«МАВҚЕЪ»: Барномаи таҳлилии Хуршеди Ховар (Ҳамдам) дар Радиои «FM Ховар». Нашри нуздаҳум

Ноябрь 9, 2018 16:52

09.11.2018с.

16 ноябри ҷорӣ нахустин агрегати Неругоҳи барқӣ – обии «Роғун» мавриди истифода қарор мегирад. Ин рӯйдоди фараҳбахш ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон- 16 ноябр рост меояд. Ин дар ҳолест, ки аз оғози бунёди сарбанди Неругоҳи барқи обии «Роғун» ду сол сипарӣ гардид. Тирамоҳи соли 2016 дар шаҳри Роғун бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷрои дарёи Вахш иваз карда шуда, ба бунёди ин мавзеъи муҳими иншоот оғози расмӣ бахшида шуд. Дар он рӯзи фаромӯшнопазир Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худ савори булдозери вазнин аз соати 10-и субҳ то 11:30, расо якуним соат бо пеш кардани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро иваз карда, обро тариқи нақбҳои бузурги обгузар равона сохта, ба бунёди сарбанди Неругоҳи барқи обии «Роғун», ки барои мардуми Тоҷикистон ҳаёту мамот ҳисоб мешавад, ҳусни оғоз бахшиданд ва  онро «яке аз марҳилаҳои муҳими сохтмони ин иншооти бузург» арзёбӣ намуданд. Ҳоло нахустин чархаи неругоҳ мавриди истифода қарор мегирад.

Шореҳи мо  Хуршеди ХОВАР (Ҳамдам)  дар барномаи нави муаллифӣ ва таҳлилии «Мавқеъ» дар Радиои «Ховар» бо ширкати  Хайрулло Асозода, вакили мардумӣ аз Кумитаи энергетика, сохтмон, нақлиёт ва коммуникатсияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аброр Мирсаидов, муовини директори Пажуҳишгоҳи иқтисодиёти Академияи Илмҳои ҶТ ва Холназар Юнусов, муовини сардори Раёсати энергетикии Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҶТ ин мавзӯъро баррасӣ гирифтааст.

Ноябрь 9, 2018 16:52

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚОНУНИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН». Шарҳи он дар барномаи «Ватанпарвар»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ОБОДОНИИ МАҲАЛ». Мавзӯи мазкур дар барномаи «Зан ва зиндагӣ»-и Радиои «Ховар» баррасӣ карда мешавад
«АЗ ФУРӮҒ ТО ФУРӮҒ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» Мадина Каримзода доир ба ғолибияти худ дар озмуни ҷумҳуриявӣ маълумот медиҳад
«ОБШАВИИ ПИРЯХҲО-МУШКИЛОТИ БУЗУРГИ САЙЁРА». Баррасии мавзӯъ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ОБУ ИҚЛИМ. Баррасии мавзӯъ дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ЗИНДАГӢ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» мавзўи нақши бонувон дар рушди илмҳои дақиқ шарҳ дода мешавад
«СОЛИ 2025-СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО». Дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» зарурати қабули ташаббуси навбатии Тоҷикистон баррасӣ мегардад
«СОЛИ 2025-СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО». Баррасии аҳамияти ташаббуси панҷуми ҷаҳонии Тоҷикистон дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Нақши он дар ҳалли муаммоҳои экологӣ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мешавад
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Барномаи «Сарват» — и Радиои «Ховар» нақши онро дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо баррасӣ менамояд
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Раванди омодагӣ ба он дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мегардад
Барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» масъалаи тағйирёбии иқлимро аз нигоҳи Бюллетени Созмони ҷаҳонии метеорологӣ шарҳ медиҳад