Дар шаҳри Дубай масоили ҳамкории Тоҷикистон ва «Интерпол» баррасӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 19.11.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи баргузории ҷаласаи 87-уми Ассамблеяи генералии «Интерпол», ки дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб ҷараён дорад, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо Котиби генералии ин созмони байналмилалӣ Юрген Шток мулоқот анҷом дод.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар мулоқот ба масъалаи дастгир намудани ҷинояткороне, ки дар ҷустуҷӯ қарор доранд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
«Ҷонибҳо масъалаи мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, дигар хатарҳои замони муосир ва кумаки ин созмони ҷаҳонӣ ба Бюрои миллӣ — марказии «Интерпол» -и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор доданд»,-хабар дод манбаъ.
Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии мамлакат, Рамазон Раҳимзода дар ин рӯз бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ахтар Муҳаммад Иброҳимӣ низ мулоқот анҷом дод.
Ҷонибҳо оид ба таҳким бахшидани ҳамкорӣ дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ ва дигар зуҳуроти номатлуб суҳбат ва ҷиҳати таъмини амният дар ин мамлакат таклифҳои судманд пешниҳод намуданд.
Мавриди зикр аст, ки дар айни замон Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб дар ҷаласаи 87-уми Ассамблеяи генералии «Интерпол», ки то 21 ноябри соли равон идома меёбад, иштирок дорад.








Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ беш аз 54 фоиз иҷро гардид






