Агентии захираҳои моддии давлатӣ дар водии Рашт 2000 тонна гандум ва зиёда аз 250 тонна картошка захира намудааст

Ноябрь 21, 2018 14:44

РАШТ, 21.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Корхонаи фаръии «Захира дар минтақаи Рашт»-и  Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   «Дар бораи сари вақт омода  намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои  фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019» корҳои омодагӣ ба зимистонро хуб ба роҳ мондааст.

Корхонаи мазкур барои ба танзим даровардани нархи маҳсулоти хӯрокӣ дар  Ҷамоати деҳоти Сағирдашт,  ноҳияҳои Рашту  Сангвор,  Тоҷикободу Нуробод ва Лахш 120 тонна  шакару равған, биринҷ, макарон, марҷумак, нахӯдпора, ярмаи ҷави босифат  захира намуда, ба мардум бо нархи нисбат ба бозор арзон пешниҳод  намудааст. Дар ин бора  сармуҳосиби   корхонаи мазкур Сироҷиддин Мирзоаҳмадов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Тибқи иттилои манбаъ, айни замон дар Корхонаи фаръии «Захира дар минтақаи Рашт»-и  Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мағозаҳаи он  дар Ҷамоати деҳоти Сағирдашт 120 тонна орд,  ноҳияҳои Рашт 500 тонна орд,  Сангвор 80 тонна орд,  Тоҷикобод 60 тонна орд ва Лахш 55  тонна орд бо нархи нисбат ба бозор 15-20 сомонӣ арзон пешниҳод намудааст.  Инчунин 80 тонна хӯроки чорво низ захира гардидааст.

Ба хотири кам намудани кишти гандум дар минтақа  ва зиёд намудани  кишти картошка ба аҳолии ин минтақа   зиёда аз 35 тонна гандум  барои фурӯш пешниҳод шудааст. Айни замон дар корхонаи мазкур барои истеҳсоли орди хушсифат  2000 ҳазор тонна гандум захира намудаанд.

Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт ба хотири танзими  нархи картошка дар фасли зимистону баҳор дар сатҳи ҷумҳурӣ  зиёда аз 250 тонна картошкаи хушсифат захира намудааст, ки ҳосили имсолаи  картошкапарварони  ноҳияи Лахшу  деҳқонони ин минтақа мебошад.

Ноябрь 21, 2018 14:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад