Дар Душанбе нахустин Форуми илмии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ оид ба сайёҳӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 05.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. 9-10 ноябри соли 2018 бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ҳамбастагӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ нахустин Форуми илмии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ таҳти унвони «Тоҷикистон дар фазои сайёҳии ҷаҳонӣ аз нигоҳи донишҷӯёни риштаи сайёҳӣ» баргузор мегардад.
Тавре аз Кумитаи рушди сайёҳӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар кори форум намояндагон ва донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳо ва коллеҷу литсейҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок менамоянд.
Дар доираи форум як қатор озмунҳо, аз ҷумла намоиши беҳтарини сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, акси беҳтарин, нақшаи беҳтарини тиҷоратӣ, мақолаи беҳтарин ва беҳтарин рӯнамоӣ ҷамъбаст гардида, ҳамзамон барои меҳмонони аз минтақаҳо омада саёҳати шоми Душанбе ташкил карда мешавад.
Баъд аз ҷаласаи пленарӣ кори Форум дар ду бахш – «Нақши саноати соҳаи сайёҳӣ дар рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Раванди омодакунии мутахассисони соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон: ҳолат ва дурнамо» идома меёбад.
Инчунин 10 ноябр устодон ва донишҷӯёни аз минтақаҳо омада дар Фестивали «Оши палав», ки дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, иштирок менамоянд.
Мақсад аз гузаронидани Форум мусоидат намудан ба такмили қобилияти таҳлилӣ ва таҳқиқии ҷавонони муҳассил дар самти сайёҳӣ ва арзёбии андешаҳои ҷавонони донишҷӯ перомуни рушди соҳаи сайёҳӣ дар кишвар мебошад.








РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад






