Даҳаи аввали ноябр ҳам паси сар шуд, вале дар пахтазори ҷумҳурӣ ҳосили ҷамъоваринашуда зиёд боқӣ мондааст. Чаро?

Ноябрь 10, 2018 10:45

ДУШАНБЕ, 10.11.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯзҳо дар пахтазори ҷумҳурӣ ҷамъоварии ҳосили пахта бомаром идома дошта, кишоварзони мамлакат баҳри беталаф ҷамъоварӣ намудани «тиллои сафед» аз тамоми воситаю имкониятҳо сари вақт ва самаранок истифода менамоянд.

Тавре зимни суҳбат мудири шуъбаи селексияи пахтаи Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон   Тӯра Яҳёев ба хабарнигори АМИТ «Ховар»  иброз дошт, ҳоло дар ҷумҳурӣ чиниши пахта идома дошта, ҳосили ҷамъоваришуда ба 62,5 фоизи нақша  баробар аст. Айни замон ҳосил дар майдонҳо зиёд буда, боришоти ҳафтаи гузашта ба сифати пахта таъсири манфӣ расонид. Вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, кишоварзон кӯшиш доранд, ки ҳар як кӯраки шукуфтаро сари вақт ҷамъоварӣ намуда, ба хирмани давлат супоранд.

Ба саволи хабарнигори АМИТ  «Ховар» дар мавриди он ки чаро бо гарм омадани тобистони имсола ҳосили интизории пахта рӯёнида нашуд, Тӯра Яҳёев чунин посух дод: «Ҳарчанд, ки имсол майдони пахта 10 ҳазор гектар зиёд карда шуд, бо  сабаби сербориш омадани баҳор ҳосилнокии пахта нисбат ба соли 2017 камтар гардид. Сабаби дигари кам гардидани ҳосилнокӣ- ин  дертар дастрас кардани озуқа буд, зеро дар бисёр ноҳияҳо хоҷагиҳо озуқаро дертар дастрас карданд. Аз ин рӯ пахта дер пухта расид ва маъракаи чиниш низ дертар оғоз  шуд».

Ба гуфтаи номбурда, ҳоло дар аксар ноҳияҳое, ки  майдони пахта то 10 ҳазор гектарро ташкил медиҳад, ҳосили зиёд боқӣ мондааст. Хоҷагиҳои деҳқонии хурде, ки аз 2-3 гектар иборат ҳастанд, нақшаро то 35-40 сентнерӣ иҷро кардаанд. Хоҷагиҳои калон  бо сабаби зиёд будани майдон пахтаро сари вақт ҷамъоварӣ карда натавонистанд.

Ба иловаи Тӯра Яҳёев, дар баробари сербориш омадани баҳор тирамоҳ низ  сербориш шуд. Хусусан боришоте, ки даҳаи аввали моҳи октябр ба амал омад, зарари худро бештар ба пахтаи водии Ҳисор  ва қисман вилояти Суғд расонид.   Вақте ки хунукӣ ба баргу пояи пахта таъсир мерасонад, он вақт тараққиёти пахта суст мешавад.

«Дар пешбурди пахтакорӣ саҳми олимони соҳаи кишоварзӣ зиёд буда, имрӯзҳо  деҳқонони ноҳияҳои дурдаст тавассути телефон занг зада, оид ба пахта фикру маслиҳатҳои мутахассисонро пурсон шуда, тибқи он кор мебаранд»,-мегӯяд ҳамсуҳбати мо.

Бояд гуфт, ки  кишоварзон дар баҳор ва тирамоҳи сербориш бояд навъҳои тезраси пахтаро кишт кунанд, ки  он тез  пухта, ба чиниш омода шавад.  Хубии навъҳои тезрас боз дар он аст, ки қариб  70-80 фоизи пахтаро кишоварзон бо навъи якум чида мегиранд ва  замин низ аз пахта озод шуда, ба шудгор омода мегардад.

Аз ин рӯ  ба деҳқонони водии Ҳисор, қисман ноҳияҳои Восеъ, Кӯлоб ва ноҳияҳое, ки сербориш ҳастанд, тавсия дода мешавад, ки бештар навъҳои тезрас кишт кунанд.  Инчунин  зарур аст, ки ба навъи тухмиҳо аҳамияти зиёд диҳанд, зеро дар ҳолати босифат будани тухмӣ ҳосилнокӣ низ зиёд мешавад»,- иброз дошт мудири шуъбаи селексияи пахтаи Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бино ба гуфтаи мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, ҳоло  дар хоҷагиҳо ҳосили ҷамъоваринашуда зиёд мебошад. Дар моҳи ноябр, дар баъзе ноҳияҳои ҷануби мамлакат  ҳатто то 10 декабри соли равон имконияти чидани пахта мавҷуд аст. Аз ин рӯ ба деҳқонон  тавсия дода мешавад, ки аз рӯзҳои офтобӣ самаранок истифода карда, пахтаҳои боқимондаро сари вақт ҷамъоварӣ намоянд.

Ноябрь 10, 2018 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид
«МегаФон Life»: осонтар, зудтар ва муносибтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Беш аз 50 хонаводаи маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
Лоиҳаи Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳо дар самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ– 2050» муаррифӣ шуд
Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 август, сешанбе, 224-умин рӯзи соли 2025 аст