«РОҲИ ХУДРО ДУРУСТ ТАЙ КУН!». Афсонаи пандомӯз барои онҳое, ки фарзандони худро аз хурдӣ ба хондани китобҳо ташвиқ мекунанд

Октябрь 27, 2018 10:10

ДУШАНБЕ, 27.10.2018./АМИТ «Ховар»/. Чанд рӯз қабл Рӯзи байналмилии китобхонаҳои мактабӣ ҷашн гирифта шуд, ки он дар баъзе кишварҳо ҳатто як моҳ идома меёбад. Барои хонандагоне, ки ҳаваси донишандӯзӣ доранд, китобхона ҷойи дӯстдоштаашон аст. Тавассути китобҳо онҳо гӯё ба сайри олам мебароянд, аз бисёр чизҳо воқиф мешаванд, дар симои қаҳрамонони мусбат дӯст ва тимсоли ибрат меёбанд. Ин ҷо ба ёд овардани гуфтаи нависандаи забардасти рус Максим Горкий кофист: «Ҳар чизи хубе, ки дар ман ҳаст, аз шарофати китобҳост». Аз ин рӯ ба волидайн зарур аст, ки фарзандони худро аз хурдӣ ба хондани китобҳо, афсонаю ривоят ва қиссаю ҳикояҳои пандомӯз ҷалб намоянд. Дар зер мо як афсонаи ибратбахши ҷолибро, ки аз ҷониби нависандаи Украина Людмила Орёл бо номи «Афсона дар бораи нилуфар» барои кӯдакони синни хурд таълиф шудааст, дар тарҷумаи шореҳи адабии АМИТ «Ховар» Мансур СУРУШ манзури хонандагон мегардонем.

Дар як кишвари дури муҷалло, он ҷое, ки сукут чун навои гӯшнавози муъҷизаосо танин меандозаду ҳавояш ба мисли ангубин гуворою муаттар аст, кӯли сеҳрноке доман кашидааст. Ҳар субҳи солеҳон дар кӯл бар пояҳои пурқувват нилуфарҳои назаррабо боз шуда, ба олами ҳастию ба якдигар дуруду пайғом мефиристоданд. Ҳар кадоми онҳо ба сари худ бемисл ва олиҷаноб буданд, рангҳои гуногун доштанд: сафед, зумурадгун, сурх ва хатто зарду кабуд. Кӯли сеҳрнок бо камоли майл онҳоро дар оби мусаффои хеш мунъакис месохт. Дар як вакту соати муайян аз қазо чунин ҳодисае рух дод…

Нилуфари барфосо сафеду зебопайкар бо резадонаҳое, ки дар ғилофи мобайни гул пухта расида буданд, ба сухан пардохт: «Аё эй фарзандони азизи ман! Шукр, шумо калонак шудед, вақти ба сафар баромаданатон ҳам расид. Шуморо дар пеш саёҳати тӯлонӣ ва ҳамзамон пурхатар дар пеш аст, ки дар фарҷоми он ҳар кадоми шумо метавонед баркамолу зебо шавед, амсоли дигар бошандагони дунёи мо. Вале тай кардани ин роҳи дур ва бозгашт ба хона на ба ҳама муяссар мешавад. Ба суханони ман бодиққат гӯш диҳед. Дар ниҳоди ҳар яки шумо се сарват ниҳон аст.

Он се сарват инҳоянд: ростӣ, накӯӣ ва сабр. Дар ҷаҳон чунин ҳолате нест, ки онҳо шуморо аз мушкилот вонараҳонанд. Ба суханони ман бодиққат гӯш кунед… ва Нилуфар бо овози нимшунаво охирин панди худро ба донаҳои кӯчак арза дошт. Дар хотима ӯ гуфт: «Ман ба ҳар кадоми шумо бовар дорам ва дар хона, дар Кӯли сеҳрнок интизор мешавам».

Бегоҳӣ ғӯза бо донагиҳо бархӯрд ва ҳамаи онҳо дар обҳои мусаффои Кӯли сеҳрнок ғарқ шуданд. Яке аз онон беш аз дигарон шитоб дошт. Вай беист тааҷҷуб мекард: «Чаро Нилуфари бузург гуфт, ки роҳ пурхатар аст, охир об покизаю мусаффо аст, ҳатто Офтоб метобад». (Донача ҳанӯз камтаҷриба буд, то бидонад, поин рафтан хеле осон аст нисбат ба боло шудан).

Донача ҳар қадар ба умқ фурӯ мерафт, об ба ҳамон андоза тира мешуд ва оқибат лойолуд гашт.

«Вой-вой-вой!-дод зад Донача, – Ин ҷо чизе наменамояд!». Вай ҳарчӣ бештар поин мерафт ва ниҳоят дар гил дармонд.

