«МАВҚЕЪ»: Барномаи таҳлилии Хуршеди Ховар (Ҳамдам) дар Радиои «FM Ховар». Нашри дувоздаҳум
ДУШАНБЕ, 04.10.2018./АМИТ “Ховар”/. 5 октябр дар Тоҷикистон ба унвони Рӯзи забони тоҷикӣ таҷлил мешавад. 22 июли соли 1989 дар Иҷлосияи Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Қонуни забони тоҷикӣ (форсӣ)» қабул карда шуд ва тибқи ин қонун забони тоҷикӣ дар ҷумҳурӣ мақоми давлатӣ гирифт.
Аз соли 1989 то соли 2009 дар ҷумҳурӣ 22 июл ҳамчун Рӯзи забон ҷашн гирифта мешуд. Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади минбаъд такмил додани қонунгузории ҷорӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ” — ро қабул кард.
5 октябри соли 2009 баъд аз имзои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни номбурда ба ҳукми амал даромад. Ҳамчунин Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот даровард ва тибқи он 5 октябр Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 05.10.09 с., № 699) эълон гардид.
Ҳоло аз касби истиқлолияти Тоҷикистон 27 сол мегузарад ва дар ин муддат забони тоҷикӣ то кадом сутуҳ рушд ёфтааст? Чӣ мушкилоту монеаҳо буданд ва ҷиҳати рафъи онҳо чи тадбирҳо андешида шуданд?
Шореҳи мо Хуршеди ХОВАР (Ҳамдам) дар барномаи нави муаллифӣ ва таҳлилии «Мавқеъ» дар Радиои “Ховар” бо ширкати Саодатшоҳ Матробиён, муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон, Сайфидин Мирзозода, мудири шуъбаи забони Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ ҶТ ва Нарзулло Каримов, мудири кафераи забони тоҷикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кӯшидааст, то ба ин суолҳо посух бигирад.