«БО ДАСТ ДАРЁРО БАСТЕМ…». Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун андешаҳояшро дар бораи Пешвои миллат ва НБО «Роғун» дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» баён намуд
ДУШАНБЕ, 05.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. 16 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Президент ҷашн гирифта мешавад. Сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ маорифпарварона, фарҳангсоз ва миллатсоз буда, таҳти роҳбарии абармарди сиёсати ҷаҳонӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон татбиқ мегардад. Аз ин рӯ таҷлил намудани Рӯзи Президент- ин аввалан арҷгузорӣ ба Президент ва баъдан ба миллат аст. Зеро миллат метавонад роҳбарашро қадр кунад, аҷр гузорад ва дар татбиқи сиёсати пешгирифтааш саҳмгузор бошад.
Имсол дар Рўзи Президент амалишавии боз як рӯйдоди муҳим — ба истифода додани агрегати аввали Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар назар аст. Таҷлили ин ду санаи муҳим дар як рӯз иқдоми некест, ки барои арҷгузорӣ ва ифтихор доштан аз Тоҷикистони азиз, Истиқлолияти пойдор ва қадршиносӣ аз заҳматҳои Президенти мамлакат заминаи устувор мегузорад.
Дар робита ба ин ду санаи муҳими таърихӣ бо Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун ҳамсуҳбат гардидем.
АМИТ «Ховар»: Устод, мояи хушнудист, ки имрӯзҳо муждаи ифтитоҳи агрегати аввали Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба қалби мардуми кишвар шодию фараҳ бахшидааст. Санаи ба кор даровардани аввалин чархаи ин неругоҳ дар саҳифаҳои таърихи миллат бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Зеро ин иншооти аср барои таъмини зиндагии сазовори наслҳои имрӯзу оянда хизмат карда, Тоҷикистонро ба кишвари манбаи нур ва равшанӣ табдил хоҳад дод. Ман бисёр мехостам Шумо сараввал аз истиқлолу ваҳдати Ватани азизамон сухан кунед ва баъдан биравем дунболи ободкориву созандагиҳои НБО «Роғун».
Саттор Турсун: Шумо хуб медонед, ки истиқлол, умуман озодӣ орзуи инсоният буд. Дар муддати қарнҳо ҳамеша инсоният кӯшиш мекард, ки ба озодии андеша ва зиндагии озод бирасад. Зеро Истиқлолият як неъмати бузург аст ва ба он расидан ҳам кори мушкил мебошад. Кӯшишу талоши инсоният буд, ки оқибат кишварҳо, миллатҳо ба истиқлолият расиданд. Имрӯз мо давлати соҳибистиқлол ҳастем, эҳсос мекунем, ки Ватан, миллат ва забони беш аз ҳазорсола дорем, ки бо ин забон асарҳои бузурге ба майдон омада, то Аврупо рафта, дигар қитъаҳои оламро фаро гирифтаанд. Агар шаҳрвандон ин чизро хуб эҳсос накунанду ба истиқлолият вафодор набошанд ва хидмат накунанд, ба ин неъмат халал мерасад. Хоҳем-нахоҳем, имрӯз низ абарқудратҳо ҳастанд, давлатҳои миёнаҳол ва кишварҳое ҳастанд, ки аз ҷиҳати шумораи аҳолӣ ва ё иқтисодӣ сусттар мебошанд ва ҳатман ба ин мамлакатҳо назари тамаъ пайдо мешавад. Назаре пайдо мешавад, ки барои кишвар ва давлати худам аз ин миллату давлат чӣ гирифта метавонам. Аз ин ҷиҳат бисёр зарур аст, ки истиқлолият поянда бошад. Ман ҳамеша тарафдор будам ва мегӯям, ки ҳамин сиёсати дарҳои кушода буд, ки дар мамлакати мо самараи хуб дод. Мо маҳсули ин сиёсати дӯстона, дарҳои кушода ва бо ҳама муносибати нек доштанро имрӯз мебинем ва эҳсос мекунем. Имрӯз давлатамон тинҷу ором аст, иқтисодиёт оҳиста-оҳиста пеш меравад. Вақте ки ман имрӯз бо мардум суҳбат мекунам, вазъияти тақрибан 20 сол қабл аз инро пеши назар меорам. Дар он солҳо ҳатто дар кӯчаҳо як мошин ёфтан душвор буд…
Бахусус дар ҳолати ҷаҳонишавӣ мо бояд ватанамонро обод нигоҳ дорем. Имрӯз барои мо чизи муҳим- такмили унсурҳои ахлоқ аст. Агар унсурҳои ахлоқ такмил ёбанд, ҳар як ҷавон дарк мекунад, ки ҳамчун инсон дар рӯи замин ва мамлакаташ чӣ рисолате дорад ва он гоҳ мамлакат обод мемонад. Ҳар қадаре, ки технология ва илм пеш мераванд, инсон бояд ҳамон қадар зирактар бошад ва байни сиёҳу сафед фарқ гузошта тавонад.
Асосгузори навини ҷаҳон аврупоиён ва олимони ҷаҳон ба ҳисоб мераванд. Саволе ба миён меояд, ки чаро он мамлакатҳое, ки ин технологияҳоро ихтироъ кардаанд, дар онҳо нависандагони хуб миллионҳо тираж китоб чоп мекунанд? Чаро мардум китоб мехаранду мехонанд ва намегӯянд, ки аз интернет мехонам? Онҳо китоб мехаранд, чунки бо китоб танҳо мондан, бӯи коғазу рангро эҳсос кардан, такрор хондани сатрҳо ва пайи ҳам омадани калимаҳоро дар танҳоӣ метавон эҳсос кард. Ҷавонон имрӯз бештар зоҳирбин мебошанд. Бояд насли ҷавон бештар хонад, бо ақлу тамиз бошад ва эҳсос кунад, ки дунё чист ва чиро бояд хонд. Зеро чизҳои нолозим зиёд ҳастанд, ки онҳоро набояд хонд. Башарият агар фармудаи Ҳофизро фаромӯш намекард, ҷаҳони имрӯза хеле хуб мешуд:
Равандагони ҳақиқат ба ним ҷав нахаранд,
Қабои атласи он кас, ки аз ҳунар орист.
Мавриди зикр аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар бахши иқтисодиву иҷтимоии мамлакат дигаргуниҳои азим ба вуқӯъ пайваста, симои шаҳру ноҳияҳо, бахусус пойтахти кишвар ба куллӣ дигар гашт. Ҳанӯз дар оғози давлатдории навин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати табдил додани Тоҷикистон ба кишвари тараққикардаву аз ҳар ҷиҳат пешрафта, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқавориро ба ҳайси се ҳадафи стратегӣ дурнамои фаъолияти дастаҷамъонаи аҳли кишвар муқаррар намуданд. НБО «Роғун» орзуву омоли халқи тоҷик буд, ки бунёди онро тамоми халқи тоҷик дар дил мепарварид. «Роғун» ҷабҳаи созандагӣ ва номусу ифтихори миллати сарбаланди тоҷик аст. «Роғун» бо обилаи кафи дасти фарзанди ин миллат ва албатта, бо сарварии Пешвои миллат сохта мешавад.
АМИТ «Ховар»: Воқеан ҳам НБО «Роғун»-ро тамоми мардуми тоҷик месозанд. Онро сохтмони умумихалқӣ гӯем ҳам хато намекунем. Сокини дурдасттарин деҳаи кишвар дар он аз ду то даҳ саҳмия дорад, ки онҳоро молики неругоҳ мекунад. Ин амали умумии деринтизор аст, ки сарватманду камбизоат, ҷавону пир, эътиқодманду беэътиқодро муттаҳид месозад. Ин ҳамон меҳнати пуршараф аст, ки дар он халқ беҳбудӣ ва амалӣ шудани орзуҳои наҷиби худро мебинад.
Саттор Турсун: Дуруст гуфтед, ки НБО «Роғун» сохтмони умумихалқист. Ин ҷо, ки аз хариди саҳмия ёдоварӣ шудед, ман худ низ саҳмия гирифтаам. Ман худ шоҳид будам, ки баъзе рафиқон ва шиносони ман, алалхусус як нафаре аз онҳо ба тамоми сарвате, ки дошт, саҳмия харид. Ин кас Зуҳриддин Юсуфиён, профессор ва олими химия буд. Имрӯз ҳазорҳо нафар бачаҳои тоҷик дар ин неругоҳи бузург кор мекунанд. Дар неругоҳ ҷавононе ҳастанд, ки донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Россияро хатм карда, кор мекунанд ва аз ин ифтихор доранд. Ғайр аз ин таҷрибаи онҳо низ барои Неругоҳи барқи обии «Роғун» бисёр зарур аст.
Ёд дорам, вақте ки Пешвои миллат бо булдозер пеши маҷрои дарёро бастанд, баъди 2 соат маҷлисе барпо шуд ва дар он мутахассисони аврупоӣ низ аз Италияву Франсия иштирок доштанд. Аз рафти суханрониашон як сухан дар ёди ман сахт нақш бастааст: «Мо бо даст дарёро бастем, як баҳри бузурге ин ҷо пайдо ва оби соф мешавад ва мо ба ҳамсояҳои азизамон оби соф медиҳем».
Вақте ки инсон дар як сохтмони бузург кор мекунад, ӯ рӯҳ мегирад ва ҳисси миллиаш боло меравад. Кормандони НБО «Роғун» дар сохтмоне кор мекунанд, ки оламро мунаввар мекунад ва ба хонаи мардум нуру зиё мебахшад. Албатта, инҳо сулола мешаванд ва насл ба насл ин касбро идома медиҳанд. Ин чизро ман дар Ширкати алюминийи тоҷик дидам. Чунки дар корхонаи азим кор кардан ифтихори бузург аст. Дар замони Шӯравӣ, дар замонҳои душвор шабу рӯз мардум каналҳо кушода, заводу фабрикаҳо месохтанд. Дар Тоҷикистони мо низ кушодани Мирзочӯл, канали Ҳисор ва роҳи Бадахшон аз сохтмонҳое мебошанд, ки мардуми зиёд дар онҳо кор кардаанд.
АМИТ «Ховар»: Таърихи даврони истиқлол гувоҳ аст, ки бузургтарин иншооти аср- лоиҳаи азими гидроэнергетикии мамлакат-НБО «Роғун» маҳз бо ташаббусҳои созанда ва тадбирҳои саривақтиву воқеъбинонаи Пешвои миллат дубора эҳё гардида, самараҳои аввалини он ба бор меоянд. Устод, Шумо бо Пешвои миллатамон якчанд муддат якҷо кор кардед, мехостам назари Шуморо ба нақши Президент Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдории миллии тоҷикон бифаҳмам.
Саттор Турсун: Дар давраи Шӯравӣ чанд камбудӣ буд, ки ин чизҳо низ оқибат ба барҳам хӯрдани як давлати абарқудрат сабаб шуданд. Масалан, нақши шахсиятро чандон қабул надоштанд ва мегуфтанд, ки ҳама баробаранд. Вале ҳама баробар нест, як нафар метавонад, ки пешоҳанг бошад, як кас метавонад, ки халқу миллатро ба як ҷониб сафарбар ва давлатро бисёр шоиста идора кунад. Аз ин рӯ яке аз дарёфтҳои инсоният интихоб кардани шахс ба вазифаи олӣ ҳамчун сарвари давлат аст. Ин низ бозёфт аст, мардум интихоб мекунад, ки кӣ шоиста аст. Лекин мо рӯзҳои дигарро аз сар гузаронидем. Ҳамин ки мо ба истиқлолият расидем, чашми тамаъгарон ба сӯи мо боз шуд ва хостанд моро ноором кунанд. Ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидем.
Тавре ки Пешвои миллат гуфта буданд: «Вақте ки Ҳукумати конститутсионии Тоҷикистон барқарор шуд ва ман ба Душанбе ворид шудам, дар Бонки миллии мамлакат ягон тин набуд». Тасаввур кунед, ки давлатро аз ин ҳолат берун овардан хизмати кам аст? Хидмати Пешвои миллати мо Эмомалӣ Раҳмон дар шиносонидани давлати тоҷикон дар миқёси ҷаҳон, таҳкими истиқлолият, барқарор гардидани сулҳу салоҳ дар мамлакат ва пеш рафтани иқтисоди кишвар ниҳоят бузург аст.
Се чиз ба мо бисёр муҳим аст: муҳаббат ба давлат ва миллати худ, эҳтиром ба Конститутсия ва азиз доштани Сарвари олии кишвар. Агар мо ин се чизро ҳамеша ба назар гирем, ояндаи давлати мо пайваста дурахшон аст. Ҷанге, ки ба сари миллати тоҷик омад, ба Тоҷикистон зарари зиёд расонид. Вале мо тавонистем дубора давлати миллӣ бунёд намоем ва худамонро ба ҷаҳониён ҳамчун миллати дорои таърихи бою ғанӣ шинос кунем. Ин ҷо ҳатман бегуфтугӯ таъсири шахсияти Президенти ҷумҳурӣ буд. Саҳми ин шахсият буд, ки мо минбаъд Неругоҳи бузурги «Роғун» дорем мегӯем. Ин неругоҳ танҳо обрӯю эътибори мо набуда, обрӯю эътибори тамоми минтақаи Афғонистон, Осиёи Марказӣ ва Покистон мебошад. Мо метавонем ба ин кишварҳо барқ диҳем. Мо тавонистем аввал неругоҳҳои хурд- хурд сохта, ба ҳалқаи ягона табдил дода, қувваи барқро зиёд кунем. Ҷаҳонишавӣ аз абарқудратҳо омад, агар мо фарҳанг, забон ва таърихи худамонро нигоҳ дошта натавонем ва онро боз ҳам ривоҷ надиҳем, дар дохили ҷаҳонишавӣ нест мешавем ва бисёр анъанаҳои хуби миллиамонро аз даст медиҳем. Вобаста ба ин низ Пешвои миллат кӯшиш карданд, ки имрӯз ба ҳунарҳои миллӣ аҳамият диҳем ва симои миллии худро аз даст надиҳем.
АМИТ «Ховар»: Дар марҳилаҳои сохтмони неругоҳ Сарвари давлат чандин маротиба ба шаҳри Роғун сафари корӣ анҷом дода, аз ҷараёни сохтмон дидан карда, бо сохтмончиён суҳбатҳои самимӣ доир намуданд. Ҳар сафари Пешвои миллат ба сохтмони ин неругоҳи пуриқтидор такони ҷиддӣ мебахшад. Хусусан 29 октябри соли 2016 барои мардуми тоҷик санаи таърихӣ ва фаромӯшнашаванда гардид. Мову Шумо бо чашми сар дидем, ки дар ин рӯз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсан савори булдозер аз соати 10-и субҳ то 11:30 – расо якуним соат дар манзури ҷомеаи ҷаҳонӣ бо пеш кардани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро баста, ба бунёди сарбанди «НБО Роғун» ҳусни оғоз бахшиданд. Ин ҳама лаҳзаҳо ва манзараҳои пурифтихорро бо сухан баён кардан бисёр мушкил аст…
Саттор Турсун: Бале, дуруст мегӯед, ин ҳамаро бо чашми сар дидан ва дар тинати хеш эҳсос кардан лозим буд. 29 октябри соли 2016 Пешвои миллат сари чанбараки булдозер нишаста, барои бастани маҷрои дарёи Вахш шурӯъ карданд. Он вақт мо худ дар он ҷо ҳузур доштем ва аз ин ифтихор низ мекардем. Вақте ки телевизиони Москва махсус ин чизро намоиш дод, ман хеле шод шуда, ашки шодӣ рехтам. Ман худ 26-27 сол қабл аз ин шоҳид будам, ки Президенти мо дар ҳамон давраҳои мушкили ҷанги шаҳрвандӣ нотарсона, ҳатто бе ҳимоягарон дар байни мардум мегаштанд. Бо ин роҳ ба сулҳу салоҳ расидем.
Чизе, ки ман аз рӯзҳои аввал дар Пешвои миллатамон эҳсос кардам, ин далериву ҷасорат ва эътимоди комил ба ояндаи неки Ватан аст. Дар ботини ин шахсият як қудрати бузург будааст ва он кас ба он эътимод доштанд, ки минбаъд Ватани ин миллат обод ва ин давлат ҳамчун кишвари обод, дорои манзараҳои зебо ва илму адабиёти қадим дар сатҳи ҷаҳон ва ҷомеаи байналмилалӣ шинохта хоҳад шуд. Ин чиз бисёр муҳим аст. Инчунин сахт дӯст доштани забони ноби модарӣ, суруду мусиқии асили тоҷикӣ ва пос доштани анъанаҳои миллии қадимӣ аз рӯзҳои аввал дар ботин, дар гуфтору амали Президенти мо эҳсос мешуд.
Вақте ки Сарвари давлат ба сари ҳокимият омаданд, бисёр рафиқони ман суол мекарданд, ки ин ҳукумат чӣ қадар давом мекарда бошад?
Ман ҳеҷ гоҳ ин чизро фаромӯш намекунам. Гоҳо вақте ки Президентро мебинам, даст ба рӯи миз мемонанд, ман чанд бор ба нохунҳои дасти он кас эътибор додаам. Мебинам, ки нохуни ин мард сурхтоб аст. Ба мисле, ки гӯё каме ранг карда бошанд. Яке аз воситаҳои солимии тан- ин хун аст. Яъне, инҳо одамоне мебошанд, ки ботинашон боқувват, мустаҳкам ва назаркарда ҳастанд…
Ман ҳамчун як нафар шаҳрванд аз Президенти худ миннатдор ҳастам. Ман як муддат ҳамроҳи Сарвари давлат кор кардам ва эҳсос кардам, ки агар ба кори давлат машғул шавам, кори эҷодӣ мемонад. Президент ба ман меҳрубон буданд. Дар сафарҳои зиёде ҳамроҳ будем. То имрӯз аз дасти мубораки Пешвои миллат 6 мукофоти шоистаи давлатӣ гирифтаам, ки ин мояи ифтихори ман аст. Боиси ифтихору сарфарозии мо, аҳли зиёи мамлакат аст, ки чунин Сарвари соҳибдавлату оқил дорем.
Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон- ин фарзанди бананги модари тоҷик воқеан ҳам наҷотбахши миллати хеш гардидаанд ва номашон, кору пайкорашон бо ҳарфҳои заррин дар саҳифаҳои таърих сабт меёбад.
Сайрам БАҚОЗОДА,
АМИТ «Ховар»