Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо доираҳои соҳибкории Япония

Октябрь 5, 2018 10:27

ДУШАНБЕ, 05.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. 5 октябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар шаҳри Токио бо роҳбарияти Ассотсиатсияи тиҷорат бо Россия ва кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ROTOBO) ва корпоратсияҳои бонуфузи Япония Иточу (ITOCHU), Марубени (Marubeni), Митсубиши (Mitsubishi), Сумитомо (Sumitomo), Соҷитс (Sojitz), МУФГ Банк (MUFG Bank), Кавасаки Ҳеви Индастриес (Kawasaki Heavy Industries LTD.)  мулоқот карданд.

Зимни баромади худ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба фазои амну суботи кишвар, имконоти васеи сармоягузорӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳайё гардидааст, андешаронӣ намуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҷалби технологияи муосир, сармоягузорӣ ба татбиқи лоиҳаҳои барои ҷонибҳо судманд, таъсиси корхонаҳои муштарак, таҳкими ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, зарурати ба роҳ мондани муносиботи зичу пурсамари ташкилотҳои молиявӣ ва сармоягузории Япония суханронӣ карданд.

Дар мулоқот имконоти мусоиди ҳамкорӣ дар самти иштироки ширкатҳо ва ташкилотҳои молиявии японӣ дар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, алалхусус дар соҳаи тиҷорат, сохтмон, нақлиёту алоқа, саноати кӯҳӣ, саноати сабук ва хӯрокӣ, кишоварзӣ ва коркарди маҳсулоти он, туризм, дар бахши гидроэнергетика, аз ҷумла бунёди неругоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ ва дигар соҳаҳои барои тарафҳо манфиатбахш муаррифӣ карда шуд.

Рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои истихроҷи маъданҳо, коркарди аллюминий, боғдорӣ, заминдорӣ, чорводорӣ, истеҳсолу коркарди пахта ва бо истифодаи захираи бузурги растаниҳои табиии шифобахш густариши ҳамкорӣ дар соҳаи фармасевтӣ муҳим арзёбӣ карда шуд. Дар соҳаи фармасевтӣ фаъолияти корхонаи муштараки “Аввалин” оид ба коркарди растаниҳо ва истифодаи маҳсулот аз онҳо намунаи беҳтарини ҳамкории дуҷониба маънидод гардид.

Таъкид шуд, ки ҷониби Тоҷикистон омода аст ҳамкориро бо Ассотсиатсияи тиҷорат бо Россия ва кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ROTOBO) ва корпоратсияҳои бонуфузи Япония оғоз намуда, робитаҳоро таҳким бахшад.

“Тоҷикистон барои ба роҳ мондани тиҷорат ва маблағгузорӣ дар асоси манфиатҳои дуҷониба имкониятҳои фарох дорад ва мо омодаем дилхоҳ пешниҳодро барои рушду густариши муносиботи иқтисодию тиҷоратӣ ва маблағгузорӣ баррасӣ намоем”,- иброз доштанд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз доираҳои соҳибкории Япония даъват ба амал оварданд, ки барои шиносоии наздик бо имконоти сармоягузории кишвари мо ба Тоҷикистон ташриф оранд.

Мулоқот бо доираҳои соҳибкории Япония 05.10.2018

Октябрь 5, 2018 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Темурмалик майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Темурмалик варзишгоҳи марказиро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Темурмалик якчанд иншооти соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва обтаъминкуниро тариқи фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро ифтитоҳ намуданд