Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Урдун созмон дода мешавад

Октябрь 16, 2018 14:04

ДУШАНБЕ, 16.10.2018/АМИТ «Ховар»/. Доираҳои тиҷоратӣ ва сармоягузорони Шоҳигарии  Ҳошимии Урдун тасмим доранд, ки дар оянда  дар бахши сохтмони биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, бунёди роҳ  ва кишоварзӣ, хусусан коркарди меваю сабзавот  дар Тоҷикистон саҳм гузоранд. Дар ин росто,  имрӯз масъалаи тавсеаи ҳамкорӣ бо доираҳои соҳибкорон ва тоҷирони Урдун дар мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид бо ҳайати доираҳои тиҷоратии Шоҳигарии  Ҳошимии Урдун дар Душанбе баррасӣ гардид.

Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳайати тиҷоратии Урдунро бо имкониятҳои сармоягузорӣ дар кишвар  ошно намуда, гуфт, ки Тоҷикистон бо захираҳои бои табиӣ ва мавқеъияти хоси ҷуғрофияш дар  минтақаи Осиёи Марказӣ дорои иқтидорҳои бузурги иқтисодию тиҷоратӣ буда, барои сармоягузорон дар самти татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ    тамоми имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шудааст.

Зикр шуд, ки Тоҷикистон аъзои созмонҳои бонуфузи молиявӣ, аз ҷумла Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат буда, дар мамлакат минтақаҳои  озоди иқтисодӣ, назири «Суғд», «Данғара», «Панҷ» ва «Ишкошим» таъсис дода шудаанд.

Бояд тазаккур дод, ки  ҳайати соҳибкорони  Урдун ҷиҳати  иштирок дар Форуми чоруми  байналмилалии соҳибкории Душанбе 2018, ки таҳти унвони  «Рушди  соҳибкорию сармоягузорӣ  ва равандҳои  муосири иқтисодӣ» 15 октябр дар шаҳри Душанбе доир гардид, ба Тоҷикистон ташриф овардаанд.

Интизор меравад, ки дар доираи сафар ба Тоҷикистон соҳибкорони Урдун бо имкониятҳои иқтисодию сармоягузорӣ дар Тоҷикистон шинос гардида, дар самти тавсеаи ҳамкорӣ ва табодули таҷриба бо доираҳои соҳибкорони тоҷик мулоқот анҷом диҳанд.

Ташрифи ҳайати соҳибкорони  Урдун ба Тоҷикистон  дар ҳолест, ки моҳи декабри соли  2017 дар шаҳри Амон-  пойтахти Шоҳигарии Ҳошимии Урдун зимни сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ба Шоҳигарии Ҳошимии Урдун  байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдои Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расида буд.

Инчунин Созишнома дар бораи таъсиси Шӯрои соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Ҳошимии Урдун ба имзо расонида шудааст, ки интизор меравад дар оянда байни ду давлат Шӯрои соҳибкорон созмон дода шавад.

                                                  Марзия САИДЗОДА,
АМИТ  «Ховар»

Октябрь 16, 2018 14:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад
Дар шоҳроҳи Роғун — Нуробод зиёда аз 900 бех ниҳоли олуча ва дарахтони сояафкан шинонида шуд
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
НИСОИ БУЛУНКӮЛ. Муаррифии фаъолияти зане, ки роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷиро дар ноҳияи Мурғоб бар уҳда дорад
КИШТИ БАҲОРӢ. Моҳи март дар Тоҷикистон кишти сабзавот оғоз мегардад
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба дастгирии экосистемаи стартапҳо дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд
«Moody’s Ratings»: Рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон ба дараҷаи «B2» бо дурнамои «устувор» баланд бардошта шуд