Ба хотири гиромидошти забоншиноси маъруф Тӯрақул Зеҳнӣ конференсияи илмии байналмилалӣ баргузор мегардад

Ноябрь 2, 2018 08:40

ДУШАНБЕ, 02.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 2 ноябр, соати 9:00 дар толори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири гиромидошти осори илмию фарҳангии рӯзноманигор, олими забоншинос, адабиётшинос ва адиб Тӯрақул Зеҳнӣ конференсияи илмии байналмилалӣ таҳти унвони «Саҳми Тӯрақул Зеҳнӣ дар рушди илму адаб ва фарҳанги тоҷик» баргузор мегардад. Дар конференсия олимони давлатҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Россия иштирок карда, дар бораи ҳаёт ва фаъолияти илмию адабии Тӯрақул Зеҳнӣ маърӯза мекунанд.

Аз Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии АИ ҶТ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки конференсия аз ду бахш-адабиётшиносӣ ва забоншиносӣ иборат буда, бахши аввал дар толори Академияи илмҳо ва бахши дуюм дар толори Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии АИ ҶТ доир карда мешавад.

Ба иттилои манбаъ, пеш аз оғози конференсия филми мустанади «Чароғи роҳи маърифат» намоиш дода мешавад.

Бояд зикр намуд, ки Тӯрақул Зеҳнӣ аз зумраи адибоне мебошад, ки ибтидои солҳои 20-ум ба майдони адабиёт бо шеъри «Нидо ба авлоди Ватан» ворид шуда, минбаъд дар ҳаёти фарҳангии тоҷикон хизмати беназир кардааст.

Дар асоси омӯзиши маводи бойгонӣ, осор, рисолаҳо ва мақолаҳое, ки мавсуф дар солҳои гуногуни зиндагии худ таълиф намудаасту имрӯз қисман дар ихтиёри моянд, метавон зиндагиномаи мукаммали устод Зеҳнӣ ва саҳми илмию адабии ӯро муайян намуд.

Дар рӯзномаҳои даврӣ шурӯъ аз солҳои 60-ум оид ба фаъолияти эҷодии Тӯрақул Зеҳнӣ аз тарафи олимон тадқиқоти ҷолиб анҷом гирифта буданд. Зарурати омӯзиши фаъолияти илмиву адабии Т. Зеҳниро дар даврони истиқлол академик Хуршеда Отахонова дар мақолаи «Умри дубораи устод Зеҳнӣ» ба миён гузошта, зимни баррасии фаъолияти илмӣ ва адабии мавсуф доир ба аҳамияти таърихиву адабии аввалин мақолаҳои солҳои 20-уми ӯ чунин масъалагузорӣ кардааст: «Мақолаҳои солҳои 20-ум ва 30-юми Зеҳнӣ масоили гуногуни илму фарҳанг ва забону адабиёти тоҷикиро фаро гирифтаанд. Бисёре аз онҳо хусусияти тарғибию ташвиқӣ дошта, ҳадафи муаллиф, пеш аз ҳама, даъват ба худшиносии миллӣ, даъват ба ифтихори миллӣ, аз чунин сарвати бебаҳои халқамон омӯхтан ва донистани ин забон ва ин адабиёт аст».

Бояд зикр намуд, ки таҳияи зиндагиномаи адибоне, ки дар ибтидои солҳои 20-ум дар амри худшиносии миллӣ ва ташкили ҷумҳурии мустақили Тоҷикистон дар майдони сухан ва сиёсат ҷонбозиҳо намудаанд, дар замони истиқлол барои баланд бардоштани рӯҳияи худогоҳии миллӣ ва тарбияи насли худшинос ва худогоҳ аҳамияти бештаре пайдо намуд.

Ба андешаи адабиётшиноси тоҷик Абдухолиқ Набавӣ, фаъолияти Т.Зеҳнӣ тамоми шохаҳои илми филологияро фаро гирифта, онҳоро метавон дар ҳамбастагии қавӣ тадқиқ ва дар оянда ҳар як шохаи онро дар алоҳидагӣ корбаст намуд.

Аз ҷумла, аҳамияти илмии китоби «Санъати сухан» дар он аст, ки он метавонад дар нигоштани асарҳои назарии соҳаи назмшиносӣ, таърихи забон ва сарчашмашиносӣ чун дастури илмӣ хизмат намояд ва дар корҳои илмии муҳаққиқон дар тадқиқи хусусиятҳои лексикаи забони адабии тоҷик дар асри XX истифода шавад.

Бино ба нақли Абдухолиқ Набавӣ, «дар адабиётшиносии даврони шӯравӣ аҳли пажӯҳиш ба тадқиқи зиндагӣ ва осори илмиву адабии зиёиёне, ки дар муҳити сиёсиву фарҳангии ибтидои солҳои 20-уми асри гузашта фаъол буданд, камтар таваҷҷӯҳ зоҳир менамуданд. Гарчанде дар бораи баъзеи онҳо то солҳои 90-ум мақолаву рисолаҳои алоҳида таҳия гардида бошанд ҳам, мутаассифона, лаҳзаҳои тақдирсози зиндагии онон паси парда мемонд, зеро аксари сарчашмаю осор, рӯзномаву маҷаллаҳо дастраси муҳаққиқон намегардид.

Ба шарофати соҳибистиқлолии кишвар имкон фароҳам омад, ки дар асоси омӯзиши воқеъбинона дар тадқиқи муаммоҳои ҳаракати маорифпарварӣ, ҷадидизм, солҳои мудҳиши 1937 ва 1945, ки қисмати чандин зиёиро ба вартаи нестӣ бурда буд, таҷдиди назар намоем».

Мавриди зикр аст, ки Тӯрақул Зеҳнӣ низ аз қабили нафароне буд, ки дар ягон сарчашма, адабиёти илмӣ, ёддоштҳо ва ё мақолаҳои алоҳида то солҳои 90-уми асри XX нашршуда оид ба зиндагинома ва фаъолияти илмиву адабии ӯ маълумот дарҷ наёфтааст.

Дар бораи ҳаёт ва фаъолияти Тӯрақул Зеҳнӣ то замони зиндагӣ ва баъди зиндагии ӯ танҳо дар ЭСТ (Қомуси Шӯравии тоҷик), ҷилди 2, саҳифаи 488 ва Энсиклопедияи адабиёт ва санъат, ҷилди 2, саҳифаи 465 аз ҷониби духтараш Фарруха Зеҳнӣ маълумоти мухтасар оварда шудааст. Қобили зикр аст, ки Тӯрақул Зеҳнӣ ҳаёти 92-солаи бобаракати худро ба омӯзишу баррасии таърихи илму фарҳанги тоҷик сарф намуда, аз худ мероси гаронбаҳои илмӣ ба ёдгор гузоштааст.

Шеърҳои ба мавзӯи занон бахшидашудаи Зеҳнӣ «Духтари тоҷик», «Боз духтари тоҷик» ва мақолаи соли 1927 таълифшудааш «Маорифи занон» намунаи гуфтаҳои боло шуда метавонанд. Шеъри «Духтари тоҷик» соли 1925 дар рӯзномаи «Овози тоҷик» чоп шудааст. Зеҳнӣ мегӯяд:

Қадат барои хиромидан ар чаман ояд,

Паи зиёрати ӯ сарву ёсуман ояд.

Агар ба ханда дароӣ ту, ғунчаи сурӣ,

Зи рашк ғусса хӯрад, хунаш аз даҳан ояд.

Набераи Тӯрақул Зеҳнӣ, номзади илмҳои филологӣ, устоди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Парвин Олимова иброз намуд, ки мавзӯи ҳаёти халқ, даъват ба омӯзиш ва кору мубориза дар шуур, тафаккур ва ҷаҳонбинии Зеҳнӣ табаддулоти бузурге ба вуҷуд оварда буд. Ӯ дар порчае аз шеъри «Боз духтари тоҷик» масъалаи озодии занону духтаронро талқин намуда, ҳанӯз фаъол ва мубориз набудани қаҳрамони лирикияшро зикр мекунад ва ба нақши сиёсии занон ва соҳибмақом будани онҳо дар ҷамъият ишора карда мегӯяд:

Гули садбарги рухаш нашъунамои чаман аст,

Обу рангаш гаҳу ногаҳ напаридаст ҳанӯз.

Бурун аз хона нарафтаст чу гул аз гулшан,

Ғунчасон бехабар азбаски хазидаст ҳанӯз.

Ба нақли Парвин Олимова, Зеҳнӣ дар мавзӯи ба илму маърифат ва омӯзиш ҷалб кардани ҷавонон шеър навишта, асосҳои воқеияти он замонро дар асарҳои манзум инъикос карда тавониста буд. Зеҳнӣ дар мақолаи худ бахшида ба мавзӯи занони тоҷик ва омӯзиши густурдаи онон ҳамчунин масъалаи бо забони тоҷикӣ сурат гирифтани таълиму тарбия фикрҳои ҷолиб гуфтааст: «… духтаронро аз таълим ва тарбия шодоб гардонем,  ба онҳо ба назари паст ва ним одам нигоҳ накунем. Зеро онҳоянд, ки ба ҳамаи сахтӣ ва душвориҳои зиндагӣ тоқат меварзанд. Як умр дар андаруни чор девор банд шуда, аз бӯи хуши боғу бӯстон, аз тобиши офтоби дурахшон маҳруманд.

Аз рӯи маълумоти сарчашмаҳо, аз соли 1926 то соли 1931 дар матбуоти тоҷик байни зиёиёни пешқадами он замон дар масъалаи забони адабӣ ва қабули алифбои лотинӣ баҳси доманадор давом кард. Зеҳнӣ дар қатори устод С.Айнӣ, А.Муҳиддинов, Фитрат, Б.Икромӣ, Семёнов, Лоҳутӣ, Мунзим, Сухарева ва даҳҳо дигарон бо мақолаҳои илмӣ дар масъалаҳои забон ва алифбо баромад намудааст. Бесабаб нест, ки профессор Бертелс дар мақолаи худ афкори дар саҳифаҳои рӯзномаҳои марказӣ пешниҳоднамудаи Зеҳниро чун сарчашмаи муҳими илмӣ эътироф намудааст.

Соли 1926 мақолаи «Дар атрофи маорифи тоҷик» дар рӯзномаи «Овози тоҷик» чоп шуд, ки ба масъалаҳои маорифу мактаб ва бо китобҳои дарсӣ таъмин кардани хонандагон бахшида шудааст. Т.Зеҳнӣ соли 1929 дар ду шумораи маҷаллаи «Раҳбари дониш» мақолае бо номи «Адабиёти халқ» нашр кунонида, зарурати ҷамъ кардану омӯхтани эҷодиёти шифоҳии мардумро ба миён гузоштааст. Дар ин мақола вай робитаи фолклорро бо адабиёти хаттӣ нишон дода, боигарии забони мардумро ба таври махсус ба хонандагон гӯшзад кардааст.

Устод Т.Зеҳнӣ яке аз аввалин муаллифони китобҳои дарсӣ барои мактабҳои ибтидоӣ ва миёна ба шумор меравад. Нахустин китоби дарсии «Омӯзиш» бо ҳамроҳии В. Маҳмудӣ барои синфҳои дуюм, сеюм ва чоруми мактабҳои ибтидоӣ таълиф шудааст. Фаъолияти педагогии ӯ аз соли 1925 шурӯъ шуда, дар «Билим–юрти»-и вилояти Самарқанд аввал ба вазифаи муаллими забон ва адабиёти тоҷик дар курси 9-моҳаи муаллимтайёркунӣ ва баъдан, дар техникуми педагогии духтаронаи шаҳри Самарқанд гузаштааст. Инчунин соли 1926 ба вазифаи муҳаррир ва ходими адабии шуъбаи нашриёти давлатии Тоҷикистон дар Самарқанд кор кардааст.

Баъдтар, солҳои 1929-1930 дар Институти тадқиқотӣ–илмии Ӯзбекистон ба аспирантура дохил шуда, таҳсилро идома додааст. Соли 1930 баҳри идомаи корҳои эҷодӣ ва таълиму тарбияи ҷавонон ба Душанбе омада, ҳамон сол вакили конференсияи забон ва имлои тоҷикӣ интихоб шуда буд.

Шурӯъ аз ибтидои солҳои 60 то рӯзҳои охирини ҳаёти худ (1983) устод Зеҳнӣ тамоми донишу малакаи андӯхтаи худро ба таълифи китобҳою тадқиқоти илмӣ сарф мекунад ва ин солҳо пурмаҳсултарин давраи ҳаёти ӯ ба шумор меравад.

Т. Зеҳнӣ дар таълифу таҳияи «Фарҳанги забони тоҷикӣ» (дар ду ҷилд) то соли 1969 саҳми арзанда гузошта, яке аз мураттибони асосии он ба ҳисоб меравад. Хидмати пурарзиши ӯро дар таҳияи ин фарҳанг устод М. Шакурӣ дар мақолаи хотиротии худ хеле батафсил нақл кардааст. Китоби «Суханварони сайқали рӯи замин» бо ҳаммуаллифии С.Саъдиев (устоди Донишгоҳи шаҳри Самарқанд) ба муносибати 2500-солагии шаҳри Самарқанд таҳия гардида, намунаи осори 187 шоиру адиби Самарқандро дар бар мегирад. Ин китоб маҳсули пажӯҳиш ва ҷустуҷӯи мӯшикофонаи устод дар гирдоварии шарҳи ҳол ва намунаҳои осори шоиру адибони ҳавзаи Самарқанд мебошад.

Дар нашру дастрас гардонидани намунаҳои адабиёти классикӣ хизмати устод Зеҳнӣ низ хеле калон аст. Ӯ соли 1963 гулчине аз «Хамса»-и Низомии Ганҷавиро бо номи «Гулу сунбул» гирдоварӣ намуда, дар шакли китоб ба табъ расонидааст.

Даҳ соли охири умри Зеҳнӣ ба таълифи ду китоби пурарзиш, яке «Чанд сухани судманд» ва дигаре «Аз таърихи лексикаи забони тоҷикӣ» сарф шудааст. Ин китобҳо пас аз вафоти Т. Зеҳнӣ рӯи чоп омаданд.

Хизмати Т. Зеҳнӣ дар ҷамъ намудани дастнависҳои қадим низ калон мебошад. Ӯ дар давоми солҳои 1966-70 барои ҷамъоварии дастнависҳои нодир ҳам барои шӯъбаи дастнависҳои шарқии Китобхонаи давлатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ ва ҳам барои Институти забон ва адабиёти ба ном А. Рӯдакии АИ ҶТ ба Бухорову Самарқанд сафар карда, бо китобҳо ва дастхатҳои нодир, аз ҷумла «Луғати ҷаҳонгирӣ» (асри XIV), «Тоҷулмасодир», «Ҳафт авранг»-и Абдураҳмони Ҷомӣ баргаштааст.

Номбурда аз ҷумлаи маъруфтарин забоншиносони кишвар ба ҳисоб рафта, таълифоташ то кунун қимати илмии худро гум накардаанд. Бахусус, асари ӯ «Санъати сухан» ҳоло ҳам барои муассисаҳои олии кишвар чун китоби дарсӣ тадрис мешавад.

Зеҳнӣ доир ба масъалаҳои мухталифи таърихи адабиёти классикӣ ва советии тоҷик, роҷеъ ба илмҳои адабиётшиносӣ, фолклоршиносӣ ва забоншиносӣ зиёда аз 200 мақолаи илмӣ навиштааст.

Тӯрақул Зеҳнӣ соли 1983 дар шаҳри Душанбе аз олам даргузашт.

Соли 2007 бо ташаббуси духтари олим Фарруха Зеҳнӣ китоби хотираҳои дӯстон дар бораи олими барӯманд бо номи «Зеҳнӣ дар дилу дидаи дӯстон» чоп шуд, ки ба 115-солагии ӯ бахшида шуда буд.

Шоири маъруфи тоҷик Муҳиддин Фарҳат барҳақ гуфтааст:

Туӣ устоди сухансанҷу суханрони ҳама,

Туӣ омӯхтаву дидаи даврони ҳама,

Туӣ андӯхтаи сарвати ирфони ҳама,

Туӣ он Зеҳнии фархундаву пурдони ҳама,

Ки фароҳам шуда дар зеҳни ту илми уламо.

Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ «Ховар»

Анҷумани аввали забоншиносони Тоҷикистон августи соли 1930 дар «Хонаи деҳқон», шаҳри Сталинобод-Душанбеи имрӯз
Дар акс: Тӯрақул Зеҳнӣ, Садриддин Айнӣ, С. Улуғзода, А. Лоҳутӣ, Ш. Шоҳтемур, Дайлавӣ, Икромӣ, Нарзуллои Бектош, Дяков, Семёнов, Комилӣ ва дигарон.

Ноябрь 2, 2018 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Муҳриддин Низомӣ: «Беш аз ҳаштсад сол аст мардум шефтаи рафтору гуфтор ва осори безаволи Мавлоно мебошанд»
НАЗМИ ОЛАМГИРИ МАВЛОНО. Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Ҷалолиддини Балхӣ маҳфили адабию фарҳангӣ баргузор гардид
«ХОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Адлия Шоева бо мақсади санҷиши дониш дар озмуни ҷумҳуриявӣ иштирок намуд
ГИРОМИДОШТИ ЗАБОНУ ФАРҲАНГ ДАР ОСОРИ МАВЛОНО. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
Дар намоиши «Роҳи бузурги Абрешим» дар Осорхонаи Британия ёдгориҳои Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Олимон бо таҳқиқи зери пиряхи Туэйтс хавфи эҳтимолиро барои сайёра ошкор намуданд
Дар намоиши асарҳои рассомӣ дар Чин санъат ва фарҳанги миллати тоҷик муаррифӣ карда шуд
«ЗАБОН ВА ИСТИҚЛОЛ». Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Намояндаи Тоҷикистон дар Озмуни байналмилалии арғунуннавозон соҳиби ҷойи сеюм гардид
«ШАҲРИ ДУШАНБЕ — АЗ ДИРӮЗ ТО ИМРӮЗ». Дар ин намоиш 100 ашёи осорхонавӣ ба тамошо гузошта шудааст
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз шуд
Ҳайати Чин дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос гардид