Кумитаи рушди сайёҳӣ: «Чаканро мероси фарҳангӣ эътироф намудани ЮНЕСКО аз талошҳои Пешвои миллат баҳри эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва эълон намудани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ сарчашма мегирад»

Ноябрь 30, 2018 16:18

ДУШАНБЕ, 30.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардид ба феҳристи мероси ғайримодии фаҳангӣ ворид гардидани «Чакан»-ро эътирофу эҳтироми ҷомеаи ҷаҳонӣ ба тамаддуну фарҳанги бойи халқи тоҷик мешуморад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар»  дар Кумитаи рушди сайёҳӣ изҳори назар намуда, чунин афзуданд:

Дар партави сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат, аз оғози Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, баҳри рушди соҳаи ҳунармандӣ ва дастгирии ҳунармандон, паст кардани арзиши аслии маҳсулоти ҳунармандӣ ва ба бозорҳои ҷаҳонӣ баровардани онҳо тамоми кушишу захираҳо истифода гардида истодаанд.

Аз ҷумла дар бинои Галереяи санъати муосири Тоҷикистон, воқеъ дар Маркази савдои «Душанбе мол» Намоишгоҳи сайёҳӣ ва маҳсулоти армуғонии ҳунармандон таҳти унвони «Тоҷикистон – ҷаҳони саёҳат» баргузор гардид. Намоишгоҳи сайёҳӣ ва маҳсулоти савғотии ҳунармандон як моҳ идома ёфта, фуруши васеи ҳунарҳои дастӣ ташкил карда шуд.

Бо мақсади муаррифии фарҳанги миллӣ ва маҳсулоти ҳунарҳои дастӣ, намоишгоҳҳои «Рӯзи заргарон», «Рузи оҳангарон», «Рӯзи чакандузон» пешкаши сокинони пойтахт ва сайёҳони хориҷӣ карда шуд.

Чакан ҳамчун либоси милли тоҷикӣ мақбули сайёҳони хориҷӣ буда, дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ, аз қабили ITB-Берлин, «Интурмаркет», «MITT» Федератсияи Россия, «Топ Реса»-и Фаронса, Форум ва Намоишгоҳи «Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон» дар шаҳри Сеули Корея, Алмаатои Қазоқистон, Куала-Лумпури Малайзия, Салоники Юнон, Токиои Ҷопон, Тошканди Узбекистон, Риёз ва Ҷиддаи Арабистони Саудӣ, Дохаи Давлати Қатар, Лос-Анҷелеси Амрико дар қатори дигар захираҳои сайёҳӣ ва таъриху фарҳанги миллӣ ба маърази тамошои дӯстдорони саёҳати Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд.

Дар чорабиниҳои миллӣ, аз ҷумла Форум ва намоишгоҳҳои байналмилалӣ дар шаҳрҳои Исфара ва Норак, Фестивали сайёҳии «Наврӯз — мероси фарҳангии сайёҳӣ», Фестивали «Ҷилваи Чакан», Фестивали байналмилалии сайёҳии «Рангоранг», Фестивали байналмилалии сайёҳии таомҳо ва пуфакҳои ҳавоии «Пур Нур» дар шаҳри Душанбе чакан ба ҳазорон нафар сайёҳони дохиливу хориҷӣ писанд омад.

Ҳадаф аз баргузории чорабиниҳо муаррифии ҳунарҳои мардумӣ, дарёфти армуғони арзанда барои меҳмонону сайёҳон, ҷалби таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷӣ ба кишвар, баровардани маҳсулоти чакан ба бозорҳои ҷаҳонӣ ва дастгирии ҳунармандон, инчунин ҳамкорӣ ва мубодилаи таҷриба намудани ҳунармандон бо ҳунараӯмандони дигар давлатҳо, баланд бардоштани таҷрибаи ҳунармандон оид ба тарзи дуруст пешниҳод намудани маҳсулоти худ дар намоишгоҳҳо мебошад.

Яке аз масъалаҳои муҳими рушди ҳунармандӣ ва дастгирии он, фароҳам овардани заминаи меъёрии ҳуқуқии соҳа ба шумор меравад.

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати мустаҳкам намудани пояҳои ҳуқуқии соҳаи сайёҳӣ ва ҳунармандӣ дар кишвар, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунармандӣ» таҳия карда шуд.

Мақсад аз таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунармандӣ» эҳё, ҳифз ва рушди мероси фарҳангӣ, анъанаҳои таърихӣ ва бостонии санъати ҳунармандӣ, таммадун ва мероси миллӣ, қонеъ гардонидани талабот ба маснуот, маҳсулот, молҳо, корҳо, хизматрасониҳои самти ҳунармандӣ, фароҳам овардани заминаи мусоид барои рушди ҳунармандӣ, ҳамчун соҳаи мустақил ва фарогирандаи ҷанбаҳои фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, рушди шабакаҳои истеҳсолот, баланд бардоштани сатҳи шуғли аҳолӣ ва некуаҳволии мардум, тайёр намудани мутахассисони касбӣ дар соҳаи ҳунармандӣ, ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон ва истеҳсолкунандагон, инчунин маснуот,маҳсулот ва хизматрасонии самти мазкур мебошад.

Бояд зикр намуд, ки миллати тоҷик аз қадимулайём ба ҳунармандӣ машғул буда, ҳунармандон ҳамешаву ҳамаҷо соҳибэҳтиром буданд. Намунаи ҳунарҳои қадимаи миллати тоҷик ба мисоли кулолгарию оҳангарӣ, бофандагию ресандагӣ, чакандӯзию косибӣ ва ғайра зимни ковишҳои бостоншиносӣ пайдо гардидаанд, ки таърихи хеле куҳан доранд.

Бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунармандӣ» барои рушду нумуи фарҳанг, тамаддун ва эҷодиёти пурғановати мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолият дар ин самт ҳамчун омили рушди фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии давлат заминаи мусоид фароҳам оварда мешавад.

Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми мардуми саодатманду сарбаланди тоҷикро ба ин дастовард, ки муаррифгари фарҳангу ҳунари миллӣ ба ҷаҳониён аст, самимона табрику таҳният менамояд.

Ноябрь 30, 2018 16:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Мониторинги радиатсионии дараи Уреҷи кӯҳҳои Фон мавриди таҳлил ва омӯзиш қарор дода шуд
Иқтидори сайёҳию рекреатсионии Тоҷикистон дар доираи таҳқиқи арзишманд муаррифӣ гардид
28 нафар зинаи магистратураи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм намуданд
Дар Душанбе оид ба омодагӣ ба Форуми сармоягузорӣ дар соҳаи сайёҳӣ брифинг доир шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Озмоишгоҳи нави харитасозии радиатсионӣ ифтитоҳ гардид
Маърузаи олими тоҷик доир ба ҳифз ва рушди анъанаҳои миллии фарҳанг ва санъат дар ҷаҳон соҳиби ҷоизаи махсус гардид
Телефони боварии Кумитаи рушди сайёҳӣ мушкили беш аз 30 ҷаҳонгарди хориҷиро бартараф намуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. 34 ҳазору 80 нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ минтақаҳои истироҳатӣ ва мавзеъҳои таърихии ноҳияи Варзобро тамошо намуданд
Ба шаҳри Норак беш аз 39 ҳазор сайёҳи дохилию хориҷӣ ворид гардид
Ҳайати мақомоти зиддикоррупсионии Узбекистон бо таъриху фарҳанги миллати тоҷик шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон, пиряхҳо ва иқлим ба нашр расид
Дар Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нав системаи гармидиҳӣ насб мегардад