«МАВҚЕЪ»: Барномаи таҳлилии Хуршеди Ховар (Ҳамдам) дар Радиои «FM Ховар». Нашри сездаҳум
			
					
										Тоҷикон, чунонки аз таърих маълум аст, мардуми меҳнатдӯст, ҳунарманду санъаткоранд. Онҳо барои зиндагии хушбахтона талош варзида, дар мушкилтарин шароит ҳам ҳунару касбҳои фоидаовари зиёдеро мутобиқи тамоюли табиӣ ва истеъдоду лаёқат аз худ карда, онҳоро аз насл ба насл интиқол додаанд. Мақоли машҳури “Ба як мард чил ҳунар кам” ин гуфтаро тасдиқ мекунад.
Ҳукумати ҷумҳурӣ барои ҳифзи чунин хусусиятҳои миллӣ ва рушди он роҳу усулҳои амалисозии тадбирҳои заруриро ба нақша гирифта, дар сатҳи дилхоҳ роҳандозӣ месозад. Асосгузори сулҳу ваҳати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон кардани соли 2018 ба беҳтаргардонии фаъолияти муассисаҳои таълимии санъату ҳунар, осорхонаву китобхонаҳо, театрҳо ва марказҳои фарҳангӣ, ҳарчи бештар ҷалб кардани аҳли ҷомеа ба ин муассисаҳо ва бо ин роҳ ба раванди баланд бардоштани сатҳи маърифату маънавиёти аҳли ҷомеа, алалхусус, наврасону ҷавонон, яъне наслҳои ояндасози миллат ва такони ҷиддӣ бахшидан ба рушди фарҳанги миллӣ дастур доданд.
Шореҳи мо Хуршеди ХОВАР (Ҳамдам) дар барномаи нави муаллифӣ ва таҳлилии «Мавқеъ» дар Радиои “Ховар” бо ширкати мудири иҷроияи Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон Нигина Икромӣ ва ҳунарманду кулолгар Фозил Носиров кӯшидааст, то ба ин суолҳо посух бигирад.








						
ҚОНУНИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ  ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН». Шарҳи он дар барномаи «Ватанпарвар»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ОБОДОНИИ МАҲАЛ». Мавзӯи мазкур дар барномаи «Зан ва зиндагӣ»-и Радиои «Ховар» баррасӣ карда мешавад
«АЗ ФУРӮҒ ТО ФУРӮҒ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» Мадина Каримзода доир ба ғолибияти худ дар озмуни ҷумҳуриявӣ маълумот медиҳад
«ОБШАВИИ ПИРЯХҲО-МУШКИЛОТИ БУЗУРГИ САЙЁРА». Баррасии мавзӯъ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ЗИНДАГӢ». Дар ин  барномаи Радиои «Ховар»  мавзўи  нақши бонувон дар  рушди илмҳои дақиқ  шарҳ дода мешавад
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Раванди омодагӣ ба он дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мегардад
									
									
									
									
									





