Мулоқоти Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Сарвазири Ҷумҳурии Беларус Сергей Румас
ДУШАНБЕ, 11.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар ҳошияи ҷаласаи навбатии Шўрои Сарони Ҳукуматҳо-Сарвазирони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо Сарвазири Ҷумҳурии Беларус Сергей Румас мулоқот намуд.
Дар мулоқот вазъ ва дурнамои муносибатҳои байниҳукуматии Тоҷикистон ва Беларус дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуда, муҳимияти рушду тавсеаи ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ дар комплекси агросаноатӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ниёзи аввал, таъмини робитаи доимии доираҳои соҳибкорию тиҷоратии ду давлат ва иҷрои қарорҳои Комиссияи байниҳукматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, инчунин таҳкими равобити судманди дуҷониба байни вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистону Беларус таъкид гардид.
Ҳарду ҷониб ҳамзамон доир ба дигар мавзуъҳои муҳими марбут ба ҳамкории байниҳукуматӣ табодули афкор намуданд.









Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд






