«Мақоми назарияи маънипардозӣ ва суханварии Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ бояд мавриди омӯзишу таҳлил қарор гирад»-бардошт аз ҳамоиши илмӣ

Октябрь 26, 2018 15:00

ДУШАНБЕ, 26.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо шарофати истиқлолияти давлатӣ, файзи ваҳдати миллӣ ва сиёсати устувори фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  ду даҳсолаи охир худшиносиву худогоҳии ҷомеаи Тоҷикистон ба маротиб афзуд. Мардуми тоҷик ба насли худ, суннату ойинҳои аҷдодӣ, фарҳанги ҳазорсола ва намояндагони барҷастаи он таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуд. Таҷлилу қадрдонии аҳли илму адаби классик ва муосир, аз ҷумла Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ далели равшани ин гуфтаҳост. Ин матлабро иштирокдорони   конференсияи илмие, ки ба муносибати 150-солагии шоир ва хаттоти машҳур Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ доир гардид, иброз намуданд.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар ҳамоиши илмӣ олимон, адабиётшиносон, забоншиносон ва ҳаводорони ашъори шоир ва хаттоти машриқзамин иштирок намуданд. Дар маросими ифтитоҳи конференсия ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон профессор Абдураҳмон Муҳаммад, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зайниддин Сафаров, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим   дар бораи ҳаёт ва фаъолияти Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ ибрози назар намуданд.

Зикр шуд, ки эҳё намудани хотираи таърихӣ ва арҷгузорӣ ба чеҳраҳои мондагори миллат иқдоми бузургест, ки барои таълиму тарбия ва худшиносии миллӣ муҳимияти хосса дорад.

Ҳоҷӣ Ҳусайн яке аз ситораҳои дурахшони олами илму адаби нимаи дуюми асри XIX ва ибтидои асри XX тоҷик маҳсуб гашта, бо андешаҳои ҳакимона ва лаҳни ширини орифона дар байни аҳли қалам ва оммаи мардум машҳур гардидааст. Ӯ мероси гаронарзише аз худ боқӣ мондааст, ки қимати баланди илмию фалсафӣ ва адабию фарҳангӣ дорад.

Ашъори эҷодкардаи эшон ба мавзӯъҳои гуногун бахшида шуда, аз ҷиҳати мазмун пуробуранг ва аз ҷиҳати тасвироту ташбеҳот дар ҳадди аъло мебошанд. Аз таҳқиқу тафсири ашъори ин нобиға бармеояд, ки ӯ дар ҳавзаи шоирони Хатлон ба манзалаи нигине будааст, ки шӯълаи гарми он дунёи Шарқро мусаххар карда будааст. Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ, ки устоди санъати хитоба буд, мақому манзалати суханро ба арши аъло расонида, дар ин боб чунин гуфтааст:

Ба шамшери забон марди суханвар

Кунад олам мусаххар чун Сикандар.

***

Арши суханро бидиҳам бартарӣ,

Фарши хирадро бикунам зеварӣ

Дарвоқеъ, марди сухандону сухангӯй дар замони Ҳоҷӣ соҳиби иззату эҳтиром ва мартабаи бонуфузе буд, ки барои мардумони одӣ на танҳо донишманду ҳаким, балки ҳимоятгару роҳнамо низ буд:

Суханвар тӯтии воқиф зи аҳвол,

Ки будӣ бе сухан то арзи як сол.

Ба пардози сухан парвоз сар кард.

Забони қиссаро аз най шакар кард

Дар ин шеър шоир марди суханварро чу тӯтӣ тасвир намуда, мегӯяд, ки ӯ аз ҳама ҳолу аҳвол бохабар аст ва замоне, ки ба гуфтор мепардозад, гӯё забони қиссааш чун найшакар ширин мегардад.

Аз таҳлили пораҳои каломи ин шоири барҷаста иштирокдорон ба хулоса омаданд, ки имрӯз на танҳо ҳаёту фаъолият ва ашъор, балки мақоми назарияи маънипардозӣ ва суханварии ӯ бояд мавриди омӯзишу таҳлил қарор гирад.

Дар ҷараёни конференсия китоби тозаэҷоди ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи АИ ҶТ, профессор Абдураҳмон Муҳаммад, ки ба 150-умин солгарди шоири  сухансанҷу хаттот Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ бахшида шудааст,  муааррифӣ гардид.

Қироат ва сароидани шеърҳо аз ашъори шоир базми Ҳоҷӣ Ҳусайни Хатлониро боз ҳам гуворотар сохт.

Бино ба маълумоти ташкилкунандаи конференсия-Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон,  рӯзи дуюми конференсия дар шаҳраки Кангурти ноҳияи Темурмалик бо иштироки олимону адабиётшиносон мегузарад. Дар назар аст, ки дар ин рӯз гурӯҳи калони олимон оромгоҳи Ҳоҷӣ Ҳусайни Хатлониро зиёрат кунанд.

 

Октябрь 26, 2018 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид