Суханронии Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 73-юми Маҷмаи умумии СММ

Октябрь 2, 2018 09:20

ДУШАНБЕ, 02.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов ҳамчун роҳбари ҳайати кишвар 1 октябр дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 73-юми Маҷмаи Умумии СММ суханронӣ намуд.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ хабар доданд.

Зимни суханронӣ Намояндаи доимӣ аз чолишҳои замони муосир, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, терроризм ва экстремизм, муноқишаҳо, нобаробарӣ, камбизоатӣ, камбуди имкониятҳои иқтисодӣ ва афзоиши бекорӣ ёдрас гардида, онҳоро монеаи ноилшавӣ ба Рӯзномаи 2030 оид ба рушди устувор номид.

Зимни ироаи мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба барномаи ҷаҳонии рушд, Намояндаи доимӣ ба зарурати расонидани кумак ба кишварҳои дар вазъияти махсус қарордошта, аз ҷумла кишварҳои қитъаи Африка, давлатҳои камтараққӣ, рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ ва ҷазиракишварҳои хурд таъкид намуд.

Намояндаи доимӣ ҷиҳати густариши кумаки мақсаднок ба Афғонистон, ки ба барқарорсозии иқтисодӣ ва таҳкими соҳаҳои иҷтимоии он кишвар равона шудааст, даъват ба амал овард.

М. Маҳмадаминов ҳамчунин Маҷмаи Умумии СММ-ро бо натиҷаҳои Конфронси байналмилалии сатҳи баланди «Мубориза бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» (3-4 майи соли 2018, ш. Душанбе) ва Конфронси байналмилалии Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» (20-22 июни 2018, ш. Душанбе) шинос намуд.

Дар фарҷоми суханронӣ М. Маҳмадаминов аз намояндагони кишварҳои аъзои СММ ҷиҳати дастгирии лоиҳаи қатъномаи аз ҷониби ҳайати Тоҷикистон пешбаришаванда таҳти унвони «Бозбинии фарогири миёнамуҳлат оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» даъват ба амал овард.

 

Октябрь 2, 2018 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд