Варзишгарони навраси ноҳияи Мастчоҳ дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштин соҳиби 3 медали тилло шуданд

Октябрь 25, 2018 12:30

ДУШАНБЕ, 25.10.208 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгарони навраси ноҳияи Мастчоҳ дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини дзюдо байни наврасон аз худ маҳорати баланд нишон дода, 3 медали тиллоро соҳиб шуданд.  Дар ин бора аз хадамоти матбуотии Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон доир шуда, дар он наврасони ноҳияи Мастчоҳ Муҳаммадиқбол Тошов, Эҳсон Мирсоқиев, Мустафо Аюбӣ ва Анварҷон Амонов 3 медали тилло ва 1 нишони биринҷӣ ба даст оварданд.

Ғолибони Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини дзюдоро дар маркази ноҳия теъдоди зиёди дӯстдорони варзиш ва масъулини бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия истиқбол намуда, пирӯзиро ба онҳо табрик гуфтанд.

Октябрь 25, 2018 12:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд