«ПАЙҒОМУ САЛОМ — АЗ БОМИ ҶАҲОН!». Таҳти чунин унвон дар Бадахшон фестивали минтақавии сайёҳӣ баргузор мегардад

Ноябрь 28, 2018 15:05

ДУШАНБЕ, 28.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз 29 ноябр то 2 декабри соли равон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фестивали минтақавии сайёҳӣ таҳти унвони «Пайғому салом —  аз Боми ҷаҳон!» баргузор мегардад.

Тавре аз Кумитаи рушди сайёҳӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар фестивали минтақавии сайёҳӣ намояндагон аз ҳама минтақаҳои ҷумҳурӣ ҷалб гардида, давоми 4 рӯз аз мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва минтақаҳои сайёҳии ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дидан менамоянд.

Ҳамзамон, дар фестивали мазкур намоиши захираҳои сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ, конфронси миллии сайёҳӣ вобаста ба имкониятҳои рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон, хўрокҳои миллӣ ва анъанаҳои қадимаи мардуми ВМКБ дар назар дошта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки чунин фестивалҳо давоми соли равон дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла таҳти унвонҳои «Марҳамат ба Хатлон», «Марҳабо ба Суғди бостон» ва «Хайрамақдам ба водии Рашт» баргузор гардиданд.

Чорабиниҳои мазкур бо мақсади мусоидат намудан ба рушди устувори сайёҳӣ, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба соҳаи сайёҳӣ ва дар ин замина шиносоии намоядагони касбу кори гуногун ба воситаи сайёҳӣ аз дастовардҳои замони истиқлолият дар минтақаҳои ҷумҳурӣ,  фаъол гардонидани хатсайрҳои сайёҳӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонии соҳа ва рушди сайёҳии дохилӣ роҳандозӣ гардидаанд.

Ноябрь 28, 2018 15:05

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад