«Нақши оила дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ». Таҳти чунин унвон дар Ваҳдат озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 14.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. «Нақши оила дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва «Беҳтарин ҳусни хат»-таҳти чунин унвонҳо дар шаҳри Ваҳдат бо ташаббуси Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии фарҳангию маърифатӣ доир гардид. Масъулон ҳадаф аз ташкил ва баргузор намудани озмунро, пеш аз ҳама, эҳёи анъанаву ҳунарҳои мардумӣ, дарёфти ҳунармандони моҳиру чирадаст, мусоидат ба инкишофи бонизоми намудҳои гуногуни ҳунарҳои халқӣ дар оилаҳо ва баланд бардоштани фарҳанги ҷомеа арзёбӣ карданд.
Қабл аз оғози озмун маҳсули дасти ҳунармандони шаҳр ба намоиш гузошта шуд. Диққати меҳмонро нону кулчаҳо, хӯрокҳои миллӣ, ҳунарҳои бофандагӣ, чакандӯзӣ, мусаввараҳо ва сабадҳои гули омоданамудаи ҳунармандон ба худ ҷалб кард.
Сипас дар толори фарҳанги шаҳр барномаи фарҳангию маърифатӣ доир гардид. Дар он намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигарон сухан карданд.
Сардори Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи ҶТ Саодатбибӣ Сироҷзода вобаста ба масъалаҳои фарҳанги оиладорӣ, солимӣ ва мустаҳкамии оила сухан гуфт. Зикр шуд, ки баҳри дар амал татбиқ намудани кафолатҳои конститутсионии ба модару кӯдак додаи давлат сол то сол ғамхорӣ нисбат ба онҳо зиёд шуда, мавқеашон дар ҷамъият боз ҳам мустаҳкамтар мегардад. Асоси пойдории оила аз хиради модар, асоси пойдории давлат аз устувории оилаҳо вобаста аст.
Сипас аз ҷониби ҳунармандони шаҳри Ваҳдат дар мавзӯъҳои Истиқлолият, Ваҳдати миллӣ, Ватан, Модар ва Пешвои миллат сурудҳо пешниҳод гардиданд. Инчунин ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳр саҳнаи ҷолиби тарбиявиеро бахшида ба оила ва оиладорӣ ба намоиш гузоштанд.
Дар охир аз тарафи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 20 нафар волидон ва навхонадорон шаҳодатномаи ақди никоҳ, шаҳодатномаи таваллуд ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.
Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии фарҳангию маърифатии «Нақши оила дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо ташаббуси Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози сол инҷониб дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат идома дошта, охири соли равон ҷамъбаст ва ғолибон муайян мегарданд.













РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад






