ИМРӮЗ САЙЁҲОН БАРОИ АЗ НАЗДИК ДИДАНИ ПАРЧАМИ БАЛАНДТАРИН БА ТОҶИКИСТОН МЕОЯНД. Ба Рӯзи Парчами давлатӣ бахшида мешавад

Ноябрь 23, 2018 16:00

ДУШАНБЕ, 23.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Парчамдориву парчамбардорӣ ба халқи мо аз аҷдодонамон  мерос монда, пайдоиши он таърихи хеле қадимро соҳиб аст. Агар ба рамзҳо бо назари таҳқиқ ва таҳлил нигарем, ҳар як рамз то андозае равшангари таърих, сарнавишту саргузашти қавмҳо, халқиятҳо, миллату давлат, инъикосгари фарҳангу тамаддун ва орзуву ормонҳои мардум мебошанд.

Тавре зимни суҳбат муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ризо Назарзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, барои мардуми сарбаланди тоҷик, ки баъд аз 1100 соли таърих соҳиби давлати мустақили худ гашт, муқаддасоти миллӣ, хусусан парчами давлатӣ, ки ифодагари истиқлолият, озодӣ ва мустақилият аст, бисёр муқаддас  ва арзишманд мебошад. Имрӯз мо мебинем ва шоҳиди он мегардем, ки дар хонадони ҳар як фарди тоҷик парчами давлатӣ ҳамчун рамзи муқаддасоти миллӣ эҳтиром ва нигоҳдорӣ мешавад. Ин  эҳтиром ва арҷгузории мардуми шарифи тоҷик ба ҳамон се рангест, ки озодӣ, ободӣ, саҳмгузорӣ ва шукргузорӣ аз соҳибватану соҳибдавлат  буданро   ифода мекунанд.

«Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, ки ҳамчун мақомоти идеологӣ татбиқкунандаи сиёсати давлатии кор бо ҷавонон ва варзиш маҳсуб меёбад, пайваста ба хотири амалӣ намудани сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ, махсусан муаррифӣ ва арҷгузории муқаддасоти давлатӣ ҳам дар дохил ва ҳам хориҷ аз кишвар тадбирҳои зарурӣ ва саривақтӣ меандешад.  Имрӯз дар тамоми толорҳо, майдончаҳои варзишӣ ва иншооти варзишӣ Парчами давлатии Тоҷикистон барафрохта шудааст. Ҳар як варзишгар дар вақти тамрини худ пайваста масулияти бузург эҳсос мекунад  ва талош менамояд, ки  берун аз ҷумҳурӣ ба ифтихори ғалабаи ӯ Парчами давлатии Тоҷикистон барафрохта шавад»,- гуфт Ризо Назарзода.

Ба иловаи номбурда, маҳз сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон имкон дод, ки орзуи чандинасраи насли наврасу ҷавони Тоҷикистон ҷомаи амал пӯшад. Ҳоло бо шарофати Сарвари давлат ва сиёсати дурандешонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  орзуи насли ҷавони ин миллат  амалӣ мешавад. Ҷавонон  ва варзишгаронамон  имрӯзҳо шарафу номуси миллатро  берун аз ҷумҳурӣ дар баробари давлатҳои абарқудрати дунё муаррифӣ мекунанд ва ин  бозгӯи он аст, ки муқаддасоти давлатӣ ва эҳтироми ҳар фард нисбат ба ватану миллаташ  зиёд мебошад.

Вақте варзишгарони мо берун аз ватан дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ баромад мекунанду ғолибият ба даст меоранд, ба ифтихорашон суруди миллӣ садо дода, парчами давлатӣ барафрохта мешавад. Ҳангоми  тамошо тариқи оинаи нилгун  ифтихор ва ғурури  милливу худшиносӣ боло мегирад ва ҳатто ашк аз дидагон ҷорӣ мешавад, ки мо имрӯз   давлату миллат ва муқаддасоти худро дорем ва ба ифтихори варзишгарони мо Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ҷаҳонӣ барафрохта мешавад. Мояи фахри варзишгарони тоҷик аст, ки  имрӯз берун аз кишвар танҳо ба ифтихори ду шахсият парчами давлатӣ барафрохта мешавад, яке- роҳбарони давлатҳо ва  дигар-варзишгароне, ки давлату миллатро муаррифӣ мекунанд.

Бояд гуфт, ки 24 ноябри соли 1992 Иҷлосияи ХVI тақдирсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоб Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул кард ва бо ҳамин дар таърихи парчамдории тоҷикон саҳифаи нав оғоз шуд. Аз ҳамон  вақт инҷониб Парчами давлатии мо дар радифи Конститутсия, Суруди миллӣ, Нишони давлатӣ аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти асосии давлатӣ маҳсуб мешавад. Соли  2011 дар остонаи ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон- шаҳри Душанбе  баландтарин парчам дар ҷаҳон, ки баландии  сутунаш  165 метрро ташкил медиҳад, барафрохта шуд. Дар маросими ботантанаи  барафрохтани баландтарин парчам дар ҷаҳон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сухан карда, Парчами давлатиро «ифодагари истиқлол, нангу номус, ватандӯстию ҳувияти миллии  тоҷикон» унвон намуда буданд.

Боиси сарфарозии мардуми тоҷик аст, ки имрӯз  сайёҳони зиёд ба хотири аз наздик дидани парчами баландтарин ба Тоҷикистон меоянд. Онҳо аз шаҳомату зебоии парчами мо ба ваҷд омада, дар назди он ба нишони ёдоварӣ акс мегиранд ва онро ба дӯстону пайвандонашон мефиристанд. Ин дар навбати худ дар дили дигар дӯстонашон низ ҳаваси дидани мамлакати зебоманзари моро бо парчами сарафрозаш бедор месозад.

«Ҳоло ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш силсилатадбирҳо, аз ҷумла суҳбату мулоқотро оид ба таърихи парчам, корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули хона ба хона, ҳамсол ба ҳамсол ва тақсими парчами давлатиро роҳандозӣ намудааст. Тайи чанд рӯз дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми мамлакат дар тамоми муассисаҳои таълимӣ пеш аз оғози дарс 15 дақиқа дарси «Субҳи ватан» баргузор мегардад ва дар  он доир ба моҳият ва муқаддасоти давлатӣ, таърихи миллати тоҷик сухан гуфта мешавад. Тавре   Сарвари давлат дар маросими барафрохтани баландтарин парчам дар ҷаҳон  таъкид карданд, «сокинони Тоҷикистон зери Парчами давлатӣ сарҷамъу муттаҳид гардида, баҳри ободию шукуфоии сарзамини Тоҷикистон саъю талош менамоянд»», — иброз дошт муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ризо Назарзода.

Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ «Ховар»

Ноябрь 23, 2018 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Ба гиромидошти Рӯзи Мавлоно дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ доир шуд
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамкориро бо Донишгоҳи давлатии Кутаиси тақвият медиҳад
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Шурои нави диссертатсионӣ муаррифӣ карда шуд
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Сокинону меҳмонони пойтахт тавассути хатсайри «City Tour» зебоиҳои Душанберо тамошо намуданд
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Воридшавии сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон дар ҳашт моҳ 34% афзоиш ёфтааст
«САЙРИ ДУШАНБЕ». Ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ дар пойтахт хатсайри ройгон ташкил карда мешавад
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад