«ТОҶИКИ ТОҶВАР» — ҲАДЯ БА ХОНАНДАГОН ДАР РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Ноиби президенти Академияи илмҳои мамлакат Абдураҳмон Муҳаммад тадқиқоти пурарзишеро ба анҷом расонид
ДУШАНБЕ, 05.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар Рӯзи забони давлатӣ, ки барои аҳли илму адаб ва тамоми миллати тоҷик ҷашни фараҳбахш ва пурифтихор аст, боз як таҳқиқоти арзишманде бо заҳмати доктори илмҳои сиёсӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ, ноиби президенти АИ ҶТ Абдураҳмон Муҳаммад ба анҷом расид. Китоби нави ин олими тоҷик зери унвони «Тоҷики тоҷвар» дар нашриёти «Эр-граф» ба табъ расид, ки марбут ба пайдоиши вожаи «точик» ва «забони тоҷикӣ» мебошад.
Зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» Абдураҳмон Муҳаммад иброз намуд, ки «имрӯз дар шабакаҳои интернетӣ дар бораи забони тоҷикӣ баҳсҳои гуногун нашр мегарданд. Ман кӯшиш кардам, ки аз рӯи меъёрҳои илм ва далелу арқоми фаровон ба ин масъала рӯшанӣ андозам. Дар такя ба далелҳои муътамад, миллати соҳибтамаддуни тоҷик ва забони тоҷикӣ шебу фарозҳои зиёдеро тўли таърих тай карда, ба мақоми давлатӣ расидаанд. Бояд ҳар фарди ватандўсту соҳибзабон бо андешаи созанда изҳори назар намояд».
Абдураҳмон Муҳаммад дар фишурдаи асар, аз ҷумла чунин овардааст: «Тоҷикон яке аз халқхои қадимтарини муқимие ба шумор мераванд, ки дар минтақаи паҳновари Варорӯду Хуросон дорои таърихи пурасрори нуҳуфта мебошанд. Қобили зикр аст, ки аввалин бор вожаи «тоҷик» дар сарчашмаҳои таърихӣ дар нимаи аввали асри 7-и мелодӣ баён гардидааст».
Муаллиф дар асоси сарчашмаҳои хаттӣ ва катибаҳои таърихӣ ба хулосае омадааст, ки вожаи «тоҷик» аз калимаи «тоҷ», «тоҷвар» буда, ба халқи таҳҷоие иртибот дорад, ки ориёитабор аст.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






