САЛОМ, МУАЛЛИМ! Дар Душанбе Рӯзи омўзгор таҷлил гардид
ДУШАНБЕ, 06.10.2018./АМИТ «Ховар»/. 6 октябри соли ҷорӣ дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба муносибати «Рӯзи омӯзгор» чорабинии идона таҳти унвони «Тарбияи насли ватандӯсту ояндасоз – рисолати омӯзгор» баргузор гардид.
Рушду нумӯи соҳаи маориф асоси пешрафти ҷомеа ва иқтисодиёти мамлакат ба шумор меравад. Аз ин рӯ, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инкишофу пешрафти мактабу маориф ва илмро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат муайян намуда, баҳри ҷорӣ намудани усулҳои муосири таълиму тарбияи насли бомаърифату соҳибҳунар, такмили доираи моддӣ-техникии муассисаҳои маориф пайваста ғамхорӣ менамоянд.
Дар шаҳри Душанбе 144 муассисаи таълимӣ фаъолият мекунад, ки дар онҳо беш аз 7 ҳазор нафар омӯзгорони фанҳои гуногун ба 200 ҳазор нафар хонанда таълим медиҳанд.
Ҳар сол дар пойтахт озмуни «Муаллими сол» доир карда мешавад, ки ғолибони он бо туҳфаҳои хотиравӣ ва мукофоти пулӣ сарфароз гардонида мешаванд.
Баргузор намудани чунин озмунҳо барои баланд бардоштани сатҳи дониши омӯзгорони макотиби таҳсилоти умумӣ ва дар ин замина ба бедор кардани ҳисси муҳаббат ва завқи онҳо нисбат ба касби пурифтихори омӯзгорӣ мусоидат мекунад.

6 октябри соли ҷорӣ дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба муносибати “Рӯзи омӯзгор” чорабинии идона таҳти унвони “Тарбияи насли ватандӯсту ояндасоз – рисолати омӯзгор” баргузор гардид.
Суратгузориш аз рафти чорабинии мазкур:





















Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5751 то 9.6000 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 апрел, сешанбе, 97-умин рӯзи соли 2026 аст
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Бӯстон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид






