«МАЙДОНИ ИСТИҚЛОЛ». Ин иншооти муҳташам ва сайёҳии шаҳри Душанбе аст, ки дили сокинону меҳмонони пойтахтро тасхир кардааст

Май 9, 2024 09:09

ДУШАНБЕ, 09.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими муаррифи давлату миллат, таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои мардумӣ ба шумор рафта, рушди он ба инкишофи ҳамаҷонибаи соҳаҳои иқтисодӣ, аз ҷумла хизматрасониву маишӣ ва истеҳсолӣ мусоидат менамояд.

Маҳз ба ҳамин хотир бо ташаббус ва иқдоми созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти мамлакат бунёди корхонаҳои азими истеҳсолӣ, муассисаҳои иҷтимоӣ, майдонҳои варзишӣ, боғу гулгаштҳои замонавӣ, марказҳои хизматрасонӣ ва иншооти сайёҳӣ вусъати бесобиқа пайдо намудааст.

Бояд гуфт, ки шаҳри Душанбе симои сайёҳии мамлакат маҳсуб шуда, дар он имконияти мусоид баҳри таъмини фароғату саёҳати сокинону меҳмонон фароҳам оварда шудааст.

Аз ин рӯ, бо ибтикор ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2018 дар шаҳри Чиндаои Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Саммити Федератсияи ҷаҳонии сайёҳӣ шаҳри Душанбе ба узвияти Федератсия, ки ба он зиёда аз 130 шаҳри ҷаҳон дохил мебошанд, пазируфта шуд.

АМИТ «Ховар» тасмим гирифт, ки бо мақсади муаррифии иншооти сайёҳии пойтахт дар ҳамкорӣ бо шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ин маводро таҳия намояд.

«Майдони Истиқлол»

Яке аз иншооти муҳташам ва сайёҳии пойтахти мамлакат Майдони Истиқлол мебошад. Ин иншоот 8 сентябри соли 2022 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Майдони Истиқлол бо тарҳи сохтмонӣ ва намои зоҳирӣ дар минтақа беназир буда, ҳадафи асосии буёнд гардидани он ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангии халқи тоҷик, таҷассуми рукнҳои муҳимми давлатдорӣ, боз ҳам баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ ва дар зеҳну шуури шаҳрвандони мамлакат, хусусан наврасону ҷавонон тақвият бахшидани андешаи истиқлолу озодӣ мебошад.


Тибқи хулосаи коршиносону таҳлилгарони ватанӣ ва хориҷӣ, дастандаркорони ин ташаббуси наҷиб ба ҳадафи асосии худ расиданд. Зеро ин маҷмаа бо боғу гулгаштҳои беназир тавонист, ки дар муддати кӯтоҳ ба макони муқаддаси шиносоӣ бо таъриху арзишҳои фарҳангӣ, инчунин тамошову фароғати шаҳрвандони мамлакат ва меҳмонони хориҷӣ табдил ёбад.

Ҳадафи дигари таъсис додани чунин боғи воқеан замонавӣ ва дорои имконияти фарох- минбаъд дар он баргузор шудани тамоми чорабиниҳои давлативу миллӣ мебошад. Масоҳати умумии боғ 40 гектар буда, аз бурҷи Истиқлол, 7 дарвозаи чӯбии кандакорӣ, майдони баргузории чорабиниҳои муҳимми давлатӣ, минбари суханронӣ, фаввораҳои ранга, гулгаштҳо бо ороиши миллӣ, марказҳои техникӣ ва ғайра иборат мебошад.

«Манораи Истиқлол» 

Дар маркази боғи «Истиқлол» маҷмааи боҳашамати «Манораи Истиқлол» қомат афрохтааст. Баландии умумии маҷмаа 121 метрро дар бар мегирад. Баландии қисмати поёни маҷмаа 30 метр буда, ифодагари 30-солагии истиқлоли давлатӣ мебошад. Баландии қисмати болоии маҷмаа 91 метр буда, санаи таърихии соли 1991 ба даст овардани истиқлоли давлатии Тоҷикистонро ифода мекунад. Симои маҷмаа шабеҳи навдаи дарахти ба боло ҳаракткунанда сохта шуда, ифодагари  дарахти ҳаёт мебошад.

Дар сақфи Манора тоҷ ҷойгир аст, ки мустақил, соҳибтамаддун ва соҳибистиқлол будани тоҷиконро ифода мекунад. Пояи маҷмаа шакли ҳарамро дошта, аз ҳафт дарвозаи кандакорӣ иборат аст. Атрофи манораро ҳафт фаввораи ранга иҳота ва ба он ҳусни таровати бештар зам мекунанд.


