӣ дар Тоҷикистон фаъолият менамоянд, ки нақши онҳо дар тарғиби забон ва фарҳанги тоҷику ҳинд ва тавсеаи робитаҳои неки илмию фарҳангии Тоҷикистону Ҳиндустон калон аст. Хусусан дар самти тақвияти робитаҳои дӯстонаю фарҳангии Тоҷикистону Ҳиндустон фаъолияти Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Ҳиндустон  саҳми бориз мегузорад. Профессор Ҳабибулло Раҷабов, ки раисии Анҷумани фарҳангии Тоҷикистону Ҳиндустонро сарварӣ менамояд, мегӯяд, ки “Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Ҳиндустон яке аз аввалин анҷуманҳоест, ки дар Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Он тибқи нақшаи муайяни корӣ фаъолият намуда, тарғиби илму фарҳанги Тоҷикистону Ҳиндустон  дар сарзаминҳои ҳамдигар рисолати асосии ин ҷамъият мебошад. Дар доираи робитаҳои илмию фарҳангӣ ҳамасола ҳайатҳои олимону донишмандони тоҷик дар ҳамоишу конфронсҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ки дар Тоҷикистону Ҳиндустон баргузор мегарданд, иштирок намуда, ҳамкории илмию фарҳангии ду кишварро тақвият мебахшанд.

Дар посух ба ин савол, ки оё дар самти робитаҳои илмию фарҳангии  Тоҷикистону Ҳиндустон имконоти истифоданашуда вуҷуд доранд, ҳиндушиноси тоҷик гуфт, ки  дар китобхонаю осорхонаҳои Ҳинд адабиёти зиёд ба забони тоҷикӣ вуҷуд доранд. Олимони тоҷик имкон доранд  дар доираи ҳамкории илмӣ ба кишвари Ҳинд сафар намуда, ин адабиётро омӯзанд ва ё шакли электрониашро дастрас намоянд. Омӯзиши адабиёте, ки дар китобхонаҳои Ҳинд бо забони тоҷикӣ мавҷуданд, барои рушди ояндаи илму фарҳанги миллати мо аз аҳамияти бузург бархурдор аст.

Ҳиндушиноси тоҷик афзуд, ки сафари Президенти Ҳиндустон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои афзалиятноки ҳамкории  иқтисодию тиҷоратӣ, илмию фарҳангии ду кишвар нақши муассир хоҳад гузошт. Мусаллам аст, ки Ҳиндустон дар қораи Осиё яке аз давлатҳои пешрафта маҳсуб ёфта, кишвари мо имкон дорад  соҳаҳои рушди тиҷорат, истифодаи таҷрибаи Ҳиндустон оид ба рушди сайёҳӣ, тандурустӣ, дорусозӣ, технологияҳои мусоир ва дигар соҳаҳои афзалиятнокро  омӯхта, ҳамкориро густариш диҳад.

Ва умед аст, ки бо ба эътидол омадани авзои сиёсӣ дар кишвари ҳамҷавори мо –Афғонистон робитаҳои  судманди иқтисодию тиҷоратӣ бо Ҳиндустон рушду нумуъ меёбанд.

Суҳбати мо бо олими тоҷик дар ҳоле сурат гирифт, ки аввали соли равон профессори кафедраи филологияи ҳинди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҳабибулло Раҷабов  аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии  Ҳиндустон бо ҷоизаи «Падма Шри» (“Ордени нилуфар”)  сарфароз гардид.

Донишманди тоҷик барои дастовардҳои назаррас, саҳми бузург ва хизматҳои шоёнаш дар ташаккули ҳамкории илмию фарҳангии  Тоҷикистону  Ҳиндустон  дар бахши «Адабиёт ва маориф» бо Ордени  «Падма  Шри» сарфароз шуд.

Ҷоизаи  «Падма Шри», ки соли 1954 таъсис дода шудааст,  яке аз чор  мукофоти  давлатии шаҳрвандии Ҷумҳурии Ҳиндустон мебошад, ки  ҳамасола ба шахсиятҳои намоёни соҳаҳои илму санъат, иҷтимоӣ, тиб, адабиёт, маориф, тиҷорату саноат  ва варзиш  супорида мешавад. Ҳабибулло Раҷабов дар миқёси  давлатҳои Осиёи Марказӣ аввалин нафарест, ки соҳиби ҷоизаи «Падма Шри» гардид. Мавсуф  дастпарвари шуъбаи забонҳои ҳиндӣ ва урдуи  факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии  Санкт-Петербурги Россия  дар соли 1967 мебошад. Зарфи 22 сол ба ҳайси мудири кафедраи филологияи Ҳинду Покистон дар факултаи забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият намуда,  садҳо нафар мутахассисони бахши забонҳои ҳиндиро ба камол расонидааст. Донишманди тоҷик  дар зарфи 50 соли  фаъолияти илмияш муаллифи 15 китоб ва беш аз 200 мақолаи илмӣ буда, чандин  асарҳои нависандагони машҳури Ҳиндро ба забони тоҷикӣ тарҷума намуда,  дар ташаккули робитаҳои  илмии Тоҷикистону Ҳиндустон саҳми  босазо гузоштаааст.

«Ин аст Ҳиндустон», «Таърихи  адабиёти Ҳиндустон дар давраи нав» аз китобҳои тайи солҳои  охир навиштаи профессоранд. Донишманди тоҷик дар радифи 30 ҳиндушиноси шинохтаи ҷаҳон қарор дорад.

                                       Марзия САИДЗОДА,

АМИТ «Ховар»

 

Октябрь 8, 2018 13:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Женева масъалаи тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо «Фонди Дипло» баррасӣ гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи об ва иқлим дар маҷаллаи бонуфузи Озарбойҷон – «Аzeri Observer» тарғиб гардиданд
Дар Женева тарғиби ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар маҷаллаи «ДИВА Интернейшнал дипломат» баррасӣ шуд
Шараф Шерализода бо Намояндаи доимии Донишгоҳи сулҳ дар назди шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид дар Женева мулоқот намуд
Намояндагони Олмон оид ба бахши сайёҳӣ ба Тоҷикистон меоянд
Шурои роҳбарони агентиҳои иттилоотии ИДМ барои мусоидат ба инъикоси Конфронси сеюми оби Душанбе қарор қабул намуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд беш аз 100 намояндаи ВАО сабти ном гардид
Дар Женева ҳамкории Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳамоҳангсозии масъалаҳои башардӯстона баррасӣ шуд
Дар Женева ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх муҳокима гардид
Дар Берлин бо фаъолони диаспораҳо аз минтақаҳои мухталифи Олмон, Лаҳистон ва Чехия мулоқот доир гардид
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар доираи Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» тақвият медиҳанд
ФОРУМИ ЗАНОНИ ОСИЁ-2024. Ҳайати Тоҷикистон масъалаҳои муҳими гендерӣ ва нақши занон дар ҳаёти ҷомеаро баррасӣ менамояд