Осору олами тафаккури Мавлоно ганҷинаи пурасрорест, ки ҳамеша диққати муҳаққиқони ҷаҳонро ба худ ҷалб менамояд

Октябрь 19, 2018 16:31

ДУШАНБЕ, 19.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба зодрӯзи мутафаккири барҷаста Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ симпозиуми байналмилалии илмӣ таҳти унвони «Мавлоно — васлгари халқҳо ва тамаддунҳо» ба кори худ оғоз кард.

Симпозиуми байналмилалиро Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ ҳусни оғоз бахшида, меҳмонон ва ҳаводорони осори Мавлоно Ҷалолиддини Балхиро хайрамақдам гуфт. Ӯ зикр кард, ки мутафаккир ва яке аз нобиғагони барҷастаи назми тоҷику форс Мавлоно Ҷалолиддини Балхиро дар Тоҷикистон ҳамеша гиромӣ доштаву медоранд. Осору афкори ӯ мавриди арҷгузорӣ ва омӯзиши пайваста қарор дода шуда, барои гиромидошти шахсияти ин орифи бузург ҳамоишҳои гуногун баргузор карда мешаванд. Симпозиуми имрӯза низ аз қабили ҳамоишҳоест, ки барои дарки тафаккури Мавлоно мусоидат хоҳад кард.

«Шахсият ва осори ин мутафаккири сатҳи ҷаҳонӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми дунё ҳамчун ганҷинаи пурасрор шинохта шуда, муҳаққиқону ҳаводорони зиёдро ба худ ҷалб намудааст. Аз ин сабаб, баргузор намудани чунин ҳамоишҳо барои таҳқиқу омӯзиши Мавлоно ва осори гаронарзишу гуногунмавзӯи ӯ муҳим ва ба манфиат аст»,-иброз дошт Фарҳод Раҳимӣ.

Муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи АИ ҶТ Низомиддин Зоҳидӣ иброз дошт, ки Мавлоно дар қаламрави Тоҷикистони имрӯза ба дунё омада, бештари ҳаёти худро дар Туркия ба сар бурдааст. Аз ин рӯ, таҷлили зодрӯзи ӯ ҳамасола 30 сентябр дар Тоҷикистон ва посдории хотири ӯ бо ташкили Урси Мавлоно дар моҳи декабр дар Туркия ба ҳукми анъана даромада, ба рамзи дӯстиву қаробати маънавии мардумони Тоҷикистону Туркия табдил ёфтааст. Ба ин маънӣ, Симпозиуми имрӯза низ дар таҳкими ҳамкории фарҳангии ду кишвари дӯст нақши худро хоҳад гузошт.

Низомиддин Зоҳидӣ гуфт: «Мавлоно ба эътирофи муҳаққиқони Ғарб яке аз хонданитарин шоирони ҷаҳон дар Амрико дар ду даҳсолаи охир маҳсуб мешавад. Тарҷумаи асарҳои Мавлоно ва китобҳо роҷеъ ба рӯзгор  ва осори ӯ пайваста бо теъдоди бузург нашр ва харидорӣ мешаванд. Фикр мекунам ин ба се омил вобастагӣ дорад: ба шахсияти хориқулодаи адабу ирфон будани Мавлоно, посухгӯи ниёзҳои маънавиву ахлоқии имрӯзу фардои инсоният будани олами андешаҳои ин орифи бузург ва рӯҳияи башардӯстонаю моҳияти инсонгароёна доштани осори Мавлоно».

Ноиби президенти Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) Сурейя Эр зимни суханронии худ ба ҷониби Тоҷикистон, махсусан ба Академияи илмҳои Тоҷикистон барои ташаббус ва саҳмашон дар доир намудани ин Симпозиуми муътабари илмӣ изҳори сипос намуд ва изҳор дошт, ки шахсияти Мавлоно ва осори нотакрори ӯ кайҳо марзҳоро убур кардаву ба мероси ҷаҳонӣ табдил ёфтааст: «Дар Туркия ба шахсият ва олами тафаккури Мавлоно эҳтироми зиёд доранд. Оромгоҳи Мавлоно дар Қуния ба яке аз маконҳои муқаддас ва зиёратгоҳи хурду бузург табдил ёфтааст, ки ин аз бузургии андешаву таълимоти ин нобиға дарак медиҳад».

Пас аз оғози расмии Симпозиум намоишгоҳи нусхаҳои қадимӣ ва хаттотӣ дар васфи ҳазрати Мавлоно ифтитоҳ карда шуд, ки иштирокдорони ҳамоиш аз он дидан карданд.

Баъдан Симпозиум ба кори худ идома дод ва донишмандону муҳаққиқони ватаниву хориҷӣ барои рӯшанӣ андохтан ба паҳлуҳои гуногуни шахсият ва осори Мавлоно маърӯзаҳо қироат намуданд. Симпозиуми мазкур ду рӯз: 19 – 20 октябр давом карда, дар назар аст дар он масъалаҳои «Мавлоно ва мавлавишиносӣ дар Осиёи Марказӣ», «Мавлоно ва мавлавишиносӣ дар Туркия», «Нақш ва мақоми Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар густариши фарҳанги мадоро дар ҷаҳон», «Масъалаҳои рӯзгор ва осоршиносии Мавлоно», «Андешаву афкори фалсафӣ, ахлоқӣ ва эстетикии Мавлоно», «Маснавии маънавӣ ва нақши он дар адабиёт ва фарҳанги ҷаҳон», «Мавлоно ва ҷаҳони муосир» мавриди муҳокима қарор дода шавад.

Дар Симпозиуми байналмилалӣ олимону муҳаққиқон ва донишмандон аз давлатҳои Тоҷикистон, Туркия, Ӯзбекистон, Эрону Афғонистон ва Германия иштирок доранд.

Ҷасур АБДУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

Октябрь 19, 2018 16:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Барандагони Ҷоизаи байнидавлатии «Ситораҳои Иттиҳод»-ҷоизаи асосии башардӯстонаи ИДМ эълон шуданд
Аз Ҳисор 58 нафар ба даври минтақавии озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» роҳхат гирифтанд
Ба ифтихори 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Боқӣ Раҳимзода дар Осорхонаи миллӣ намоиш ташкил мешавад
«РОҒУН-КОХИ НУР». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши асарҳои рассомон ифтитоҳ ёфт
Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос гардид
Дар доираи Фестивал-озмуни «Парасту» се намоиш манзури тамошобинон гардонида мешавад
Ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон туҳфаҳои нодир тақдим карда шуданд
ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН. Асарҳои офаридаи Садриддин Айнӣ шаҳодатномаи миллатанд
Дар шаҳри Ганҷа консерти ансамбли эстрадии Оркестри давлатии симфонии Тоҷикистон баргузор гардид
ОСОРХОНАИ УСТОД САДРИДДИН АЙНӢ. Сайре ба қадамҷои бузургони миллат
Дар Тоҷикистон Фестивал-намоишгоҳи дуюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир мешавад
Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ – «Парасту 2025» бо намоиши «Куруши Кабир» оғоз мегардад