«МАВҚЕЪ»: Барномаи таҳлилии Хуршеди Ховар (Ҳамдам) дар Радиои «FM Ховар». Нашри понздаҳум
Дар Муассисаи давлатии «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе ба ифтихори таҷлили чорумин солгарди ҷашни «Рӯзи соҳибкорон» таҳти сарпарастии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе — 2018 таҳти унвони «Рушди соҳибкорию сармоягузорӣ ва равандҳои муосири иқтисодӣ» баргузор гардид. Дар форум намояндагони мақомоти қонунгузории кишвар, аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, намояндагони воломақоми созмонҳои байналмилалии молиявӣ, корпусҳои дипломатӣ, шарикони рушди муқими Тоҷикистон, соҳибкорони бурунмарзӣ (диаспораҳо) сармоягузорони ватаниву хориҷӣ, намояндагони ширкатҳо аз 21 кишвари олам ва соҳибкорони ватанӣ, маҷмуан зиёда аз 2000 нафар иштирок намуданд.
Маросими расмии форум бо сухани ифтитоҳии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардида, дар он ҷанбаҳои муҳимтарини соҳаи иқтисодиёти кишвар, аз ҷумла, рушди соҳибкорию сармоягузорӣ ва равандҳои муосири иқтисодӣ дар марҳилаи ҷаҳонишавии иқтисодиёт, рушди иқтисодиёти рақамӣ бо истифодаи технологияҳои иттилоотию инноватсионӣ, зарурати саъю кӯшишҳои бештари якҷояи ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри истифодаи оқилонаи имконият ва захираҳои мавҷуда, нақши равандҳои муосири иқтисодӣ дар баланд бардоштани самаранокии натиҷаҳои фаъолият тавассути таъмини шаффофият, сифат ва тавсеаи номгӯи молу хизматрасониҳо ва дар маҷмӯъ, рушди устувори иқтисодиёти миллӣ матраҳ карда шуданд.
Шореҳи мо Хуршеди ХОВАР (Ҳамдам) дар барномаи нави муаллифӣ ва таҳлилии «Мавқеъ» дар Радиои “Ховар” бо ширкати сардори раёсати дастгирии соҳибкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Изатулло Асадуллозода, мудири шуъбаи Пажуҳишгоҳи иқтисодиёт ва демографияи АИ Шамсиддин Ҷалолзода ва коршиноси тоҷик Зубайдулло Давлатов ин мавзӯъро баррасӣ намуд.