Меҳмонон аз Аморати Муттаҳидаи Араб: «Муштоқи фарҳанг ва муҳаббати миллати тоҷикем»

Октябрь 10, 2018 18:16

ДУШАНБЕ, 10.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳи на танҳо сайёҳон, ҳамчунин сокинони муқаррарии кишварҳои гуногуни олам ба Тоҷикистону манзараҳои табиати он бештар гардид. Рӯзҳои 2-6 октябри соли равон гурӯҳи 11-нафараи меҳмонон аз Аморати Муттаҳидаи Араб дар шаҳри Душанбе қарор доштанд. Меҳмонон ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишкадаи исломии Тоҷикистон ташриф оварда, дар гулгаштҳову боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе ва бозори «Меҳргон» сайр карданд, дар масҷидҳои ҷомеи пойтахти Тоҷикистон намози ҷумъа гузориданд, Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Кохи Наврӯзро тамошо намуда, аз зебоиҳои табиати Варзоб ва оби мусаффои дарёи ҳамноми он ҳаловат бурданд.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо чанд нафар меҳмон ҳамсуҳбат гардида, ба онҳо бо як савол муроҷиат намуд: «Таассуроти шумо аз сафар ба Тоҷикистон чӣ гуна аст?».  

Фотима Аҳмад Ал-Муғанӣ, профессор, омӯзгори фанни таърих дар Донишгоҳи АМА. – Ман маротибаи дуюм аст, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меоям. Аз омаданам ба ин кишвар хеле хушҳолам ва муносибати мардум бо меҳмонон ва муҳаббат ба фарҳангу забони арабӣ маро муштоқи миллати тоҷик намудааст.

Оид ба фаъолияти масҷидҳо дар Тоҷикистон мехоҳам бигӯям, ки диндорон ва намозгузорону масоҷид вазъияти хеле хуб доранд, биноҳои васею покиза ва муҳаббати мардуми Тоҷикистон ба дини Ислом хеле зиёд аст. Ин муҳаббат ба миллати тоҷик бегона нест, аз ин миллат Имом Ал-Бухорӣ ва Имоми Аъзам Абу Ҳанифа ба дунё омадааст, ки на танҳо хизмати забони форсӣ, балки хизмати арзандае дар рушди забони арабӣ низ карданд.

Ба мардуми сарафрози Тоҷикистон гуфтанӣ ҳастам, ки онҳо аҳли муҳаббату эҳтироманд ва дар ҳамин роҳ устувор бимонанд. Хусусан дар Соли рушди сайёҳӣ ин сифатҳо барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ бисёр заруранд. Табиати зебоманзари Тоҷикистон ва кӯлу дарё ва дарахтони зебои ин кишвар дили сайёҳонро мафтуни худ хоҳанд кард.

Видот Бушнейн, нависанда.  – Ман маротибаи аввал аст, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадам. Ин кишвари тоза, зебо ва амну ваҳдат аст, ки ман хеле хушҳол шудам. Ман миннатдории худро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонам, ки барои миллату давлати худ чунин як кишвари дӯстдоштанӣ ва зебову дилафрӯз тақдим намудаанд. Дар ин сафар мо аз рафти омӯзиши забони арабӣ дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан кардем, ки таваҷҷуҳи маро сару либоси донишҷӯён ба худ ҷалб кард. Бисёр либоси зебо ва миллӣ доранд донишҷӯёни тоҷик. Ба мардуми тоҷик, бахусус ба ҷавонони тоҷик гуфтанӣ ҳастам, ки урфу одат ва фарҳанги худро ҳимоя намоед.

Марям Рашид Аз-Заобӣ, нависанда. – Боиси хушҳолии ман аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фарҳанг ва забони арабӣ ҳузур дорад ва таваҷҷуҳи донишҷӯён ба омӯзиши забони арабӣ маро хеле хушҳол кард. Кишвари Тоҷикистон ояндаи нек дорад, чунки миллаташ ба илму фарҳанг таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд ва ин амал ба ин миллат бегона нест. Миллати тоҷик ҳазорсолаҳост, ки ба фарҳанг, илм ва забони арабӣ таваҷҷуҳи хосса дорад. Ман худ нависанда ҳастам, ҳангоми вохӯрӣ бо донишҷӯён оид ба як романи навиштаам суҳбат намудам, ки завқу шавқи ҷавонӣ ва тоҷикиро барои мутолиаи китобҳои бадеӣ дида, хушҳол шудам ва бароям илҳоми навиштани як романе, ки онҷо ҳаёту зиндагии тоҷикӣ нақл шавад, пайдо шуд. Бо анҷом шудани эҷоди роман ман, албатта, нусхаи онро ба Тоҷикистон мефиристам.

Сейф Ал-Ҷобирӣ, профессор, мушовири Садорати Донишгоҳи Аморати Муттаҳидаи Араб. – Мо шукргузор ҳастем, ки дар ин ҷумҳурии муборак қарор дорем. Дар ин шаҳр- пойтахти Тоҷикистон рӯҳияи муҳаббат ва ҷавонӣ танинандоз аст. Ҳангоми гаштугузор дар кӯчаҳои пойтахт ман дидам, ки қисми зиёди мардум ҷавонон ҳастанд, ҷавонони ояндасоз, нури чашм, ҳимоятгарони ватан ва урфу одатҳои миллии тоҷикӣ. Дар чеҳраи ҷавонони тоҷик ман меҳри ватан, муҳаббат ба илму дониш ва ҳурмату иззати меҳмононро мебинам. Мо бо ҷавонону донишҷӯён вохӯрӣ доштем, ки онҳо бо муносибати худ суханҳои гуфтаамро пурра тасдиқ мекунанд.

Ба ҷавонони тоҷик гуфтанӣ ҳастам, ки онҳо бояд арзишҳо, анъана ва урфу одатҳои миллати худро дӯст доранд. Дар натиҷа муҳаббат ба давлат ва халқ пайдо мешавад. Ҳукумати Тоҷикистон барои мардумаш беҳтарин хубиҳоро фароҳам овардааст ва ин миллати сарбаланди тоҷик низ арзандаи ҳамин хубиҳо ва ҳамин Президент аст. Дар шаҳри Душанбе шарафманд шудем, ки дар намози ҷумъа иштирок кунем ва дар байни мардуми тоҷик мо исломи таҳаммулпазир, исломи пок ва исломи инсондӯстро дидем.

Дар як замони кӯтоҳ ноил шудан ба чунин дастовардҳо қобили эҳтироми миллати тоҷик аст. Умедворам, ки Худованд ваҳдату баракати миллати тоҷикро пойдор нигоҳ дорад.

Исо Ал-Ҳамодӣ, профессор, мудири маркази омӯзиши забони арабӣ дар давлатҳои Халиҷ. – Аз омадан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле хушҳол ҳастем. Дар рафти сафар аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам дидан карда, бо донишҷӯён оид ба маҳорати навиштан суҳбатҳо доир кардем, ки ин яке аз муҳимтарин марҳилаи омӯзиши забон ба ҳисоб меравад. Оид ба маҳорати хондан низ сухан гуфтем ва Маркази омӯзиши забони арабӣ дар давлатҳои Халиҷро ба донишҷӯён муаррифӣ намудем. Забони арабӣ як ҷузъи фарҳанги забони тоҷикӣ мебошад, чунки ин миллат барои рушди забони арабӣ саҳми беандоза гузоштааст. Тасдиқи ин гуфтаҳо саҳми Бухорӣ, Тирмизӣ, Абу Ҳанифа, Сабавӣ ва Нафтаҳ мебошад, ки мардуми араб хизмати ин шахсони бузурги таърихиро фаромӯш нахоҳад кард.

Миллати тоҷик барои омӯзиши забон ва фарҳанги араб таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд, ки боиси хушнудист.

Бояд тазаккур диҳам, ки миллати тоҷик аз қадим бо иншоот ва биноҳои худ дили дигар миллатҳоро тасхир менамуд. Ҳоло ҳам ин ҳолат дида мешавад. Мо аз бинои Кохи Наврӯз дидан кардем, ки онҷо фарҳангу маданияти миллати тоҷик ва исломи шарқ дар девораҳои бино нақшбандӣ шудааст. Аз кишварҳои дигар хоҳиш менамоям, ки омада, меъмории асили тоҷикиро бинанд, омӯзанд ва ба кишварҳои худ рафта, чунин иншооти миллиро бино кунанд.

Миннатдории худро барои истиқболи самимӣ ва гарм ба роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам ва Президенти кишвар барои чунин як кишвари орому обод ва амн мерасонам.

Марям Шиносӣ, профессор, мудири «Хонаи Ёсамин» (маркази табъу нашри китоб). – Аввалан сипосгузории худро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пуштибонӣ ва дастгирии омӯзиши забони арабӣ ва шариати ислом, ки ман давоми шаш сафарам ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр хуб мушоҳида кардам, мерасонам. Ин маротиба мо аз рафти омӯзиши забони арабӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам дидан намудем, ки бори дигар дастгирии Президентро нисбат ба ходимони илму адаб ва фарҳанг шаҳодат медиҳад. Ҳамзамон маълум гардид, ки мардум Президенти худро дӯст медоранд, чунки ӯ баҳри зиндагии осоишта ва сулҳу суботи мардум пайваста кӯшиш менамояд.

Мо дар ин сафари на он қадар тӯлонӣ аз дастовардҳои замони истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан кардем ва саҳми Президенти ин кишварро барои пешрафт ва ҳаёти осоишта доштани мардумаш бо чашми худ дидем ва эҳсос кардем.

Миллати тоҷик бо эҳтироми волидайн, калонсолон ва ҳурмату иззати меҳмонон моро мафтун кард.

 Оиша Шамисӣ, профессор, мудири кафедраи «Забони арабӣ»-и Донишгоҳи АМА.  -Дуруд ва саломи худро ба мардуми сарбаланди Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонам. Ин сафари аввали ман ба Тоҷикистон мебошад. Диққати маро бештар таваҷҷуҳи донишҷӯён ва омӯзгорон баҳри омӯзиши забони арабӣ ба худ ҷалб намуд. Аввалан мо ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва баъдан ба Донишкардаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам рафта, аз мулоқот бо омӯзгорону донишҷӯён бисёр шод шудем. Дар ин муассисаҳои таълимӣ донишҷӯёну омӯзгорон ба фарҳанг ва забони арабӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир менамоянд, ки ин дар додани саволҳо оид ба омӯзиши масъала ва нуктаҳои муҳими забони арабӣ мушоҳида карда мешавад. Дар муассисаҳои зикршуда донишҷӯён ба мо саҳначаҳо ба забони арабӣ намоиш доданд ва маҳорати сухандонӣ нишон доданд, ки ин ҳама аз муҳаббати зиёди онҳо ба забони арабӣ гувоҳӣ медиҳад.

Мо мардуми Аморати Муттаҳидаи Араб бо мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибати дӯстӣ дорем ва ин сафари мо баҳри мустаҳкам намудани муносибатҳо, бешак мусоидат менамояд.

Акрам САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Октябрь 10, 2018 18:16

Хабарҳои дигари ин бахш

«БЕҲТАРИН РОЛИКИ САЙЁҲИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Бо мақсади тарғибу ташвиқи имконоти сайёҳии пойтахт озмун оғоз ёфт
Дар Форуми STI имконияти сармоягузорӣ ва сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РУШДИ САЙЁҲӢ ДАР ДЕҲОТ. «Қайнар» мавзеи таърихию фароғатии ноҳияи Восеъ маҳсуб мешавад
«TRAVEL HUB». Моҳи сентябр дар Душанбе намоишгоҳи сайёҳӣ доир мегардад
«МАЙДОНИ ИСТИҚЛОЛ». Ин иншооти муҳташам ва сайёҳии шаҳри Душанбе аст, ки дили сокинону меҳмонони пойтахтро тасхир кардааст
Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози фаъолияти соҳаи сайёҳӣ дар Душанбе баргузор гардид
Бо намояндагии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон оид ба сайёҳии кишоварзӣ мулоқот доир шуд
Намояндагони Тоҷикистон дар ҳамоиши байналмилалӣ оид ба сайёҳӣ иштирок намуданд
Намояндагони Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон дар Боку дар форуми танзимгарони сайёҳии Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок доранд
Дар Душанбе баргузории намоишгоҳҳои рассомон дар Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ шуд
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Хоруғ олимпиадаи минтақавӣ доир намуд
Имсол 7203 сайёҳи хориҷӣ мавзеъҳои таърихию фарҳангии вилояти Хатлонро тамошо кардаанд