ФУТЗАЛ: дастаҳои мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ва Афғонистон бозиҳои дӯстона мегузаронанд

Ноябрь 27, 2018 09:35

ДУШАНБЕ, 27.11.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Шоми дирӯз дар Маҷмааи варзишии «Қасри варзиш»-и шаҳри Хуҷанд байни  дастаҳои мунтахаби ҷавонони футзали Тоҷикистон ва Афғонистон бозии дӯстона баргузор шуд.

Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд,  дар ин бозии ҷолиб  футзалбозони тоҷик аз дастаи мунтахаби  Афғонистон бо ҳисоби  1:3 мағлуб шуданд. Ягона голи дастаи мунтахаби Тоҷикистонро Рабиҷон Рабиев ба нишон  расонид.

Ёдовар мешавем, ки шоми  имрӯз  дастаи  мунтахаби Тоҷикистон ва  дастаи  мунтахаби  Афғонистон бозии дуюми дӯстона баргузор мекунанд. Дидори мазкур соати 18:00 дар назар аст. Хотиррасон мекунем, ки ин бозиҳои дӯстона як марҳилаи омодагӣ ба Чемпионати Осиё-2019 мебошанд.

 

Ноябрь 27, 2018 09:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Лигаи футболи занонаи Тоҷикистон бо иштирокчиёни мусобиқаҳо ҷаласаи васеъ доир намуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) панҷ бозии санҷишӣ анҷом дод
Рақибони дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 муайян шуданд
Бозиҳои даври сеюми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ 28-29 март доир мешаванд
ФУТБОЛ. Ҳайати ҳакамон аз Узбекистон бозии дӯстонаи дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Беларусро доварӣ менамояд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозиҳо ба муқобили дастаҳои мунтахаби Беларус ва Тимори Шарқӣ оғоз намуд
ФУТБОЛ. Тоҷикистон мизбони марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни дастаҳои мунтахаби занон интихоб шуд
«ҶОМИ РУШД-2025. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаҳои Русия, Эрон ва Қазоқистон бозӣ мекунад
Довари тоҷик бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2025 оид ба футзал байни занонро ҳакамӣ дорад
Дар Душанбе даврҳои мураббигии футбол барои дарёфти сертификати «С» ба анҷом расиданд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон бо тими Арабистони Саудӣ бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Довари тоҷик Исмоил Нуралиев дар Ҷоми Осиё-2025 байни ҷавонон (U-20) кор мекунад