МАВЛОНО МУАЛЛИМИ АХЛОҚ АСТ. Ӯро бояд беш аз ҳама донишмандони мо ба ҷаҳониён муаррифӣ намоянд, на ин ки аз дигарон тафсири осори ӯро ҷӯянд

Октябрь 10, 2018 18:06

ДУШАНБЕ, 10.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи гузашта АМИТ «Ховар» аксияи бемуҳлати «МО ЗИДДИ ТААССУБ ВА ИФРОТГАРОӢ» эълон намуд. Иқдоми мазкур алорағми гурӯҳе аз мутаассибон ва ифротгароёни чаласавод роҳандозӣ гардид, ки вақтҳои охир эҷодиёти Мавлоно Ҷалолиддини Балхиро мавриди муҳокимаи бемавқеъ ва арзёбии  муғризонаву  носаҳеҳ ва ғайриилмиву ғайриадабӣ қарор дода, аз осори он бузургвор унсурҳое зидду хилоф бо арзишҳои устувор ва пазируфтаи башарӣ, суннатии миллӣ ва маорифи исломӣ ҷустуҷӯ мекунанд. Барои ташреҳ ва дарки воқеии фалсафа, ҷаҳонбинӣ, эътиқод, таълимоти Мавлоно ва посухи сазовор ба даъвоҳои бемаънию ифротгароёнаи мутаассибону хурофотгароён хабарнигори АМИТ «Ховар» Ҷасур АБДУЛЛО бо шоири андешагаро ва адабиётшиноси варзидаи тоҷик Рустами ВАҲҲОБ суҳбат намуд.

 АМИТ «Ховар»: Вақтҳои охир дар бораи осори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ баҳсҳо зиёд шуда истодаанд. Гурӯҳе бо зиёдаравӣ ва ситезаҷӯӣ Мавлоноро ба тарғиби фаҳш муттаҳам менамоянд. Мехостем фаҳмем, ки ашъори тасвиркунандаи саҳнаҳои маҳрамона дар адабиёти тоҷик чӣ мавқеъ доранд?

Рустами Ваҳҳоб: Ҷойи инкор нест, ки дар адабиёти мо тасвири ҳолатҳои маҳрамона мавҷуд аст. Ашъори ҳаҷвие ҳам ҳаст, ки дар онҳо алфозе, ки барои хонандаи имрӯз шунидани онҳо ғайри қобили қабул аст, вуҷуд доранд. Баъзан дар ҳазлиёт ин гуна калимаҳову ибораҳо ва тасвири саҳнаҳо истифода мешуданд.

Дар адабиёти мо ду навъи тасвир ё пардохт ба ҳолатҳои маҳрамона аст:

— ҳолатҳое, ки ин гуна саҳнаҳо ошкор тасвир мешуданд.

— ҳолатҳое ки тасвири саҳнаҳои фаҳш тамоман раво дониста намешаванд.

Дар ҳар ду ҳолат ҳам ҳадафи гӯянда муҳим аст. Саволе пайдо мешавад, ки то чӣ ҳад ба тафсил гуфтани ин гуна ҳолатҳову маъниҳо равост ва дигар ин ки ҳадаф аз баёни ин ҳолатҳо чӣ аст?

Агар тасвири ин гуна саҳнаҳо барои боз намудани моҳияти он зарур бошад ва адиб барои ба ҳадафи ниҳоӣ расонидани мақсаду ғояти асари худ онро тасвир намуда бошад,  ба ӯ намешавад эрод гирифт. Аз ҷумла, барои маҳкум кардани як падидаи баду манфӣ зикри он ногузир мешавад, ки на танҳо дар адабиёт, балки ҳатто дар китобҳои эътиқодӣ ҷой дорад. Яъне адиб тасвири он саҳнаро ҷоиз донистааст. Инро лузуми мундариҷавии асари бадеӣ мегӯянд. Дар ин гуна ҳолат шарти асосӣ инкору мазаммати ин гуна саҳнаҳо аст. Яъне мақсади тасвир накӯҳиши ин гуна ахлоқ бояд бошад. Тасвири он гуна саҳнаҳо низ набояд ба сурате бошад, ки барои хонанда рағбатангез ва роҳзан шавад. Дар ин сурат, муаллиф дониста ё надониста гӯё онро ташвиқ кардааст. Чунин ташвиқи бавосита ва беш аз он бевосита, яъне рӯйрост тарғиб ва ситоиш кардани манзараҳо ва рафтори ғайриахлоқӣ ба ҳеҷ ваҷҳ қобили қабул нест. Нишони ҳунар ва истеъдод ҳам нест.

Дар эҷодиёти бархе аз адибон ин гуна саҳнаҳо ва тасвирҳо вуҷуд доранд, аммо аксаран дар ниҳоят ба хотири маҳкум кардан будааст, на тарғибу ташвиқ. Аҳёнан шоироне ҳам будаанд, ки махсус ба аҳдофи муғризона ё хиссати табъ чунин «осоре» офаридаанд ва ин тоифа ҳам дар ниҳоят аз ин кори худ шадидан ибрози пушаймонӣ кардаанд.

АМИТ «Ховар»: Мавқеи Мавлоно дар ин мавзӯъ кадом аст? Оё тасвирҳои маҳрамона дар осори ӯро метавон ташвиқи рафтори ношоиста шумурд?

Рустами Ваҳҳоб: Дар ашъори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ баъзан тасвири саҳнаҳои маҳрамона ҷой дорад, аммо ӯ ин ҳолатҳоро тарғибу ташвиқ намекунад, баръакс афроди тасвиршуда ва ё вобаста ба ин саҳнаҳоро ба ин восита мазаммат намудааст. Яъне бо тасвири ҳолатҳои маҳрамонаи ношоиста ба он тамасхури шадид намудааст.

Ба ин маъно Мавлоно дар «Маснавӣ» ин байти Саноии Ғазнавиро дар шарҳи шеваи истифода аз тамсилҳои худ зикр мекунад:

Байти ман байт нест, иқлим аст,

Ҳазли ман ҳазл нест, таълим аст.

Гузашта аз ин мафҳуми арзишии адаб яке аз мафҳумҳои аслию меҳварӣ дар системаи таълимоти Мавлоно мебошад. Ӯ бар асоси омӯзишҳои қуръонӣ ва ҳамчунин илмҳои табиӣ адаб ва риояи онро шарти ногузири бақои ҳастии оламу одам медонад. Низоми кайҳонро ва ҳамчунин олами мовароуттабииро устувор бар асли адаб мешуморад:

Аз Худо хоҳем тавфиқи адаб,

Беадаб маҳрум монд аз лутфи Раб.

Беадаб танҳо на худро дошт бад,

Балки оташ дар ҳама офоқ зад…

Аз адаб пурнур омад ин фалак

В-аз адаб маъсуму пок омад малак.

Буд зи густохӣ кусуфи офтоб,

Шуд Азозиле зи ҷуръат радди боб…

Дар ғазали маърифатомӯзи дигари худ бо радифи «адаб», аз ҷумла мефармояд:

Кардам аз ақл суоле, ки магар имон чист?

Ақл дар гӯши дилам гуфт, ки имон адаб аст.

Ниҳояти хоста ва ормони Мавлоно ҳамоно Инсони комил аст ва шиносномаи Инсони комил аз назари ӯ адаб мебошад. Агар мо бихоҳем, ки ин чеҳраи ормонии Мавлоноро бубинем, бояд ба сурати рӯйи ин шиноснома, ки дар ҳазорҳо баёноти сареҳу равшани ӯ дар осори манзуму мансур ва мактуботаш дарҷ аст, нигарем, на ин ки саргарм ба ҷустани чизҳои зидду нақизи он шавем.

АМИТ «Ховар»: Аслан кадом омилҳо боис гардида, ки ба навиштаҳои Мавлоно аз дидгоҳи манфӣ ва инкорӣ муносибат шавад ва оё худи Мавлоно дар замони худаш ба ин мавзӯъ таваҷҷуҳ кардааст?

Рустами Ваҳҳоб: Нақди ахлоқӣ (эътиқодӣ ҳам метавон гуфт) қадимтарин ва зимнан муассиртарину фаъолтарин навъи нақди адабӣ мебошад. Омилҳои аз ин дидгоҳ назар кардан ба осори нависандагон гуногун мебошад. Аз ҷумла, тафовути дидгоҳҳо ва равишҳо. На танҳо осори адабӣ, балки осори фалсафӣ ва ҳатто табииёт ҳам бо чунин нақд рӯбарӯ шудаанд ва соҳибони он осор ҳам дар ин мубоҳисаҳо ширкат кардаанд. Ба ёд биёред посухи машҳури Ибни Синоро ба  мунтақидонаш:

Куфри чу мане газофу осон набувад,

Маҳкамтар аз имони ман имон набувад…

Акнун боз вақте, ки мавзӯъи сухани адабӣ дар миён бошад, чун сухани адабӣ бавосита аст, маҷозу кинояву тамсилу чандмаъноӣ дорад, фаҳмҳо аз он метавонад хеле гуногун шавад ва майдони баҳс бисёр васеъ мегардад. Мавлоно худ борҳо аз имкони нодуруст фаҳму таъбир шудани суханаш ибрози нигаронӣ кардааст:

Ончи мегӯям ба қадри фаҳми туст,

Мурдам андар ҳасрати фаҳми дуруст.

Дар ин зимн аз баёноти худи Мавлоно чунин бармеояд, ки аз хонандааш мехоҳад аввалан беғараз бошад:

Чун ғараз омад, ҳунар пӯшида шуд,

Сад ҳиҷоб аз дил ба сӯйи дида шуд.

Дувум ин ки ба моҳияти гуфтор диққат кунад, на ба зоҳири он:

Ман чу «лаб» гӯям лаби дарё бувад,

Ман чу «ло» гӯям, мурод илло бувад.

Савум, гуфтаҳои маҷозӣ ва духӯраи ӯ бар асоси баёноти сареҳаш, ки якмаъно ва равшан ҳастанд ва гузашта аз он, бар асоси таълимоти қуръонӣ ва ҳадисҳои Паёмбар (с), ки дар сартосари «Маснавӣ» ва дигар осораш меҳварҳои маънавиро ташкил медиҳанд, санҷида ва фаҳм шаванд ва хилофи онҳоро қабул надорад ва ба таъкид ҳаммазмуни фармудаи Имоми Аъзам (р) мегӯяд:

Ман бандаи Қуръонам, агар ҷон дорам,

Ман хоки раҳи Муҳаммади мухторам.

Гар нақл кунад ҷуз ин кас аз гуфторам,

Безорам аз ӯ в-аз он сухан безорам.

Зимнан, ин мавзӯъ дар ҳамон қитъаи машҳури Баҳоуддин Ҳусайни Омулӣ, ки Мавлоно Ҷомӣ низ онро иқтибос карда, мавҷуд аст:

Ман намегӯям, ки он олиҷаноб

Ҳаст пайғамбар, вале дорад китоб.

Маснавии ӯ чу Қуръони мудил

Ҳодии баъзеву баъзеро музил.

Яъне «Маснавӣ» агар бо фаҳм хонда шавад, ҳидоят мекунад ва агар насанҷида ва нафаҳмида хонда шавад, метавонад гумроҳ созад. Он гуна, ки дар Қуръон ҳам дар ояти 26 сураи Бақара дар бораи фаҳми тамсилҳои Қуръон омадааст, (Бо он бисёриҳо ҳидоят ёфтанд ва бисёриҳо гумроҳ шуданд). Шарти амон аз иштибоҳ дар зимн аз ҷумла ҳамон дониста мешавад, ки «оёти муташобиҳот» бо «оёти муҳкамот» санҷида ва бар он асос фаҳмида шаванд. «Муташобиҳот» он оятҳоеанд, ки метавонанд чанд навъ таъбиру таъвил шаванд ва «муҳкамот» он оятҳое, ки маънояшон сареҳу равшан буда, ниёз ба таъбиру тафсир надоранд. Беш аз ин, тавре ки дар миёни мардум аз қадим писандида ва маъруф аст, осори Мавлоно (агарчи дар сурат бисёр сода аст) бояд аз тарафи устоди комил таълим шавад, дар акси ҳол хавфи ғалатфаҳмӣ зиёд аст.

АМИТ «Ховар»: Баъзеҳо чунин назар ҳам доранд, ки дар осори адабии қадими мо аз тарафи ноширон ва котибону нусхабардорон дахолат мешудааст ва аз ин сабаб, мазмуни асарҳо тағйир дода мешудааст. Оё ин омил метавонад ба осори Мавлоно низ таъсир расонда бошад?

Рустами Ваҳҳоб: Ҷои шакку тардид нест, ки дар осори адибони бузурги мо аз тарафи котибон ва дигар ашхос дахолати зиёд роҳ ёфтааст. Баъзе аз ин дахолатҳо ғаразнок буда, ҷанбаи эътиқодсозӣ доштаанд, то як намояндаи бузурги адабиётро пайрави ҷараёни хосе, ки мехоҳанд муаррифӣ кунанд, баъзан ҳам ҳатто ангезаи тиҷоратӣ доштаанд, ки он осорро барои авом бозоргир мекарданд ва дар баробари омилҳои зиёди дигар, албатта, иштибоҳ ва нофаҳмӣ ҳам таъсир дошт. Баъзан ҳатто котибҳои шоиртабъ, чизҳоеро аз зеҳни худашон таровиш карда, дар ҷараёни кор ба матни асл ворид менамуданд. Инро дар илми матншиносӣ «тасарруф» мегуфтанд. Ин корҳо ҳанӯз идома дорад. Имрӯз ҳатто дар фазои маҷозӣ (интернет) мебинем, ки баъзе шоиртабъон, чи аз Тоҷикистон ва чи аз кишварҳои дигари ҳамзабон, навиштаҳои хому сохтаи худро ба номи Бедилу Саъдиву Мавлоно ва дигар бузургон дарҷ мекунанд ва аз он ҷо ҳатто ба нашрияҳо ва лавҳаҳои хиёбонӣ (!) роҳ меёбанд. Ин акси сирқат (шеърдуздӣ) ва ба қавли Анварӣ «шоирдуздӣ» аст, ки бадтар аз сирқат мебошад. Аммо боз ҳамон меъёрҳои аслӣ, ки шинохти воқеии пойгоҳи ҳунарӣ ва асли эътиқодии бузургон аст, ба матншиносон имкон медиҳад, ки ин ҷаълиётро аз матни асл ҷудо кунанд. Бешакку шубҳа, дар осори Мавлоно ҳам тасарруфоти зиёд роҳ ёфта, ҳатто шеърҳои алоҳидае ба номи ӯ сохта шуда ё барғалат ба ӯ нисбат дода шудаанд, ки вазифаи илми матншиносӣ то охир ошкор кардани ин ҷаълиёт мебошад. Хусусан бо дарназардошти ин нукта, ки осори Мавлоно ағлаб ба тақрир (имло, дикта) гуфта шуда ва онро дигарон мактуб кардаанд ва шӯҳрати беназири ин ашъор боис шуда, ки вариантҳои мардумӣ ва фолклории онҳо ба вуҷуд биёяд.

АМИТ «Ховар»: Мо тоҷикон ва тоҷикистониён барҳақ ифтихормандем, ки ин шахсияти бузурги зодаи сарзамини мо шуҳрати ҷаҳонӣ ёфтааст ва дар сартосари ҷаҳон мухлисону пайравон дорад. Албатта, шуҳрати Мавлоно аз ҷанбаи умумибашарӣ доштани асарҳояш мебошад. Пас ҷанбаи миллии асарҳои ӯ дар чист?

Рустами Ваҳҳоб: Саволи имрӯз фавқулода муҳимро матраҳ кардед. Мо набояд чунин гумон бикунем, ки маҳдудаи фарҳанги сирф миллии мо он қадар танг аст, ки барои умумибашарӣ шудани осорамон бояд аз он берун бароем, ё ҳатто онро сарфи назар бикунем. Мавлоно дар домани фарҳанги комилан миллии суннатии тоҷик парвариш ёфтааст ва асилтарину усулитарин арзишҳо дар осори ӯ аз матну батни ҳамин фарҳанг гирифта шудааст. Албатта, ҷаҳонбинӣ ва дониши фарохи сатҳи ҷаҳони муосири худи Мавлоно ғайри қобили инкор аст. Аммо асл ин аст, ки Мавлоно бо даҳои худ, эътиқоди устувор ва ҳунари волои суханварӣ тавонист нуктаҳои дурахшони фарҳанги миллии моро тавре баён кунад, ки ҳамаи ҷаҳониён дар он симои инсонии худро мушоҳида намоянд. Мавлоно бар асли фитрати инсонӣ сухан гуфтааст, ки ин ҷавҳари эзадӣ ҳадду сарҳад надорад ва ҳамаи инсонҳо дар асл бо фитрати ягона офарида шудаанд, дардҳои муштарак, суолҳои муштарак, ормонҳои муштарак доранд. Миллияти эътиқодӣ ва инсонии Мавлоно, ки дар осораш таҷалло мекунад, ба вай чеҳраи мушаххас ва ошно медиҳад ва ҷаҳониён ӯро ба ҳамин чеҳра мешиносанд. Гузашта аз ин вазифаи мост, ки ин чеҳраи мушаххас, ин симои ошноро ҳифз намоем ва аз тасарруфоту шахсиятсозиҳои номуносиб барои Мавлоно аз тарафи ҷараёнҳои гуногуни ҷаҳонӣ пешгирӣ намоем. Мавлоноро бояд беш аз ҳама донишмандони мо ба ҷаҳониён муаррифӣ кунанд, на ин ки аз дигарон тафсири осори ӯро ҷустуҷӯ бикунанд.

АМИТ «Ховар»: Пас, ба таври мухтасар чӣ тавр метавонем муноқишаҳоро дар атрофи осор ва афкори Мавлоно пешгирӣ намоем?

Рустами Ваҳҳоб: Аслан, агар баҳс дар атрофи асарҳои Мавлоно ба мақсади таҳқиқ бошад, хуб аст, ҳатто нақд хуб аст. Чун он бузургвор худ таҳқиқро беҳтар аз тақлид медонист. Аммо дар ин миён бояд таҳқир ва ғараз набошад. Ба таври мухтасар, барои он ки осори Мавлоноро аз майдони муноқишаҳои муғризона берун биёрем, ду кор асосӣ аст, ки хостаи худи Мавлоно низ назар ба таъкидоти паёпаяш ҳамин аст:

Аввал ин ки вазифаи як китоби осмониро бар китоби ӯ бор накунем, балки онро китоби маърифату ҳикмат, адабу дониш ва ҳунар ва дар ниҳоят тафсири адабӣ бишиносем.

Дуюм, аз фармудаҳои он бузургвор унсурҳое зидду хилоф бо арзишҳои устувор ва пазируфтаи башарӣ ва суннатии миллӣ ва ҳамчунин маорифи исломӣ ҷустуҷӯ накунем.

Дар акси ин ҳол майдони суиистифода аз осори Мавлоно бар зиёни фарҳанг ва суннатҳои миллии худро ба дасти худ бисёр васеъ боз менамоем.

Хушбахтона, иқрорҳо ва раҳнамоиҳову таъкидҳои худи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар ин мавзӯъ ба забони нобу мафҳуми тоҷикӣ он қадар равшану сареҳ аст, ки барои муҳаққиқони мо имкони шинохти асли маъно ва муҳтавои осорашро комилан имконпазир месозад.

 

Октябрь 10, 2018 18:06

Хабарҳои дигари ин бахш

БАРОИ АЗ БАНДИ ХУРОФОТ РАҲО ШУДАН ЧӢ БОЯД КАРД? Андешаи чанд нафар намояндагони касбу кори гуногун дар ин мавзуъ
Чӣ бояд кард, то шахс ба доми хатарбори ҳизбу созмонҳои террористӣ ва ифротгароӣ наафтад?
Тоҷикистон даҳсолаҳо боз дар сафи пеши муқовимат бо терроризми байналмилалӣ қарор дорад
НАДОНИСТАНИ ҚОНУН ҶАВОБГАРИРО ИСТИСНО НАМЕКУНАД! Ахбороти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳизбу ҳаракатҳо ва ташкилотҳои террористӣ-экстремистие, ки фаъолияташон дар Тоҷикистон манъ карда шудааст
Дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин дар шаҳри Норак вохӯрӣ доир гардид
Дар минтақаи Кӯлоб оид ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ва пешгирии хурофотпарастӣ ҷаласа доир гардид
ИФРОТГАРОӢ-РОҲ БА СӮИ НОУМЕДӢ. Насли ҷавони тоҷик бояд тамоми кӯшишу ғайраташро ба донишомӯзию ободкорӣ равона намояд
САБАБИ ГАРАВИДАНИ ҶАВОНОН БА ГУРӮҲҲОИ ТЕРРОРИСТИВУ ЭКСТРЕМИСТӢ ДАР ЧИСТ? Андешаҳо доир ба роҳҳои пешгирии ин зуҳуроти номатлуб
ИФРОТГАРОӢ-ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ. Бояд ба тарбияи дурусти ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Дар Душанбе вобаста ба хатари хурофот ва ифротгароӣ ҳамоиш доир шуд
ҲАҶ ФАРЗ АСТ Ё ХУДНАМОЙИИ ҲОҶИЁН? Агар зоирон нисфи хароҷоти исрофкоронаашонро барои бунёди пул, ҳаммом, кандани ҷӯй сарф менамуданд, аҷру савоби бештар мегирифтанд