Донача аз тарс чашмонашро пӯшид. Вақте дар худ ҷуръат пайдо намуд ва аввал як чашму баъд дигарашро во кард, ҳама ҷо пурзулмат буд.

«Акнун ба куҷо равам? Хонаам куҷост? Ман чӣ гуна бармегардам?». Гӯё дар ҷавоб вай садоеро шунид. Як махлуқи сиёҳи дароз босуръат сӯяш меомад.

Лаҳзае пас Донача махлуқи ба тимсоҳ монандро дид, ки танааш хордор буд. Дар тахтапушти махлуқи ваҳшатангез номи ӯ сабт шуда буд, аммо дар торикӣ онро хонда намешуд.

«Донача,- бо овози гӯшхарош ба гап даромад махлуқ,-ман интизори ту будам. Туро ҳаёти нав дар пеш аст ва ман омодаам ба ту маслиҳати пурқимат диҳам. Дар зиндагӣ ҳар хел ҳодиса рӯй дода метавонад. Гоҳо нафаре тасодуфан туро тела медиҳад, охир ин ҷо торикистон аст. Ё касе бар асари табъи нохуш, табъи бошандагони ин Дунё ҳамеша нохуш аст, ба ту сухани тунд гӯяд. Инро ҳеҷ гоҳ беҷавоб намон. Ба ӯ дучанд, сечанд ҷавоб бидеҳ, чунон зан, ки ба дигарон ибрат шавад…». Махлуқи пурасрор ҳамоно бо овози гӯшхарош суханашро идома медод.

Доначаи тарсон фикр кард: «Шояд гапи ӯ дуруст бошад. Вагарна дар чунин макони пурдаҳшат чӣ гуна метавон зинда монд?». Ин дам суханони Нилуфари бузург, ки мо нашунида мондем, ба ёди Донача расиданду ӯ ба андеша рафт:» Агар аз рӯи маслиҳати ин махлуқ амал кунам, дар ин макони ифлос якумрӣ мемонам ва ҳамчунин шумшакл хоҳам шуд».

Махлуқ боз ҳам наздиктар шуд. Агар Донача маслиҳати ӯро қабул мекард, вай ҳақ дошт, ки бо дандон пораеро аз танаи Донача канда гирад. Охир дар он Дунё касе чизеро, ҳатто маслиҳатро ройгон намедод. Дар сурате, ки гуфтаи махлуқ мешуд, бозгашти Донача ва ба гули зебои Кӯли сеҳрнок мубаддал шудани ӯ имконнопазир мегашт.

«Илоҷи ҳар воқеа ҳаст! Илоҷи ҳар воқеа ҳаст!” — такрор ба такрор мегуфт Донача. Ин дам ӯ ба хотир овард, ки дорои сарватҳост. Ин ҳамон рози асосии Нилуфари бузург буд: ҳамеша дар ёд дор, ки дар ниҳоди ту се сарвати тавоно ниҳон аст: Ростӣ, Накӯӣ, Сабр. Чун аз онҳо ёд кунӣ, зуд кумак мерасад.

Ҳамон дам мӯъҷиза рӯй дод! Ҳамин ки Донача маслиҳатҳои пурхашми махлуқро рад кард, ӯ нурборон шуд ва Некӣ, чун ситораи дурахшон, атрофро мунаввар сохт. Дар ин лаҳза Донача дар тахтапушти махлуқ номи ӯро хонд: «Бадӣ».

Як неруи муқтадир Доначаро ба боло тела дод. Акнун ӯ худро дар олами дигар дид. Дунёи зулмат дар поён монд. Олами дигар бошад тираи хокистарранг буд, нафаскашӣ ҳам озодтар.

Донача ба гирду пеш нигарист ва хурсандона нидо кард: «Ваҳ, ман ду барг баровардаам. Чӣ хуш! Ман ба гули ҳақиқӣ табдил ёфта истодаам».

Вале шодӣ кардан ҳанӯз барвақт буд.

Як ғуки калони ҳубобчадори лағжонак ҷониби Донача омадан  гирифт. Вай панҷаҳои пардадори худро эҳтиёткорона гузошта меомад ва ғурунгоскунон мегуфт: «Хуш омадӣ ба Дунёи мо! Қонунҳои мо хеле одиянд. Ҳар кас аз барои худ. Ёрӣ ба дигарон кори хатост. Ба чизе нигоҳ накарда, манфиатҳои худро  бояд эҳтиёт кард. Барои ин дурӯғ гуфтан ҳам равост. Агар номаъқулие кардӣ — бори дигарон кун. Агар чизеро тақсим кардан лозим бошад, чунин амал намо: ба худ панҷ, ба дигарон – як…»

Донача бо ҳайрат ба ғук, ки чунин суханони гӯшношунид мегуфт, дурудароз нигарист. Ин суханон аз пандҳои додаи Нилуфари бузург комилан фарқ мекарданд.  Фикри се сарват ба ёдаш омад, охир Донача нияти дар Дунёи хокистарранг зистан ва аз рӯи қонунҳои он амал кардан надошт.

Ҳамон лаҳза ситораи дурахшони Ростӣ ӯро чун сипар иҳота кард ва сахт ба боло тела дод. Аммо Донача тавонист дар тахтапушти ғук ин калимаро хонад: «Дурӯғ».

Ин дафъа сайёҳи мо ба олами тирагун ворид шуд. Вай ҳис кард, ки баргҳояш афзудаанд. Се баробар! Охир бо ҳар ғалаба Донача камол меёфт ва қавӣ мегашт. Дар дуродур нурҳои офтоб метофтанд.

Аммо санҷишҳо ҳанӯз ба охир нарасида буданд.

Пешорӯи Донача як кирми хунукбашараи ба мор монанд баромад. Вай оҳиста мехазид, ба Донача бо зеҳн менигарист, гӯё фахмидан мехост, ки кадом узви бадани ӯ оҷиз аст.

Кирм аз бошандагони ду дунёи дигар, ки Донача аз онҳо раҳо ёфт, маккортар буд. Овози ӯ нарм ва оромкунанда ба гӯш мерасид: «Корат омад кард Нилуфари хурд,-акнун ту ҳақ дорӣ, ки чунин ном барандат.

Дар дунёи мо оромӣ ҳукмфармост, шамол намевазад, чандон торик ҳам нест. Қонунҳои мо сода ва мақбуланд.

Аввалаш, агар кореро кардан нахоҳӣ, асло накун, на омӯз, на кӯшиш кун; аз ҳама мушкилот худро дур гир. Дуввум, ба мо ҳеҷ гуна дӯст лозим нест, вагарна нозу нузи онҳоро бояд бардошт, дар вақти дармондагӣ бояд дасти онҳоро гирӣ. Сеюм, агар касе ба ту гапи қабеҳ занад, худдорӣ накун, ҳар чизи бад ба сарат ояд, ҳамонро гӯй…»

Донача ба андеша рафт: «Ба ин гапхо фирефта метавон шуд. Вале агар кӯшиш накунӣ, чизеро намеомӯзӣ ва ёд намегирӣ. Бе дӯст зистан ҳам мушкил аст. На, ҳаргиз на! Дар ман ҳама чиз ҳаст, то аз ин олами тираю хира бароям».

Нилуфари хурд аллакай медонист, ки сарвати сеюм низ зуд ба ӯ ёрӣ мерасонад. Ситораи Сабр ба дилаш рӯшанӣ андохт ва оҳиста боло бурд.

Кирм, ки номаш Танбалӣ буд, ботадриҷ аз пеши назар ғоиб гашт. Нури офтоб торафт дурахшонтар ва атроф равшан мешуд. Нилуфари хурд ҳис мекард, ки баргҳояш паҳн ва пурқувват мешаванд. Пас аз чанде хуршеди ховар фурӯ нишаст, аммо Доначаи дирӯза роҳат дошт, зеро дар муҳити фораму дилҷӯ қарор гирифта буд.

Инак, Кӯли сеҳрнок намудор гашт.

«Хуш омадӣ ба хона! -шунида шуд овози Нилуфари бузург, ки Нилуфари хурд ӯро беш аз ҳама дидан мехост, зеро мадади ноаёни ӯро сайёҳи ҷавон мудом эҳсос мекард. -Акнун ту баркамол шуди.

Нилуфари ҷавон ба акси худ дар об нигарист…ва гули олиҷаноберо бо баргҳои пурҷило дид.

Дар гирду атроф нилуфарҳои дигар ҳам пайдо мешуданд. Ҳар кадоме аз онҳо роҳи худро тай карда, ҳусни такрор ёфта буданд.

Агар бодиққат ба онҳо назар кунӣ, мебинӣ,ки гулҳо бо умед ба ту менигаранд ва гӯё мегӯянд: «Роҳи худро дуруст тай кун!».

Аз русӣ тарҷумаи Мансур Суруш

 

 

Октябрь 27, 2018 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Беларус доир мегарданд
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
Кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ роҳпаймоӣ ташкил намуданд
«Парчами Тоҷикистон дар қитъаи Антарктида». Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ китоби олими тоҷик ба нашр мерасад
Ғолибони Фестивал-озмуни «Вассофи-Ватан» қадрдонӣ гардиданд
Бозиҳои 18-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз гардид
Байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Институти Гёте санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Беларус баргузор мегарданд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил гардид
«ВАССОФИ ВАТАН». Имрӯз дар кинотеатри «Ватан» 12 нафар ғолибони фестивал-озмун муайян мешаванд
«ВАССОФИ ВАТАН». Пагоҳ дар кинотеатри «Ватан» 12 нафар ғолибони фестивал-озмун муайян мешаванд
ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон шабакаи алоҳидаи телевизионӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад