«МАВҚЕЪ»: Барномаи таҳлилии Хуршеди Ховар (Ҳамдам) дар Радиои «FM Ховар». Нашри бистум
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар пойтахт ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2019-2021 тасдиқ гардид. То таҷлили ин ҷашни таърихӣ дар шаҳри Душанбе зиёда аз 3500 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода мешаванд.
Шореҳи мо Хуршеди ХОВАР (Ҳамдам) дар барномаи нави муаллифӣ ва таҳлилии «Мавқеъ» дар Радиои «Ховар» ин мавзӯъро бо намояндаи Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе Тоҷиддин Шарипов ва сардори Раёсати макроиқтисодии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ Ғафур Расулов ба баррасӣ гирифтааст.