«МАВҚЕЪ»: Барномаи таҳлилии Хуршеди Ховар (Ҳамдам) дар Радиои «FM Ховар». Нашри бисту якум
			
					
										1 декабр Рӯзи байналмилалии мубориза бо ВНМО-Вируси норасоии масунияти одам (ВИЧ/СПИД) эътироф шудааст. Аз соли 1996 инҷониб ин сана бо ибтикори Барномаи муштараки СММ оид ба пешгирии ВНМО (ЮНЕЙДС) ҳамасола бошукӯҳ таҷлил мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ин рӯзро ҳамасола дар сатҳи баланд таҷлил мекунад. Дар ин рӯз миллионҳо нафар одамон дар ҷаҳон лентаи сурхро, ки имрӯз яке аз рамзҳои асосӣ ва таскинбахшандаи шахсони бо ВНМО зиндагикунанда мебошад, ба бар мекунанд. Ин рамз инчунин ҳамаро ба он даъват месозад, ки доир ба ВНМО зиёдтар донанд ва пеши роҳи онро гирифта тавонанд. Дар Тоҷикистон баҳри пешгирӣ ва муқовимат бо ВНМО корҳои хеле зиёд ба сомон расонида шудаанд. Аз ҷумла, тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи ВНМО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020» ва нақшаи тадбиқи он қабул гардидааст. Аммо ин беморӣ дар ҳоли ҳозир чӣ гуна аст?
Шореҳи мо Хуршеди ХОВАР (Ҳамдам) дар барномаи нави муаллифӣ ва таҳлилии «Мавқеъ» дар Радиои «Ховар» бо иштироки муовини Директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди Вируси норасоии масунияти одам ВНМО (ВИЧ) Дилшод Саидбурҳонов ва мудири шуъбаи Сарраёсати назорати санитариву эпидемиологии Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифз иҷтимоӣ Сабоҳат Аҳмадбекова кӯшидааст, то ба ин суол посух гӯяд.








						
ҚОНУНИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ  ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН». Шарҳи он дар барномаи «Ватанпарвар»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ОБОДОНИИ МАҲАЛ». Мавзӯи мазкур дар барномаи «Зан ва зиндагӣ»-и Радиои «Ховар» баррасӣ карда мешавад
«АЗ ФУРӮҒ ТО ФУРӮҒ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» Мадина Каримзода доир ба ғолибияти худ дар озмуни ҷумҳуриявӣ маълумот медиҳад
«ОБШАВИИ ПИРЯХҲО-МУШКИЛОТИ БУЗУРГИ САЙЁРА». Баррасии мавзӯъ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ЗИНДАГӢ». Дар ин  барномаи Радиои «Ховар»  мавзўи  нақши бонувон дар  рушди илмҳои дақиқ  шарҳ дода мешавад
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Раванди омодагӣ ба он дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мегардад
									
									
									
									
									





