Ҷавонони фаъоли гурӯҳи «Авангард» аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии Бухорову Самарқанд боздид намуданд
ДУШАНБЕ, 27.11.2018. /АМИТ «Ховар»/. Аз 23 то 25 ноябри соли равон як зумра ҷавонони фаъоли гурӯҳи «Авангард»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади шиносоӣ аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии шаҳрҳои Бухорову Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба ин мамлакати дӯст сафар намуданд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, гурӯҳи кориро мушовири калони Вазири корҳои дохилӣ, полковники милитсия Мансур Бухоризода роҳбарӣ намуда, ӯро сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонон, устодони Академияи ВКД ва ҷавонон ҳамроҳӣ намуданд.
Ба иттилои манбаъ, сафари мазкур дар доираи ҳамкории мутақобилан судманди вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки бо ташаббуси роҳбарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ба сатҳи нисбатан нав баромадааст, ба роҳ монда шуд.
«Дар гузаргоҳи сарҳадии «Саразм»-и шаҳри Панҷакент гурӯҳи кориро Ҳокими ноҳияи Ургути вилояти Самарқанд ва намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон гарму ҷушон истиқбол намуда, сипас ҳайати гурӯҳ аз ҷойҳои таърихии шаҳрҳои Бухоро ва Самарқанд боздид намуданд»,-илова намуд манбаъ.
Гурӯҳи ҷавонони тоҷик аз мавзеъҳои таърихии шаҳрҳои Бухоро ва Самарқанд, аз қабили «Гӯри Амир», Мадрасаи «Биби Хонум», мақбараи «Баҳовиддини Нақшбанд», «Расадхонаи Улуғбек», «Регистон», масҷиди «Имом Ал-Бухорӣ» ва ғайра дидан намуд.
Таърихи чандинасраи ин ду миллати бо ҳам дӯсту бародар бори дигар собит менамояд, ки онҳо тӯли давраҳои тӯлонии таърихӣ тавонистанд маданияту фарҳанги хешро то имрӯз нигоҳ дошта, ба ҷаҳониён муаррифӣ намоянд.










РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад






