Сафирони ҷавон аз Душанбе ба ҷаҳониён пайғоми сулҳ мерасонанд
ДУШАНБЕ, 25.10.2018/АМИТ «Ховар»/. «Ҷашнвораи сулҳ, ҳамгироии минтақавӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»- таҳти чунин унвон имрӯз дар шаҳри Душанбе бо иштироки сафирони ҷавони сулҳ аз кишварҳои минтақа-Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон фестивали сулҳ, ҳамгироӣ ва ҳунар доир гардид, ки нашрияи «Миллат» ва Маркази омӯзишии Медиатеки Афғонистон /Mediathek Afghanistan/ созмондиҳандагони он буданд.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар фестивал намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсиятҳои фарҳангӣ, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷавонон иштирок намуда, роҷеъ ба таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон ва таҳкими ҳамгироии минтақавӣ сухан карданд.
Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода, муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зевар Давлатзода, сардабири нашрияи «Миллат» Адолат Умарова, намояндаи Маркази омӯзишии Медиатеки Афғонистон Абдулло Расулӣ, раиси Анҷумани дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон ва Афғонистон Қосимшоҳ Искандаров ва дигар сафирони ҷавони сулҳ доир ба таҳкими сулҳу субот, дӯстиву рафоқат ва ҳамгироӣ дар минтақа дар шароити тезутунди ҷаҳони муосир, мактаби сулҳи тоҷикон ва истифодаи он дар ҳалли низоъҳои бархе аз кишварҳои доғи сайёра, хосса Афғонистон ибрози назар намуданд.
Зикр шуд, ки баргузории чунин фестивал бо иштироки сафирони ҷавони сулҳи се кишвари минтақа барои ҳамдигарфаҳмии ҷавонон, муаррифии фарҳангу ҳунар, шиносоӣ бо кишварҳои ҳамдигар ва тақвияти ҳамгироӣ дар минтақа мусоидат менамояд. Мусаллам аст, ки пешрафту шукуфоии ҳар як давлату миллат аз сулҳу суботи комил вобастагӣ дорад. Тоҷикистон дар ҷодаи расидан ба сулҳу субот роҳи тӯлонӣ ва пурпечутобро тай намудааст. Барои мардуми тоҷик сулҳу салоҳ бо шарофати сиёсати сулҳпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид. Маҳз бо хизматҳои бузурги Пешвои миллат имрӯз дар сарзаминамон сулҳу суботи комил барқарор ва ваҳдати миллӣ устувор гардонида шуд, ки ин барои миллатамон дастоварди бузург аст. Имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол дар роҳ ба сӯи рушди устувор қадамҳои муассир мегузорад.
Дар ин росто, зикр шуд, ки сулҳи тоҷикон таҷассуми хиради азалии миллат буда, таҷрибаи мактаби сулҳофарии тоҷикон дар ҳалли бархе аз низоъҳои кишварҳои сайёра мавриди омӯзиш қарор дорад, зеро дилхоҳ низоъ дар ҷаҳон танҳо бо роҳи гуфтушуниди мусолиматомез бартараф карда мешавад, на бо зӯри силоҳ. Аз ин рӯ, баргузории «Ҷашнвораи сулҳ, ҳамгироии минтақавӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар Душанбе дар самти таҳкими фарҳанги сулҳ дар минтақа мусоидат менамояд, зеро сафирони сулҳ ба ҷаҳониён паём мерасонанд, то дар истиқрори сулҳу оромӣ дар сарзамини Афғонистон, ки 40 сол инҷониб дар ин кишвар нооромӣ ҳукмфармост, бетафовут набошанд ва садо баланд намоянд.
Зикр шуд, ки баргузории «Ҷашнвораи сулҳ, ҳамгироии минтақавӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар Душанбе бозгӯи он аст, ки тоҷикон аз даврони бостон миллати сулҳпарвару фарҳангианд. Тоҷикистон аз кишварҳои намунавиест, ки бо истифода аз фарҳанг ва мактаби бузурги сулҳофарӣ ба низоъҳо хотима гузошт ва дар сарзаминамон сулҳу субот пойдор гардид. Имрӯз пойтахти кишварамон- шаҳри Душанбе аз ҷониби созмонҳои бонуфуз яке аз шаҳрҳои амнтарини дунё эътироф гардидааст, ки ин мояи ифтихори миллати тоҷик дар сатҳи ҷаҳон аст.
Бояд тазаккур дод, ки «Ҷашнвораи сулҳ, ҳамгироии минтақавӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» маротибаи сеюм аст, ки доир мегардад. Қаблан он дар шаҳрҳои Кобул ва Исломобод аз ҷониби муассисаи Медиатеки Афғонистон гузаронида шуда буд. Рисолати Медиатеки Афғонистон тарбияи сафирони ҷавони сулҳ дар самти истиқрори дӯстию ҳамгироӣ, рушд ва сулҳ дар минтақа, аз ҷумла Афғонистон мебошад.
Дар доираи фестивал ҳамзамон намоиши мӯд ва ҳунарҳои дастии ҳунарманони Тоҷикистон ташкил карда шуда, аз ҷониби овозхонҳо ва гурӯҳҳои рақсии се кишвар барномаи ҷолиби консертӣ пешниҳоди иштирокдорон гардонида шуд.
Баргузории «Ҷашнвораи сулҳ, ҳамгироии минтақавӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар Душанбе ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ рост омадааст. Ин аст, ки сафирони сулҳи Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон аз мавзеъҳои таърихӣ ва фарҳангии мамлакат, назири «Кохи Наврӯз», НБО «Норак», Қалъаи Ҳисор боздид намуда, бо дастовардҳои сайёҳӣ ва меҳмоннавозии тоҷикон шинос мегарданд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»