«АП»: «Дар Турсунзода Жириновский шахсан хоҳиши забҳи гӯсфанд кард…»
ДУШАНБЕ, 01.11.2018. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, дирӯз Роҳбари ҲЛДР В. Жириновский бо ҳамроҳии ҳайати вакилони Думаи давлатии Федератсия Россия бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе В. Жириновский ва ҳамроҳонашро муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагон Абдуҷаббор Азизӣ, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Олим Салимзода ва раиси Кумитаи дӯстии байнипарлумонӣ миёни Маҷлиси намояндагон ва Думаи давлатӣ Садриддин Шарифов истиқбол намуданд.
Дирӯз пас аз нисфирӯзӣ меҳмонон аз шаҳрҳои Ҳисор ва Турсунзода дидан намуданд. Онҳоро муовини аввали Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ ҳамроҳӣ намуд. «Жириновский аз меҳмоннавозии тоҷикона ба ваҷд омад,-навиштааст «Азия-плюс». –Ӯро дар қалъаи Ҳисор бо нону намак ва зери садои карнаю сурнай истиқбол намуданд. Ӯ бо фарҳанг ва шаҳрсозии тоҷикон дар асри миёна ошно гардид».
Дар шаҳри Турсунзода Раиси ҲЛДР бо фаъолияти ширкати алюминийи Тоҷикистон ошно гардида, дар онҷо бо ҷамоати русзабонони шаҳри Турсунзода мулоқот намуд. Ба меҳмон китоби академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» тақдим гардид, ки дар давраи шӯравӣ ба ҳайси директори Институти шарқшиносии АИ СССР фаъолият кардааст (Ҳоло Институти шарқшиносии АИ ФР).
Дарвоқеъ, дар чорчӯбаи намоишгоҳи фарҳангӣ-таърихии «Тоҷикистон-Россия: бо роҳи дӯстӣ ва созандагӣ», ки дар шаҳри Душанбе 21-22 ноябри соли ҷорӣ гузаронида мешавад, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба 110-солагии академик, Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров конфронси байналмилалии илмӣ баргузор мегардад.
Сипас Жириновский аз боғи деҳқони асил Ҳоҷӣ Неъмат Усмонов дидан кард.
«Аз рӯи анъанаи тоҷикон, ба шарафи меҳмони олиқадр хостанд, ки гӯсфанд кушанд, вале Жириновский изҳор кард, ки ин гӯсфандро худаш забҳ мекунад»,-навиштааст «АП».
Деҳқонон дар инҷо Жириновскийро бо таоми миллии тоҷикӣ — қурутоб меҳмоннавозӣ карданд, ки ба ӯ хеле писанд омад: ӯ аз рӯи анъанаи миллӣ таомро бо даст истеъмол намуд.
Дар ҳаминҷо Жириновский дар ҷамъоварии ангур иштирок намуд ва зикр кард, ки бори аввал аст дар умраш аз боғ ангур ҷамъ меоварад. Ӯ ба ҳунари деҳқонони тоҷик баҳои баланд дода, гуфт: «Ана ин аст натиҷаи дар дасти деҳқон будани замин».
Дар меҳмонхонаи маҳаллии «Ширкент» ба хотири сафари Жириновский зиёфат ороста шуд, ки меҳмон зимни он зери таронаҳои русӣ дар иҷрои сарояндагони тоҷик рақсу хурсандӣ кард. Инчунин иброз дошт, ки мардуми шаҳри Турсунзода забони русиро хуб баладанд.
Роҳбари ҲЛДР ба ҳафт нафар хонандагони мактабҳои миёнаи маҳаллӣ, ки баҳри меҳмон рақсҳои миллӣ иҷро намуданд, корти ташрифот тақдим намуда, ваъда дод, ки баъд аз хатми мактаби миёна барои дохил шудан ба мактабҳои олии Федератсияи Россия мусоидат хоҳад кард.
Имрӯз, 1 ноябр мулоқоти ҳайати Думаи давлатии Россия таҳти роҳбарии Владимир Жириновский бо Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров, Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин ва донишҷӯёни ДСРТ доир хоҳад гашт.











Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