Дар ошёнаи якуми Манораи Истиқлол гӯшаҳои махсус барои гузаронидани намоишгоҳҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ пешбинӣ карда шудаанд. Дар айни замон дар ин ҷой намоишгоҳи муваққатӣ дар мавзуъҳои либосҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, сангҳои Тоҷикистон, асбоби мусиқӣ ва армуғонҳои миллии тоҷикӣ ба маърази тамошо гузошта шудаанд.

Гӯшаи «Либосҳои миллии тоҷикона» 

Дар бахши аввалини намоишгоҳ либосҳои миллии мардона ва занонаи минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ба маъраз гузошта шудаанд. Сару либоси миллӣ яке аз аркони муҳимтарин ва ба худ хоси фарҳанги тоҷикон мебошад, ки аз умқи таърих то  имрӯз ба мо мерос мондааст. Либоси занона аз курта, пойафзол, сарбанд, ороиши сару гардан, саргирак ва фаранҷию чашмбанд иборат буд. Дар баробари умумият дар ороиш ва гулдӯзии либос ва кулоҳҳои миллӣ ҷузъиёти фарқкунанда низ ҷой доранд, ки аз рӯи он тоҷикони ноҳияҳои гуногунро шинохтан мумкин аст. Яке аз навъҳои гулдӯзии миллӣ- ин чакандӯзӣ мебошад, ки инчунин чун номи куртаи занона машҳур шудааст.

Мардуми ориёӣ дар либосҳояшон  нишони салибро истифода мебурданд, ки бо гузашти айём ин нақш такмил ёфта, нақшҳои нав, аз қабили давра, ифодакунандаи Офтоб- рамзи рӯшноию гармӣ, нақшу нигори гул ва гиёҳҳо истифода мушуданд.


Аз ин рӯ, косагул (ба сурати офтоб) — нақши асосии чакан мебошад. Ҳамчунин нақшҳои аноргул, аштак, барги бед, бодомак, каҷак, лола, райҳон, тоҷи хурӯс, думи товус, моҳу ситора, пойи гунҷишк зиёд истифода мешаванд. Одатан барои дӯхтани куртаи чакани занона рангҳои сафед, сурх ва зардро интихоб мекарданд. Куртаи чаканро аслан занҳо дар тӯй ва рӯзҳои ид, махсусан дар иди бостонии тоҷикон Наврӯз ба бар мекарданд. Қобили гуфтан аст, ки соли 2018 «Санъати чакандӯзӣ дар Тоҷикистон» ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шудааст.

Гӯшаи «Армуғонҳои тоҷикӣ (кордсозӣ, кундалкорӣ, чӯбкорӣ)» 

Гӯшаи навбатии намоишгоҳ ба санъати ҳунарҳои мурдумии тоҷикон бахшида шудааст. Дар ин ҷо армуғонҳои тоҷикӣ ва намунаҳои санъати қадимаи кордсозӣ, кундалкорӣ, чӯбкорӣ пешниҳод карда шудаанд. Тоҷикон аз қадим дохили хонаҳои худ, масусан меҳмонсарои худро орову торо медоданд. Аз ин рӯ ҳунари чӯбкорӣ, гаҷкорӣ ва оинабандии утоқҳо хеле ривоҷ ёфтааст.

Ҳамчунин шафати айвонҳо, долонҳо ва сутунҳои хонаҳоро бо санъати чӯбкорӣ зебу зиннат медоданд. Дар ин гӯша чандин намунаҳои чӯбкориро дида метавонед.


Яке аз воситаҳои оро додани дохили утоқҳо ва махсусан қасрҳои шоҳон- ин  офаридани кундалҳо мебошад, ки хеле санъати нозук буда, тиллокорӣ ва зарҳалкорӣ карда мешуд. Барои сохтани кордҳои суннатӣ дастаи онро аз шохи бузҳои кӯҳӣ, нахчир ва Марко Поло зиннат медоданд.

Гӯшаи «Сангҳои Тоҷикистон»

Тоҷикистон ки мамлакати кӯҳсор мебошад, гӯшаи махсуси намоишгоҳ ба сангҳои қиматбаҳо, нимқиматбаҳо ва канданиҳои фоиданок бахшида шудааст. Ҳадаф аз баргузор намудани чунин гӯша  намоиши сангҳои гуногун, аз қабили лоҷувард, ақиқ, яшма, фирӯза, квартс, оникс, мармар ва дигар сангҳои зиннатӣ, ки дар конҳои Тоҷикистон вомехӯранд, мебошад.

Сангҳои ороишӣ чун маҳсулоти гуногун, аз ҷумла мӯҳра, гарданбанд, гӯшвор, дастпона, шамъдон, гулдон, ҷиҳози рӯи миз, шоҳмот, мусаввараҳои гуногун ва дигар маснуоту молҳои армуғонӣ пешкаш карда мешаванд. Ин ашёи санъат маҳсули кори устоҳои тоҷик буда, дар онҳо таъриху фарҳанги миллати тоҷик тасвир ёфтааст.

Гӯшаи «Асбоби мусиқӣ»

Мардуми тоҷик аз замонҳои қадим мусиқиро дӯст медошт, аз ин рӯ гӯшаи махсуси намоишгоҳ ба асбоби мусиқии миллӣ бахшида шудааст. Дар ин ҷо асбоби мусиқии хоси тоҷикон, аз қабили дутор, сетор, танбӯр, рубоб, думбура, уд, барбат, ғижжак, най, доира, даф, таблак ва ғайра пешкаш карда шудаанд. Асбоби мусиқӣ вобаста аз минтақа дар ноҳияҳои гуногуни тоҷикнишин рушд кардааст.

Дар байни асбоби мусиқӣ рубоби бадахшонӣ, ки аз ду даста иборат аст, аз дигар асбоб фарқ дошта, ифодагари рушди хоси фарҳанги мусиқии тоҷикони ин минтақа мебошад.

Тахти рамзии шоҳ Исмоили Сомонӣ

Дар як гӯшаи махсуси Манораи «Истиқлол» тахти заррини рамзии шоҳ Исмоили Сомонӣ ҳамчун бунёдгузори аввалин давлати асили тоҷикон ҷой дода шудааст. Тахти заррин аз чӯби чормағз бо санъати баланд сохта шуда, пурра тиллоандуд карда шудааст. Тахти шоҳиро тоҷи тиллоӣ, ки бо сангҳои қиматбаҳо ороиш ёфтааст, зебу зиннат медиҳад.

Инчунин дар рӯи тахти шоҳӣ амуди салтанат ҳамчун рамзи давлатдорӣ гузошта шудааст. Дар пасманзар тахту тоҷи шоҳиро саҳнаҳои таърихӣ аз деворнигораҳои шаҳрҳои қадимаи тоҷикон Афросиёб, Варахша ва Панҷакенти Қадим ороиш медиҳанд, ки  онро ҳунармандони тоҷик аз сангҳои нимқиматбаҳо барқарор намудаанд.


Дар атрофи тахт ҳафт калиди тиллоии рамзии ҳафт шаҳри ҷумҳурӣ – Душанбе, Саразм, Хуҷанд, Истаравшан, Ҳисор, Ямчун ва Кӯлоб гузошта шудаанд.

Дар даврони истиқлол 5500-солагии Саразм, 3000-солагии Ҳисор, 2700-солагии Кӯлоб, 2500-солагии шаҳрҳои Хуҷанд ва Истаравшан дар сатҳи байналмилалӣ бо тантана ҷашн гирифта шудаанд. Инчунин нусхаи намунаҳои санъати волои заргарии замони Ҳахоманишинӣ, маъруф ба Хазинаи Амударё – бозубанди тиллоӣ ва аробачаи тиллоӣ низ барқарор карда шуда, ба намоиш гузошта шудааст.

Мусаввараи рассомони Тоҷикистон

Нигористон дар ошёнаи дуюми Манораи «Истиқлол» ҷойгир буда, дар он зиёда аз 70 мусаввараи рассомони Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта шудаанд. Ин мусаввараҳо амали кори рассомони Академияи рассомии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Рассоми халқии Тоҷикистон Олимҷон Рабизода мебошанд. Ҳамчунин қисми зиёди мусаввараҳо амали рассомони ҷавон мебошад.

Мавзуи мусаввараҳо ба манзараҳои дилфиребу нотакрори табиати Тоҷикистон, чеҳраҳои мондагори таърихи халқи тоҷик ва лаҳзаҳои тақдирсози таърихи тоҷикон, бунёди иншооти бузурги давраи истиқлол ва ғайраҳо бахшида шудааст.

Осорхонаи шаҳри Душанбе

Осорхонаи дар ошёнаи дуюми Манораи Истиқлол ҷой гирифтааст. Осорхона мувофиқ ба талаботи муосири осорхонашиносӣ ва ороиши замонавӣ бино ёфтааст. Экспонатҳои осорхона доир ба таърихи қадимаи Душанбе ва рушди шаҳр дар давраи навтарин ба тамошобинон маълумоти муфассал манзур менамоянд. Ҷобаҷогузории нигораҳо мувофиқ ба хронологияи таърихӣ амалӣ шуда, онҳо тавассути гузоштан дар витриниҳо ва ё аксу тасвирҳо дар деворҳо манзури тамошобинон гардидаанд.

Шаҳри Душанбе дорои таърихи қадимӣ мебошад, ки ба ин ёдгориҳои асри санг — табарҳои сангии аз Лучоб ва соҳили дарёи Душанбе ёфтшуда гувоҳӣ медиҳанд. Осори давраи асри биринҷӣ аз гардиши фурудгоҳи шаҳр, шаҳраки антиқии Душанбе ва дигар намунаҳои ҳунар, ба мисли акси Дионис ва гӯшвори занона дар шакли сфинкс аз маҳали Амфитеатри шаҳр ва ҳамзамон табари биринҷии аз Шаҳраки Академӣ пайдошуда витринаҳои алоҳидаро оро медиҳанд.

Ҳафриёти бостоншиносӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки дар ҳудуди имрӯзаи шаҳри Душанбе дар давраи асри санг одамон зиндагӣ мекарданд. Бозёфтҳои археологӣ шаҳри калон будани Душанберо дар аҳди Юнону Бохтар ва Кушониён, дар замони асрҳои миёна тасдиқ менамоянд. Доир ба таърихи асримиёнагии шаҳр хазинаи сиккаҳои темурӣ, нигораҳои тилло ва нуқрагӣ, харитаи ёдгориҳои археологӣ, аксҳои   бекии Ҳисор ва амлокдории Душанбе дар солҳои 1869-1921, Душанбе ва деҳаҳои атрофи он дар ибтидои асри ХХ, кӯзаву сафолпораҳои гуногун барои ташрифоварандагон маълумоти кофӣ манзур менамоянд.


Шаҳри Душанбе дар давраи нав ва навтаринро осори гуногуни дар витринаҳо гузошта ва аксҳои зиёди таърихии дар девор насбшуда муаррифӣ менамоянд. Тамошобинон аз нигораҳо ва тасвирҳои манзуршуда доир ба марҳала ба марҳала рушд намудани шаҳр, аввалин биноҳои замонавӣ, пойтахти ҷумҳурии мухтор ва сипас ҷумҳурии иттифоқӣ эълон шудани он, нахустин муассисаҳои саноатӣ ва фарҳангӣ, роҳҳои дохили шаҳр маълумот пайдо менамоянд. Як гӯшаи алоҳида ба таърихи давраи ҷанги солҳои 1941-1945 бахшида шудааст, ки он бо аксҳои раванди сафарбарӣ ба ҷабҳа, гусели ҷанговарон, корномаҳои мардуми шаҳр дар ақибгоҳ, корхонаҳо, муассисаҳо, эвакогоспиталҳо, сохтмони манзил ва коргоҳҳо, аксҳои ҷанговарони душанбегӣ аз ҷабҳа, асбобу анҷом ва либосу яроқҳои ҷанговарон, нусхаи хитобномаҳо, рӯзномаву маҷаллаҳо ороиш ёфтааст.

Бо нигораҳои гуногун ва аксҳои таърихӣ ҳаёти шаҳр дар солҳои баъдина, аз ҷумла таъсиси Академияи илмҳои Тоҷикистон, сангфарш намудани кӯчаи марказии шаҳр, аввалин бинои чорошёнаи истиқоматӣ, кушодашавии Боғи ҳайвонот, фурудгоҳ ва вокзали нави Душанбе, аввалин яхдони «Помир», китобҳо доир ба шаҳр, сурат-албомҳо инъикос ёфтаанд.

Бахши алоҳидаи осорхонаро дар замони навтарин давраи соҳибистиқлолияти Тоҷикистон ташкил медиҳад. Тавассути нигораҳо ва аксҳои таърихӣ куллан тағйир ёфтани симои шаҳр дар замони соҳибистиқлолӣ, махсусан даҳсолаи охир нишон дода шудааст. Маросими ифтитоҳи маҷмааи меъмории Исмоили Сомонӣ,   боғҳои истироҳативу фарҳангӣ,   ифтитоҳи Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон ва  бинои  Осорхонаи миллӣ, Китобхонаи миллӣ,   Қасри Миллат, Кохи Наврӯз,  Наврӯзгоҳ, Боғи Парчам, Боғи Нишони миллӣ, Маҷмааи «Пойтахт»,  эстакадаҳои Душанбе, биноҳои замонавии истиқоматӣ, мактабҳои президентӣ, кӯдакистонҳо ва дигар дастовардҳои замони Истиқлол нишон дода шудаанд.


Дар толори осорхона витринаҳои алоҳида доир ба сарулибоси минтақаҳои ҷудогонаи мамлакат, асбоби рӯзгор ва мусиқӣ ҷойгир шудаанд.  Умуман, осорхона ҳамчун ҷои тамошобоб ва ҷолиб барои сокинони шаҳру ҷумҳурӣ ва сайёҳони хориҷӣ омода гардидааст.

Майдончаи махсус барои тамошои манзараи шаҳри Душанбе

Дар баландии 91 метри Манораи «Истиқлол» майдончаи мудаввари махсус барои тамошои манзараи зебои шаҳри Душанбе ҷой дорад. Шумо имкон доред ҷуғрофияи Душанбешаҳрро ки дар соҳили чап ва рости дарёи Душанбе ҷойгир аст, бубинед.

Аз ин нуқта симои биноҳои маъмурӣ ва фарҳангии маркази шаҳр, бахусус бинои Қасри Миллат, Парчам ва Нишони миллии Тоҷикистон ба хубӣ дида мешавад. Дар як лаҳза ҳамаи ноҳияҳои шаҳри Душанбе – Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ ва Шоҳмансурро дидан мумкин аст. Махсусан, манзараи дилфиреби қаторкӯҳи Ҳисор, ки дар қисми шимолии шаҳр тӯл кашидааст, хело зебову мафтункунанда мебошад.


Шабона симои шаҳр бо чароғҳои фурӯзони кӯчаҳо ва биноҳои баландошёна ба худ ҳусну таровати хоси дигар мегирад.

Синамои 5D дар Манораи «Истиқлол» 

Кинотеатри 5D — як навъ синамои ҷозибаноки насли нав аст. Дар синамои 5D тамошобин ҳангоми нишастан дар курсиҳои дар платформаи динамикӣ ҷойгиршуда аз тамошои навтарин филмҳо лаззат мебарад. Ҳаракати ин платформа ба ҳаракати камера дар филм вобаста аст. Ба шарофати ин гуна техника технологияи 5D ба тамошобин имкон медиҳад, ки худро дар сюжети филм ғарқ кунад ва ҳузури воқеии ҷисмониро эҳсос намояд.

Платформаи эффекти 5D дорои ду дараҷаи озодӣ аст: ба пеш-қафо ва рост ба чап бо суръат ва шиддат, ки ба сюжети филм вобаста аст. Платформа ҳисси афтиши озод, рондани босуръат, бозистии сахт, ҷаҳидан, бархӯрд ва дигар ҳаракатҳоро вобаста ба сюжети филм тақлид мекунад. Эҳсоси ҳузури комил тавассути таҷҳизоти махсус, ки шамол ба вуҷуд оварда, об мепошад, ба даст оварда мешавад.

Акрамхоҷа АКБАР,
АМИТ «Ховар»

АКС: шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе/АМИТ «Ховар»

Май 9, 2024 09:09

Хабарҳои дигари ин бахш

РИСОЛАТИ ТАЪРИХИИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Андешаҳо ба ифтихори 30-солагии таъсиси ҳизб
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон ифодагари ғамхории Пешвои миллат нисбат ба мардуми Тоҷикистон аст
ШУМОРАИ ХОҶАГИҲОИ ТУХМИПАРВАРӢ ДАР ТОҶИКИСТОН БА 128 АДАД РАСИД. Аммо норасоии тухмии зироати кишоварзӣ то ба ҳол боқӣ аст
Рушди дипломатияи варзишӣ ташаббуси нави ҷаҳонии Тоҷикистон аст
18 МАЙ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОСОРХОНАҲО. Онҳо ба мардум фароғати фарҳангӣ бахшида, бо таърих ва фарҳанги қадимӣ шинос менамоянд
ОСОРХОНА — ОИНАИ ТАЪРИХИ ХАЛҚ. Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо
Озмуни «Беҳтарин акси шаҳри Душанбе» оғоз шуд
ҚАБУЛИ ҚОНУНИ МИЛЛӢ ДАР ТАҲРИРИ НАВ. Он ба таҳкими сатҳи маънавиёти шаҳрвандон ва некуаҳволии шахс, оила ва ҷомеа равона шудааст
«БЕҲТАРИН РОЛИКИ САЙЁҲИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Бо мақсади тарғибу ташвиқи имконоти сайёҳии пойтахт озмун оғоз ёфт
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Директори идории Хазинаи Байналмилалии Асъор Кристалина Георгиева мулоқот намуданд
АСРОРИ ОИЛАДОРИИ СУҒДИЁН. Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии оила
Волидон ба фарзандон бояд аввал илму дониш ва касбу кор омӯзонанд, то дар пешбурди оиладорӣ дар намонанд