Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин як варзишгар намояндагӣ мекунад

Октябрь 19, 2018 10:00

 ДУШАНБЕ, 19.10.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Рӯзҳои 20-28 октябр дар пойтахти Венгрия–шаҳри Будапешт чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин (тарзи озод, юнонӣ-римӣ) баргузор мешавад.

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд,  дар мусобиқа иштироки 860 нафар варзишгар аз 114 давлати дунё дар назар аст. Қувваозмоиҳои гӯштини юнонӣ-римӣ дар вазни -59кг; -66кг; -71кг; -75кг; -80кг; -85кг; -98кг; -130кг, тарзи озод дар вазни -57кг; -61кг; -65кг; -70кг; -74кг; -86кг; -97кг; -125 кг ва гӯштини занон дар вазни -48кг; -53кг; -55кг; -58кг; -60кг; -63кг; -69кг; -75кг доир мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки   Тоҷикистонро   дар  ин чемпионати ҷаҳон як варзишгар – Гамид Ҷалилов дар вазни -74 кг аз намуди гӯштини озод муаррифӣ мекунад.

Ноиби раиси Федератсияи гӯштини Тоҷикистон Шодӣ Баҳромов ҷиҳати иштирок дар конференсияи Иттиҳоди ҷаҳонии гӯштин, ки дар доираи чемпионати ҷаҳон доир мешавад ва Ҳабибулло Нарзуллоев ба ҳайси довари дараҷаи байналмилалӣ ба ин мусобиқаи варзишӣ сафарбар гардидаанд.

 

Октябрь 19, 2018 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд