Варзишгарони қаиқрони тоҷик барои иштирок дар Чемпионати Осиё-2018 ба Самарқанд сафар карданд

Октябрь 19, 2018 14:40

ДУШАНБЕ, 19.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Аз 20 то  25 октябр дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷоми Осиё миёни калонсолон ва Чемпионати Осиё миёни варзишгарони то 23-сола оид ба қаиқронӣ баргузор мешавад.

Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон котиби генералии Федератсияи қаиқронии Тоҷикистон Нодир Сафаров хабар дод. Ба иттилои мавсуф, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 28 нафар (23 варзишгар, 5 мураббӣ) ҷиҳати иштирок дар мусобиқаҳои мазкур имрӯз ба шаҳри Самарқанд сафар кард.

Ба иттилои  номбурда варзишгарони мо дар Ҷоми Осиё дар қувваозмоиҳои К1, К2 – 200м, 1000м, К4 – 500м, С1, С2 – 200 м, 1000 м; С4 – 500м, дар Чемпионати Осиё миёни ҷавонони то 17-сола дар қувваозмоиҳои К1 – 200м, 500м, 1000м; К2 – 200м, 1000м; К4 – 500м, С1 – 200м, 500м, 1000м; С2 – 200м, 1000м; С4 – 500м, миёни ҷавонони то 23-сола қувваозмоиҳои К1, К2 – 200м, 500м, 1000м; К4 – 500м, 1000м, С1, С2 – 200м, 500м, 1000м; С4 – 500м, 1000м (писарон), К1, К2 – 200м, 500м, К4 – 500м, С1, С2 – 200м, 500м, С4-500м (духтарон) қувва месанҷанд.

Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқаҳои мазкур иштироки варзишгарон аз 15 давлати Осиё дар назар аст.

 

Октябрь 19, 2018 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад