РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд беш аз 100 намояндаи ВАО сабти ном гардид

Май 15, 2024 11:00

ДУШАНБЕ, 15.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Шаҳри  Душанбе  аз 10 то 13 июни имсол мизбони Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 дар ҷаҳорчӯби Раванди оби Душанбе мегардад. Раванди оби Душанбе ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирӣ намудани татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” мебошад, ки тавассути баргузор намудани конфронси байналмилалӣ дар ду сол як маротиба аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид (СММ) амалӣ мешавад.  Дар ин конфронси  бонуфуз  роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳои бархе аз давлатҳои ҷаҳон, инчунин созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ иштирок менамоянд.

Имрӯзҳо сабти номи иштирокчиён ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаи дохиливу берунӣ идома дорад. Дар мавриди шумораи намояндагони воситаҳои ахбори омма, ки то имрӯз  сабти ном шудаанд ва дигар масъалаҳои мубрам хабарнигори АМИТ «Ховар» бо сардори Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳин Самадӣ ҳамсуҳбат гардид.

АМИТ «Ховар»: Мегуфтед, ки имрӯз  омодагӣ ба Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 дар ҷаҳорчӯби Раванди оби Душанбе чӣ гуна идома дорад?

Шоҳин Самадӣ: Тайёрӣ ба Конфронси сеюми Душанбе оид ба Даҳсолаи амал “Об барои рушди устувор” муваффақона идома дорад. 16 апрели соли 2024 ҷаласаи 2-юми Кумитаи миллии тадорукоти конфронс таҳти раёсати Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода баргузор гардид, ки дар он роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор масъалаҳои омодагӣ ба баргузории ин чорабинии муҳими сатҳи баландро баррасӣ намуданд.

Тавре маълум аст, имсол барномаи Конфронси сеюми Душанбе оид ба Даҳсолаи амали об ба сохтори Конфронси оби СММ 2023 мувофиқат менамояд, аз ҷумла ҷаласаҳои пленарӣ, панҷ муколамаи интерактивӣ, ки пешрафтҳои аз Конфронси оби СММ 2023 ба даст овардаро ҳамаҷониба баррасӣ мекунанд, форумҳо, чорабиниҳои канорӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ, намоишгоҳҳо, нишасти матбуотӣ ва тамошои мавзеъҳои сайёҳии мамлакат.

Ҷаласаи пленарии Конфронси сеюми Душанбе доир ба Даҳсолаи амал оид ба об ба роҳбарони ҳайатҳо имконият медиҳад, ки изҳороти сиёсӣ намоянд.

Барои таъкид кардани ҳамбастагии Конфронси оби СММ 2023 ва Раванди оби Душанбе ва таъмини идомаи муҳокимаҳои конфронси оби СММ 2023 дар Раванди оби Душанбе дар чаҳорчӯби Конфронси 3-юми Душанбе оид ба Даҳсолаи амал оид ба об панҷ муколамаи интерактивӣ баргузор мешавад, ки хусусияти асосии фарқкунандаи ин конфронс  ва идомаи Конфронси СММ мебошанд.

Бояд ёдовар шуд, ки дар ҷараёни Конфронси оби СММ-2023 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ пешниҳод намуданд, ки Раванди оби Душанбе ҳамчун платформаи пайгирии натиҷаҳои Конфронси оби СММ 2023, бахусус барои татбиқи Рӯзномаи амали об истифода карда шавад.

Ба ҳамраисони муколамаҳои интерактивии дахлдори Конфронси оби СММ 2023 пешниҳод карда мешавад, ки дар якҷоягӣ бо дигар шарикони Раванди оби Душанбе муколамаҳои интерактивии Конфронси Душанберо ташкил кунанд, ки ба татбиқи ҳадафҳо ва вазифаҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, шарҳи пешрафте, ки Конфронси оби СММ 2023 мусоидат кардааст, бахусус татбиқи Рӯзномаи амали об, муайян кардани мушкилот ва имконият дар татбиқи онҳо, табодули таҷрибаи пешқадам ва роҳҳои ҳалли инноватсионӣ ва таҳкими шарикӣ байни ҷонибҳои манфиатдор барои амалӣ намудани ҳадафҳои марбут ба об бахшида мешавад.

Дар доираи конфронс 9 форум дар мавзуъҳои мухталиф ташкил гардида, вазорату идораҳои масъули Тоҷикистон вазифадор шудаанд, ки ҳамчун ҳамташаббуси ин форумҳо дар шарикӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ниҳодҳои СММ, агентиҳо ва созмонҳои минтақавию ташкилоти мамлакатҳои аъзо дар ин ҳамоишҳо баромад кунанд.

Форумҳо қабл аз ифтитоҳи конфронс баргузор шуда, иштироки мақсадноки бахши хусусӣ, аҳли илм, занон, ҷавонон ва дигар гурӯҳҳои асосиро тибқи ҳадафҳои Конфронс таъмин менамоянд.

Онҳо имкон медиҳанд, ки ҷонибҳои мухталифи манфиатдор, аз қабили занон, ҷавонон, мардуми таҳҷоӣ, гурӯҳҳои касбӣ, олимон, бахши хусусӣ ва дигарон дар татбиқи рӯзномаи об бо таваҷҷуҳ ба тақвияти фаъолият ва шарикӣ дар соҳаи об, сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ҷалб карда шаванд. Мубоҳисаҳои воқеӣ ва мубрам, хулосаҳо ва қарорҳо метавонанд ба кори Конфронс ва баррасии Рӯзномаи рушди устувор барои давраи то соли 2030 бо дарбаргирии чаҳорчӯби суръатбахшии ноил шудан ба Ҳадафи 6  ёрии самарабахш расонанд.

Илова бар ин, вазорату идораҳо дар ташкили Намоишгоҳи байналмилалӣ таҳти шиори “Таҷдиди назар ба маънои об” дар якҷоягӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ва дигар шарикон ҷалб карда мешаванд. Намоишгоҳ дар ҷараёни конфронс дар «Кохи Сомон» баргузор мешавад. Иштироки вазорату идораҳо барои муаррифии сиёсат ва таҷрибаи муваффақи мамлакати мо дар бахшҳои мухталифи марбут ба обу фарҳанг, анъана ва таъриху зиндагии мардуми тоҷик ба меҳмонон нигаронида шудааст.

Аз ҷониби котиботи конфронс, ки дар Вазорати корҳои хориҷӣ фаъолият мекунад, аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, вазирони корҳои хориҷӣ ва энергетика ва захираҳои об ба унвони сарони давлатҳо, ҳукуматҳо, вазорату идораҳои давлатҳои аъзои СММ, инчунин роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ зиёда аз 300 даъватнома ирсол карда шуд.

Тавре ки маълум аст, сомонаи конфронс таъсис дода шудааст, ки дар он омодагӣ ба конфронс ва дигар маълумоти заруриро метавон бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дастрас намуд.

АМИТ «Ховар»: Дар Душанбе то оғози конфронс баргузории чанд брифинг ва вохӯриҳо ба нақша гирифта шудааст?

Шоҳин Самадӣ: 14 марти соли 2024 дар Вазорати корҳои хориҷӣ оид ба омодагӣ ба Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба об брифинг баргузор гардид. Дар брифинг сарони намояндагиҳои дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавие, ки дар шаҳри Душанбе сабти ном шудаанд, инчунин намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуда, зимни он ба иштирокчиён оид ба барномаи Конфронси сеюми Душанбе, аз ҷумла муколамаҳои интерактивӣ, форумҳо, намоишгоҳҳо ва дигар барномаҳои фарҳангӣ маълумоти муфассал дода шуд.

Илова бар ин, 22 марти соли 2024 дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж конфронс бахшида ба Рӯзи байналмилалии об баргузор гардид, ки дар он Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар шакли маҷозӣ иштирок намуд. Ӯ ба иштироккунандагон дар бораи тайёрӣ ба Конфронси байналмилалии  Душанбе маълумот дод.

АМИТ «Ховар»: Раванди сабти номи хабарнигорон барои инъикоси  конфронс чӣ гуна идома дорад?

Шоҳин Самадӣ: Дар бораи сабти номи намояндагони ВАО барои инъикоси раванди кори Конфронси Душанбе дар сомона ва дигар манбаъҳои Вазорати корҳои хориҷӣ эълон нашр гардид. Бовар дорем, ки Конфронси навбатии Душанбе мисли конфронси қаблӣ дар ҳалли мушкилоти об ва ҳамчунин тағйири иқлим саҳми бузург хоҳад гузошт. Аз ин лиҳоз, Конфронси Душанбе рӯйдоди муҳим аст ва бисёре аз расонаҳо барои инъикоси ин конфронс аллакай таваҷҷуҳ зоҳир намудаанд.

То имрӯз аллакай беш аз 100 намояндаи ВАО-ро сабти ном  кардаем. Мояи хушнудӣ аст, ки аз бисёр кишварҳо дархостҳо барои инъикос ворид шудаанд. Матбуоти ғарбӣ, аз давлатҳои ИДМ, ҳамчунин таваҷҷуҳи зиёд аз тарафи расонаҳои Осиё ҳаст. Мо аз расонаҳои маъруфи ҷаҳон барои ҳамкории иттилоотӣ пешниҳодҳо гирифтем.

АМИТ «Ховар»: Барои рӯзноманигорони дохиливу хориҷӣ, ки раванди чорабиниро инъикос менамоянд, чӣ гуна шароит дар назар гирифта шудааст?

Шоҳин Самадӣ: Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташкили кори бароҳати рӯзноманигорон таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад.

Мо дар гузаронидани ин гуна чорабиниҳо таҷрибаи бой дорем ва сол ба сол шароити кори намояндагони ВАО-ро беҳтар мекунем.

Ин дафъа низ маркази матбуотӣ ташкил карда мешавад, ки бо технологияҳои зарурӣ ва нав муҷаҳҳаз мегардад, инчунин ҷойҳои махсусе ташкил мешаванд, ки рӯзноманигорон метавонанд бо мутахассисони соҳа, мансабдорони давлатӣ ва ҳайатҳое, ки дар кори Конфронс иштирок мекунанд, мулоқот кунанд. Намояндагони аккредитатсияшудаи ВАО имконият доранд, ки чорабиниро аз ҷои баргузории маҷлисҳои пленарӣ, сессияҳо, нишастҳои матбуотӣ ва форумҳои махсус инъикос намоянд.

Барои аккредитатсия рӯзноманигорон бояд варақаи махсусро дар сомонаи расмии Конфронс пур кунанд.

Барои ҷалби таваҷҷуҳи бештари ҳам рӯзноманигорон ва ҳам ҷомеаи ҷаҳонӣ торнамо бо забонҳои русӣ, англисӣ ва тоҷикӣ таъсис дода шуд, ки дар он метавон тамоми маълумоти заруриро дар бораи чорабинӣ, аз ҷумла мавзуъҳо, баромадкунандагон, барнома, бақайдгирӣ ва имконияти ВАО пайдо намуд.

Дар бораи конфронс мунтазам маълумот бо забонҳои гуногун паҳн карда мешавад, то ВАО ва ҷомеаи ҷаҳониро аз муҳиммияти конфронс огоҳ созем.

Шабакаҳои иҷтимоии Facebook, Twitter, Instagram барои пешбурди Конфронс бо истифода аз хэштегҳои #3rddushanbewaterconference, #WaterForAWateryWorld, #Dushanbewaterprocess фаъолона истифода мешаванд.

Ба чорабинӣ баромадкунандагон, аз ҷумла коршиносони ин соҳа ва намояндагони ВАО аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон даъват карда шудаанд, то дар Конфронс суханронӣ намоянд.

Ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ба монанди СММ, Бонки ҷаҳонӣ, Барномаи рушди СММ, ЮНЕСКО ба роҳ монда шудааст, то онҳо ба пешбурди Конфронс мусоидат ва иштирокчиёни худро ҷалб намоянд.

Ҷаласаҳои умумӣ ва дигар чорабиниҳои асосии Конфронс дар сомонаи мо ва шабакаҳои иҷтимоӣ мустақиман ва онлайн пахш карда мешаванд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон намояндагони ҷомеаи рӯзноманигорон ва блогероне, ки масъалаҳои об, тағйирёбии иқлим ва гармшавии глобалиро инъикос менамоянд, инчунин шахсони манфиатдорро барои иштирок дар ин чорабинии муҳим — Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланди Душанбе даъват менамояд.

Лайло ТОИРӢ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Май 15, 2024 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвазири Покистон бо сафири Тоҷикистон мулоқот анҷом дод
Ба Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба об дар Душанбе аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ баҳои баланд дода шуд
Намояндагони Бонки ҷаҳонӣ ба Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар Душанбе даъват гардиданд
Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ озмун эълон менамояд
Нахустин Саммити сарони давлатҳои Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» баргузор мешавад
«ҲИФЗИ МОРХӮР: СТРАТЕГИЯҲО ВА ТАҶРИБАҲОИ САМАРАНОК». Таҳти ин унвон дар Ню-Йорк доир ба ташаббуси Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея густариши ҳамкориро дар соҳаи роҳи оҳан баррасӣ намуданд
Дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ ҳамкории Тоҷикистон бо ITFC ва ICD баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид иштирок намуд
Масъалаи тағйирёбии иқлим ва обшавии босуръати пиряхҳо дар Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд
Дар Ню-Йорк тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо ESCAP ва UNECE баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон ба Императори Ҷопон эътимоднома супорид