Истифодаи нодуруст сабаб шудааст, ки муҳитшиносон санаи нав — Рӯзи байналмилалии бекоғаз эҷод намоянд
ДУШАНБЕ, 25.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. «Коғазро оқилона истифода мебарем!»-чунин аст мақсади Рӯзи байналмилалии бекоғаз, ки шурӯъ аз соли 2015 инҷониб панҷшанбеи чоруми моҳи октябр дар баъзе аз кишварҳои ҷаҳон таҷлил карда мешавад. Ҳуҷҷатҳои чопшуда, қуттиҳои коғазӣ, дар маҷмӯъ ҳамаи он коғазҳое ки ҳамарӯза партофта мешаванд, яъне истифодаи нодурусти коғаз сабаб шудааст, ки муҳитшиносон ин санаи навро эҷод намоянд. Вале дар ин рӯз тибқи анъана, дар муассисаву ташкилотҳо дар бораи истифодаи оқилонаи коғаз мулоқотҳо доир гардида, табодули таҷриба сурат мегирад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташаккули ҳукумати электронӣ дар мамлакат аз оғози ин раванди мусбат, яъне аз соли 2003 ба ин сӯ таваҷҷуҳи беандоза зоҳир намуда, чандин барномаҳои давлатӣ ба тасвиб расонидааст.
Яке аз унсурҳои асосии бунёди ҷомеаи муосир ва идоракунии давлатӣ дар мамлакатҳои мутараққӣ системаи Ҳукумати электронӣ ба ҳисоб меравад. Системаи мазкур имконияти гирифтани ҷавобҳоро ба саволҳои муҳими иҷтимоӣ бидуни ташвишдиҳии хизматчиёни давлатӣ пешкаш карда, ҳамаи монеаҳои имконпазири дорои хусусияти маъмуриро ҳангоми бадастории хизматрасониҳои зарурӣ бартараф сохта, ҳамчунин дастрасии шаҳрвандонро ба иттилооти расмӣ осон мегардонад.
Дар миёнаи солҳои 90–ум бисёре аз мамлакатҳои ҷаҳон бо мушкилии аз нав дида баромадани моделҳои анъанавии идоракунии давлатӣ рӯ ба рӯ гаштанд, ки барои шароити муосир қабулнашаванда ба ҳисоб мерафтанд. Бо рушди технологияҳои иттилоотӣ имконияти ташкили кори нисбатан самараноки сохторҳои давлатӣ, хусусан дар навбати аввал дар соҳаи хизматрасонӣ ба аҳолӣ пайдо гашт. Ҳамин тариқ мафҳуми «ҳукумати электронӣ» мавқеи иҷтимоӣ пайдо кард.
Дар шароити муосир Ҳукумати ҷумҳурӣ барои татбиқи рушди стратегияи миллӣ аз соли 2011 Консепсияи Ҳукумати электронии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба тавсиб расонид, ки амалигардонии он дар ду марҳила, яъне марҳилаи аввал- ибтидоӣ-омодасозӣ (солҳои 2011-2014) ва дар марҳилаи дуюм (2015-2018) зина ба зина воридшавии мақомоти давлатӣ ба шабакаи ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ ба нақша гирифта шудааст.
Зикр кардан ба маврид аст, ки имрӯзҳо қисми зиёди мақомоти давлатӣ зинаи аввали таҳияи Консепсияи Ҳукумати электрониро бомуваффақият ба итмом расонида, ба таври системавӣ ба аҳолӣ хизматрасонии давлатиро оғоз намудаанд. Аз ҷумла, дар ин самт Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъол буда, чанд сол аст, ки тариқи «Равзанаи ягона» фаъолияташро ба роҳ мондааст.
Моҳи июли соли гузашта Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди Шабакаи ягонаи иттилоотии ҷумҳуриявии Бозрасии давлатии автомобилиро муаррифӣ намуд. Зимни муаррифӣ роҳбарияти ин ниҳод ба роҳ мондани Шабакаи ягонаи иттилоотии Раёсати БДА ВКД-ро яке аз самтҳои асосии гузариш ба ҳукумати электронӣ унвон кард.
Зикр шуд, ки мақсад аз коркард ва ҷорӣ намудани Шабакаи мазкур баланд бардоштани самаранокии фаъолияти ВКД тавассути истифодаи васеи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, сода гардонидани тартиб ва кам кардани ҳуҷҷатҳо, коҳиш додани хароҷот, аз байн бурдани омилҳои коррупсионӣ, автоматикунонии ҳамкории мутақобилаи байниидоравӣ дар ҷараёни қабул кардани қарорҳои идоравӣ, инчунин таъмини фаврият ва назорати натоиҷи фаъолияти таълимӣ мебошад ва он барои пешгирии садамаҳои роҳу нақлиёт, сари вақт пешниҳод намудани иттилооти зарурӣ ва осон намудани хизматрасонӣ ба шаҳрвандон мусоидат мекунад.
Коршиносон нақши ниҳодҳои электронӣ вобаста ба баҳисобгирии аҳолиро дар пешбурди Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ баланд арзёбӣ мекунанд. Тавре аз Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, соли равон бори аввал дар барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили санҷишӣ, ки дар маҳаллаҳои 64 ва 91-и шаҳри Душанбе ва шаҳри Нораки вилояти Хатлон баргузор карда шуд, аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои ба таври фаврӣ ва мукаммал дастрас кардани иттилооти мавриди ниёз истифода гардид.
Бояд зикр намуд, ки ҳукумати электронӣ як ҷузъи ҷомеаи иттилоотӣ буда, ҳоло дар арафаи шаклгирии ҷаҳонӣ қарор дорад. Дар шароите, ки интернет ба сифати воситаи муҳими алтернативии пахши иттилоъ зуҳур намудааст, ин масъала аз ҳар ҷиҳат аҳамиятнок менамояд. Табиист, ки дар ин ҳолат муносибати нави иттилоотӣ низ бояд ба амал ояд. Аз ҳамин нигоҳ, «Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ» як ҷузъи муҳими иттилоърасониро ба миён оварда, метавонад дар пешрафти муносибатҳои нави иттилоотӣ саҳм гузорад. Татбиқи ҳамин гуна тарзи коргузорӣ дар Тоҷикистон низ моҳирона роҳандозӣ шудааст, ки ниҳоят ташкили ҳуҷҷатгузории бе қоғаз мебошад. Дастрасии шаҳрвандон ба маълумоту иттилооти расмӣ асосан тариқи интернет ва дигар воситаҳои телекоммуникатсионӣ сурат мегирад.
Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ҳамчун мақомоти марказии давлатии иттилоотии Тоҷикистон ду сол боз «коғазро оқилона истифода мебарад». Яъне АМИТ «Ховар» корҳоеро, ки чанд сол пештар тавассути дафтару коғаз анҷом медод, имрӯз бе мамониат тавассути интернет амалӣ мекунад. Роҳбарияти Агентӣ бо истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои ба таври фаврӣ пахш шудани маводи иттилоотӣ имзои электрониро ба роҳ мондааст.
Ин аз як тараф, агар буҷаи Агентиро сарфа намояд, аз тарафи дигар, оҷилияти пахши иттилоъро таъмин мекунад. Шароити технологии АМИТ »Ховар» имкон медиҳад, ки дар дилхоҳ маврид маводи иттилоотиро дар интернет ҷой диҳад ва иттилои гузошташударо тағйир диҳад.
Афзалияти ҳукумати электронӣ зиёд буда, дар умум як коргузории муосирро ба миён меорад. Ба андешаи коршиносон, ҳукумати электронӣ дар дунё аз ҳама беҳтар дар Сингапур ва Эстония амал мекунад.
Ҳукумати электронӣ низоми гардиши санадҳои электронии идорасозии давлатист, ки ба автоматисозии тамоми равандҳои мудирият дар миқёси кишвар асос ёфтааст.
Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ «Ховар»