Дар Токио ҷаласаи масъулони аршади Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Япония» баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 28.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. 26-27 ноябри соли 2018 дар шаҳри Токио 13-умин ҷаласаи масъулони аршади кишварҳои узви Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Япония» баргузор гардид. Дар кори он ҳайати Тоҷикистон ба сифати кишвари ҳамраис таҳти роҳбарии муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ иштирок намуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Иштирокчиёни ҷаласа масълаҳои мубрами рушди ҳамкории миёни кишварҳои узви Муколама дар бахшҳои сайёҳӣ, нақлиёт ва логистика, кишоварзӣ, савдо ва сармоягузорӣ, амният ва рушди ҳамкории минтақавиро муҳокима намуданд.
Зимни нишасти мазкур роҳбарони ҳайатҳо ҳамчунин масъалаҳои марбут ба омодагӣ ба Ҷаласаи ҳафтуми дарпешистодаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Муколама, ки дар назар аст дар шаҳри Душанбе баргузор гардад, инчунин иқдомҳои минбаъда барои пешрафти Муколамаро баррасӣ намуданд.
Дар ҳошияи ҷаласаи мазкур вохӯрии роҳбари ҳайати Тоҷикистон бо муовини Вазири парлумонии корҳои хориҷии Япония Кенҷи Ямада низ баргузор гардид, ки зимни он масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва минтақавӣ баррасӣ шуданд.








Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд






