Мулоқоти Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Вазири корҳои хориҷии Покистон Мақдум Шах Маҳмуд Курейшӣ
ДУШАНБЕ, 11.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрўз мулоқоти Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Мақдум Шах Маҳмуд Курейшӣ баргузор шуд.
Мақдум Шах Маҳмуд Курейшӣ дар кори ҷаласаи навбатии Шўрои Сарони Ҳукуматҳо-Сарвазирони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай ҳамчун намояндаи расмии кишвари аъзои созмон иштирок менамояд.
Дар мулоқот аз сатҳу сифати ҳамкории байниҳукуматии Тоҷикистон ва Покистон изҳори қаноатмандӣ карда, ҳарду ҷониб омодагию ҳавасмандии худро барои рушд ва тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва сармоягузорӣ дар доираи кори Комиссияи муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ таъкид намуданд.
Доир ба иҷрои саривақти мувофиқаҳои байнидавлатӣ дар сатҳи сарони ду давлат низ табодули афкори судманд анҷом дода шуд.
Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои марбут ба иштироки муштараки Тоҷикистон ва Покистонро дар татбиқи лоиҳаи бузурги минтақавии хатти интиқоли барқи баланшиддати КАСА-1000 баррасӣ намуданд.








Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд






