Дар ноҳияи Ашт мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини тарзи озод баргузор гардид

Ноябрь 23, 2018 09:25

ДУШАНБЕ, 23.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини тарзи озод миёни наврасони соли таваллудашон 2003-2006 ва 2007-2008 баргузор гардид.

Тавре аз  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, мақсад аз баргузории мусобиқа тарғибу ташвиқи гӯштини тарзи озод байни наврасон, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ байни варзишгарон, баланд бардоштани маҳорати касбии варзишгарон ва муайян намудани дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Бояд зикр кард, ки  дар мусобиқаи мазкур  130 нафар варзишгар — ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ, минтақавӣ барои мақомҳои ифтихорӣ байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.
Ғолибони мусобиқа бо медал ва дипломи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ сарфароз гардиданд.

Ноябрь 23, 2018 09:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад